Ҷойи кор: ба ҳамоҳангсоз ниёз дорем
Эълони ҷойи кор
Ҳамоҳангсози лоиҳаи “Тақвияти зарфияти марказҳои матбуотии ниҳодҳои давлатӣ, расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои дастгирии фазои расонаӣ дар Тоҷикистон аз тариқи гуфтугӯ, беҳбуди маҳоратҳои рақамӣ ва дастрасӣ ба иттилоот”
Ташкилот: ТҶ “Хома”
Макон: Тоҷикистон, Душанбе
ТҶ «Хома» дар заминаи баланд бардоштани сатҳи касбии рӯзноманигорон, густариши дониши ҳуқуқии кормандони ВАО, идоракунии муассири расонаҳо ва рушди журналистика дар Тоҷикистон фаъолият мекунад.
- Ҳадафи умумӣ
- Таъмини ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии ҳамаҷонибаи фаъолиятҳо барои баланд бардоштани иқтидор ва сатҳи касбии марказҳои матбуотии мақомоти давлатӣ, бо мақсади беҳтар намудани шаффофият, дастрасӣ ба иттилоот ва иртиботи муассир бо ҷомеа.
- Вазифаҳои асосӣ
- Таҳияи нақшаи муфассали корӣ ва ҷадвали иҷрои фаъолиятҳо дар доираи лоиҳа.
- Ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми аъзо ва шарикони лоиҳа.
- Назорати иҷрои чорабиниҳои таълимӣ ва таҳлилӣ
- Омода ва пешниҳод намудани ҳисоботҳои даврӣ (ҳафтаина, моҳона, ниҳоӣ) ба роҳбарияти лоиҳа ва донорҳо
- Ҳамкорӣ бо мутахассисон ва машваратчиён барои таҳияи маводи омӯзишӣ ва иттилоотӣ.
- Мониторинг ва баҳодиҳии натиҷаҳои фаъолиятҳо, пешниҳоди таклифҳо барои беҳбуд.
- Натиҷаҳои интизоршаванда
- Нақшаи кории тасдиқшуда ва ҷадвали дақиқи иҷро.
- Ҳисоботи мукаммал оид ба натиҷаҳои лоиҳа.
- Талабот ба тахассус ва таҷриба
- Маълумоти олӣ дар соҳаҳои журналистика, PR, муносибатҳои байналмилалӣ, идоракунии лоиҳа ё соҳаҳои марбут.
- Таҷрибаи корӣ на кам аз 3 сол дар идоракунии лоиҳаҳо ё ҳамоҳангсозии
- фаъолиятҳои васоити ахбори омма.
- Дониши хуби забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, афзалият — донистани забони англисӣ.
- Малакаҳои хуби муошират, идоракунии вақт ва кор дар гурӯҳ.
- Қобилияти таҳияи ҳисоботҳои возеҳ ва дақиқ.
- Мӯҳлат ва низоми кор
- Мӯҳлати татбиқи лоиҳа: 1,5 сол
- Шакли кор: рузи пурраи корӣ
- Ҷойи кор: шаҳри Душанбе, бо сафарҳои хизматӣ ба минтақаҳо
- Ҳисоботдиҳӣ ва назорат
- Координатор мустақиман ба роҳбари лоиҳа ва донорхо ҳисобот медиҳад.
- Ҳисоботҳо бо шакл ва муҳтавои аз ҷониби донор талабшуда пешниҳод карда мешаванд.
Тарзи фиристодани дархост:
— Фиристодани резюме ва номаи дархост (cover letter) ба
— Рӯи охири дархост: то соати 17.00 санаи 12.01.2026
