12 декабри соли 2025 дар меҳмонхонаи «Hilton»-и шаҳри Душанбе ҳамоиш  таҳти унвони «Ҳуқуқи инсон ва ВАО: пайванд барои ҷомеаи огоҳ» баргузор гардид. Ин чорабинӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10 декабр дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, бахшида шуда, бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» доир шуд.

Дар кори ҳамоиш намояндагони Суди конститутсионӣ ва Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати адлия, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати фарҳанг, Маркази миллии қонунгузорӣ, Дафтари ваколатдор оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, инчунин намояндагони ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ, сафоратхонаҳои хориҷӣ, коршиносони соҳаи ВАО, рӯзноманигорон, коргардонҳои тоҷик ва блогерон иштирок намуданд.

Мақсади асосии ҳамоиш баррасии ҷараёни татбиқи Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон то соли 2038, нақши ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалӣ намудани Нақшаи амали он барои солҳои 2023–2025, инчунин муаррифии фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар самти тарғиб ва инъикоси ҳуқуқи инсон дар воситаҳои ахбори омма буд.

Абдулфаттоҳ Аминзода, директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг, ки ҳамоишро гардонандагӣ мекард, дар ибтидо аз  Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир яке аз нахустин санадҳои ҳуқуқии таърих ёдоварӣ кард, ки ин санад дар ташаккули арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон нақши муҳиму таърихӣ дорад.

Инчунин муовини якуми Суди конститутсионӣ Абдураҳимзода Дилором Рустам, судяи Суди олӣ Аланазарзода Шароф ва намояндаи Маркази миллии қонунгузорӣ Фаридун Бобозода доир ба вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва рафти татбиқи Стратегияи миллӣ то соли 2038 андешаҳои худро баён карданд.

Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат зимни суханронии худ қайд намуд, ки тасдиқи Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон то соли 2038 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими пояи ҳуқуқӣ, рушди ниҳодҳо ва густариши ҳамкории муассир бо ҷомеаи шаҳрвандӣ равона шудааст. 

Ба гуфтаи ӯ, кафолатҳои давлатӣ дар соҳаи фарҳанг фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, дастрасӣ ба арзишҳои фарҳангӣ, гирифтани таҳсилоти босифати тахассусӣ, такмили истеъдод, маҳорат ва қобилияти шаҳрвандонро дар бар мегирад.

Дар ҷараёни ҳамоиш фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар самти тарғиб ва инъикоси ҳуқуқи инсон дар ВАО муаррифӣ шуд. Ташкилоти ҷамъиятии "Хома" 20 сол аст, ки дар таҳкими муҳити ҳуқуқӣ ва рушди озодии баён саҳми назаррас мегузорад. Директори созмон Шаҳло Акобирова иброз дошт, ки Хома ҳамкориҳои худро бо Вазорати фарҳанг, Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ густариш дода, дар таҳияи лоиҳаи Қонуни ягонаи ВАО, Кодекси иттилоотӣ ва Стратегияи миллии рушди ВАО ширкат кард.

Соли равон «Хома» таҳлили бозори расонаҳо ва мониторинги 78 сомонаи судҳои Тоҷикистонро анҷом дод Инчунин, ба муносибати «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» замимаи мобилии «Маърифати ҳуқуқӣ» (marifatihuquqi.tj) таҳия кард, барои боло бурдани сатҳи огоҳии ҳуқуқии ҷомеа мусоидат менамояд. 

Бо дастгирии Департаменти давлатии ИМА (DRL) ва дар ҳамкорӣ бо IPHR лоиҳаи «Дастгирии иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон то соли 2038» амалӣ мешавад, ки дар доираи он барои зиёда аз 100 рӯзноманигор, продюсер, блогер ва котибони матбуотӣ омӯзишҳо гузаронида шуданд. Дар натиҷа беш аз 60 маводи журналистӣ ва 28 видеоролики иҷтимоӣ омода гардида, ин матолибро қариб 20 миллион тамошо кардаанд.

Дар ҳамоиш инчунин филмҳои иҷтимоии кӯтоҳ доир ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҳуқуқи кӯдак, ҳуқуқи зан, ҳуқуқи маъюбон, ҳуқуқ ба саломатӣ ва мубориза бо табъиз, ки аз ҷониби коргардонҳо ва блогерон пас аз омӯзишҳои «Хома» таҳия гардидаанд, ба намоиш гузошта шуданд.

Дар қисмати музокираҳо масъалаҳои марбут ба душвориҳои дастрасии журналистон ба маълумоти расмӣ, истифодаи додаҳои кушода ва роҳҳои беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилоот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Намояндаи СММ Суҳроб Шоев таъкид намуд, ки инъикоси ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқ, тарғиби арзишҳои инсонӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа аз вазифаҳои калидии ВАО ба ҳисоб меравад. Ӯ зикр кард, ки рӯзноманигороне, ки масъалаҳои ҳуқуқи инсонро инъикос ва таҳқиқ мекунанд, аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун ҳомиёни ҳуқуқи инсон эътироф мегарданд.

Дар анҷоми ҳамоиш иштирокчиён як қатор тавсияҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо ва беҳтар намудани инъикоси мавзӯҳои ҳуқуқи инсон пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, тақвияти таваҷҷуҳи ниҳодҳои давлатӣ ва шарикони рушд ба фаъолияти ВАО ва эҷодкорон, ворид намудани барномаҳои таълимӣ оид ба асосҳои ҳуқуқи инсон дар риштаҳои рӯзноманигорӣ, баргузор намудани озмунҳои ҳамасола бахшида ба нақши эҷодкорон дар инъикоси ҳуқуқи инсон ва ҷойгир намудани иттилооти бештар дар сомонаҳои расмӣ оид ба раванди татбиқи Стратегияи миллӣ то соли 2038 таъкид гардид.