Эҳтиром
Ин филми кӯтоҳ натиҷаи омӯзиши чаҳоррӯзаест, ки коргардонҳову продюсерони тоҷик дар он ҷалб гардида буданд. Дар доираи он иштирокчиён ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии инсонро, ки дар Стратегияи миллии ҳуқуқи инсон то соли 2038 дарҷ шудаанд, омӯхтанд ва бо Нақшаи амалишавии ин стратегия барои солҳои 2023-2025 низ ошно гардиданд. Инчунин доир ба видеои иҷтимоӣ ва усулҳои муосири омода кардани видеои иҷтимоӣ, паҳн намудани он/дистрибутсия, роҳҳои дуруст муайянро низ аз худ намуданд.
Коргардон Акмал Ҳасанов иштирокчии омӯзиш буд ва пас аз он филми кӯтоҳеро бо номи “Эҳтиром” дар бораи ҳифзи арзишҳои оила ва эҳтиром ба ҳамсар таҳия кард. Матлаб дар доираи лоиҳаи “Дастгирии иштироки созанда ва самараноки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллии ҳуқуқи инсон ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он”, ки аз ҷониби DRL дастгирии молиявӣ ёфтааст.
Намехоҳам ҳамаи филмро бо матн қисса намоем. Бубинед ва фикру мулоҳизаҳои хешро нависед:
