Аз ноумеди басо умед аст...- филми навбатии иҷтимоӣ чунин ном гирифтааст, ки аз ҳаёти як оилаи маъюб қисса мекунад. Падару модар  бо вуҷуди маҳдудиятҳои ҷисмонӣ бо меҳнату шикебоӣ ва муҳаббат зиндагиро пеш мебаранд ва ягона фарзанди хешро бузург менамоянд. Падар ба кафшдӯзӣ машғул аст, модар бошад бо дӯхтани либосҳои занона рӯзии худро пайдо мекунад. Духтарчаи онҳо, ки солиму бардам аст, дар корҳои рӯзмарра ба падару модар кумак мекунад ва ҳамзамон таҳсил менамояд.
Қаҳрамонҳо дар бораи кӯдакӣ, орзуҳо, табъиз, мушкилиҳои иқтисодӣ ва ҳамзамон дар бораи умед, ирода ва интихоби зиндагии мустақилона нақл мекунанд. 
Маъюбият маънои нотавониро надорад ва ин филм паёми возеҳест, ки бинандаро ба тағйири муносибат ба маъюбон, эҳтироми ҳуқуқу арзишҳои инсонӣ даъват мекунад.
Филм дар доираи лоиҳаи «Дастгирии иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон то соли 2038», ки бо дастгирии Департаменти давлатии ИМА (DRL) ва дар ҳамкорӣ бо IPHR амалӣ мешавад, эҷод шудааст.