Дар кӯҳистони Мастчоҳ, беш аз 300 километр дур аз Душанбе ду бародар — Ансор (11-сола) ва Мубин (7-сола) зиндагии пурмашаққат доранд. Кӯдакӣ барои онҳо на дар синфхона, балки дар чаҳор девори хона мегузарад.

Ансор ва Мубин ба бемории нодири генетикӣ — остеогенези нопурра, ё худ “устухонҳои шишагин” гирифторанд. Ҳар ҳаракати нодуруст метавонад бо шикастани устухон анҷом ёбад. Онҳо ба мактаб намераванд, модар аз тарси ҳодисаи нохӯш онҳоро иҷоза намедиҳад ва дар бораи имкониятҳои таҳсили инклюзивӣ маълумоти кофӣ надорад.

Оила маҷбур аст баъд аз чанд муддат роҳи сахти Душанберо тай кунад, то сӯзандоруҳои махсуси бисфосфонат гиранд, доруҳое, ки устухонҳоро каме қавӣ мегардонад мекунанд. Ин доруҳо гаронанд, бобо кумак мекунад, аммо имкониятҳояш маҳдуданд.

Бо вуҷуди ҳама душвориҳо, Ансор ва Мубин орзу доранд таҳсил кунанд, дӯст пайдо намоянд ва мисли дигар кӯдакон зиндагӣ кунанд.

Филми мустанади кӯтоҳи “Ансор ва Мубин”  қиссае дар бораи мубориза, сабр ва умеде, ки ҳатто дар сахттарин шароит хомӯш намешавад.
Филм дар доираи лоиҳаи «Дастгирии иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон то соли 2038», ки ТҶ "Хома" бо дастгирии DRL амалӣ менамояд, эҷод шудааст.