Масрур Абдуллозода: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тавсеаи фазои иттилотӣ ва рақамикунонии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад
Суханронии Масрур Абдуллозода, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар мизи гирд таҳти унвони "Дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини дастрасӣ ба иттилоот", ки 2 апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Чорабинии мазкурро Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» баргузор намуд.
- Дар ҷаҳони муосир дастрасӣ ба иттилоот яке аз омилҳои муҳимтарини рушди ҷомеа, таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи афкори ҷомеа ба ҳисоб меравад. Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъалла таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар самти дастрасӣ ба иттилоот ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Яке аз ин дастовардҳо қабули Қонуни ҶТ "Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот" мебошад, ки он тартиби дархост ва пешниҳоди иттилоотро муқаррар намудааст. Илова ба ин, дар Тоҷикистон як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ аз қабили Қонуни ҶТ "Дар бораи воситаҳои ахбори омма", Қонуни ҶТ "Дар бораи иттилоот", Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дигар санадҳо қабул шуданд, ки ба таъмини озодии баён, фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот равона гардидаанд. Инчунин дар консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон дипломатияи иттилоотӣ яке аз самтҳои сиёсати хориҷии кишвар ҳисобида шудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тавсеаи фазои иттилотӣ ва рақамикунонии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад. Дар ҷумҳурӣ инфрасохтори телекомуникатсионӣ рушд ёфта, дастрасӣ ба интренет ва шабакаҳои мобилӣ васеъ гардида, портали ягонаи иттилоотии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, ки дар он маълумот дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ, қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ нашр мешаванд. Ҳамзамон ҷиҳати ҳамкории доимии мақомоти давлатӣ бо ВАО чанд санади муҳим ба тасвиб расидаанд, ки яке аз онҳо Фармони Президенти Президенти Эмомалӣ Раҳмон аз 7-уми феврали соли 2009 №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии васоити ахбори омма» мебошад. Рафти иҷрои ин ва дигар санадҳои дахлдор зери назорат қарор дошта, нишастҳои матбуотӣ мунтазам натиҷагирӣ карда мешаванд. Бояд гуфт, ки нишастҳои матбуотӣ имрӯз ба як механизми муассири муколама миёни давлат ва ҷомеа табдил ёфтаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо намояндагони ВАО-и давлатӣ 20 феврали соли 2019 иброз доштанд, ки дар замони муосир ва раванди босуръату зудтағирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вазъи мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳои олам, намояндагони васоити ахбори оммаро зарур аст барои ба мардум ба таври фаврӣ расондани руйдоду воқеаҳо фаъол бошанд. Бо истифода аз тамоми шароити моддию техникӣ ва неруи зеҳнӣ бо таҳияи барномаҳои ҳадафрас бинанда, хонанда ва шунавандаи худро аз вазъи ҷаҳон огоҳ созанд. Рӯзноманигорони мо масъаллаҳои марбут ба таҳкими амну субот, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ, инчунин эмин нигоҳ доштан аз таъсири берунаро сармашқи кори худ қарор диҳанд ва муҳофизони маънавии миллату сарзамини худ бошанд.
Яъне, намояндагони ВАО дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва равандҳои ҷаҳонишавӣ вазъи мураккаби сиёсии минтақа ва олам беш аз ҳарвақта огоҳ бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, бо донишу тахассусмандӣ мусаллаҳ гарданд, ба забонҳои хориҷӣ навишта тавонанд. Вобаста ба рӯйдодҳои олам саривақт чораандешӣ намоянд во бо дарназардошти манфиатҳои миллии кишвари соҳибистиқлоламон вокуниш нишон диҳанд. Асри 21-ро асри иттилот ном мебаранд, дастрасӣ ба иттилоот бо истифода аз техналогияиҳои нави иттилотию коммуникатсионӣ ба яке аз ҷузъҳои ҷудонопазири ҳаёти башар табдил ёфтааст. Имрӯз ба касе пушида нест, ки ВАО-и электронӣ, махсусан шабакаи ҷаҳонии интернет аз матбуоти чопӣ дида, хонандаву бинандаву шунандаи зиёд доранд. Ин аст, ки солҳои охир пайдарҳам чанд ВАО-и чопӣ -газетаву маҷаллаҳои бонуфӯзи куҳансол дар кишварҳои гуногун аз чопи коғазӣ даст кашида, ба нашри онлайнӣ гузаштанд. Пешрафти рӯзафзуни техналогияҳои иттилотию коммуникатсионӣ ва таҷрибаи ҷаҳони имрӯза аз он далолат мекунанд, ки истифодаи самараноки воситаҳои электронии ахбор на танҳо боиси пурра гардидани фазои иттилотӣ мегардад, балки бо истифода аз онҳо ба таъмини беҳтари амнияти иттилооти кишвар ноил шудан мумкин аст. Барои таъмини иҷрои ин ҳадафу вазифаҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби ҳукумати кишвар барои пур кардани фазои иттилоотӣ шабакаҳои нави давлатии телевизион ва радио таъсис дода шуд. Мақомоти марказӣ ва ҳокимияти маҳалли давлатӣ порталу сомонаҳои интернетӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои худро доранд. Сатҳу сифати хабару гузоришҳо аз фаъолияти онҳо беҳтару бештар шуда истодааст. Ҳамоиши имрӯза низ шаҳодат аз он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз он ҷумла, ВАО робитаҳои ҳамешагӣ дорад. Дар анҷом, ба Вазорати фарҳанг ва дигар дастандаркорон барои баргузории чорабинии имрӯза арзи сипос гуфта, ба кори он барор мехоҳем.
