Рӯзи 1. Ҳуқуқшиносони ҷавон ҳуқуқи соҳаи ВАО-ро меомӯзанд

0
573

Мавзӯи рӯзи аввали Мактаби ҳуқуқшиносони ВАО “Беҳсозии фазои ҳуқуқӣ дар соҳаи ВАО” буд.

Мактаби мазкур 6 июл ба кори худ оғоз намуда, 5 рӯз идома мекунад. Давраи омӯзишӣ 10 июн хотима меёбад.  

Шаҳло Акобирова

Шаҳло Акобирова, роҳбари ТҶ “Хома”  зимни ифтитоҳи кори мактаби мазкур дар мавриди аҳамият ва зурари мактаби мазкур сухан гуфта, таъкид намуд, ки ҳуқуқшиносони огоҳи ҳуқуқи ВАО бояд дар кишвар афзоянд. Ҳадаф аз роҳандозии лоиҳа низ пайдо намудани насли нави ҳуқуқшиносони ВАО ва ҷалби онҳо барои кор дар ин соҳа унвон мешавад. Бо ин мақсад ТҶ “Хома” Мактаби ҳуқуқшиносони ВАО-ро ташкил намуд, ки дар он 15 нафар ҳуқуқшиносони ҷавон ва донишҷӯёни курсҳои болоии факултаи ҳуқуқшиносӣ ҷалб шуданд.

Ранжет Ятимов

Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси ТҶ “Хома” рӯзи аввали давраи омӯзишӣ дар мавриди санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти ВАО ба иштирокчиёни Мактаби ҳуқуқшиносони ВАО маълумот дода, вобаста ба моҳияти Қонунҳои ҶТ “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ”, “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”, “Дар бораи иттилоот”  ва дигар қонунҳои соҳавӣ маълумот пешниҳод намуд.

Принсипҳои асосии ҳуқуқи инсон, баробарӣ, маҳдудиятҳои ҳуқуқи инсон, масъулият ва уҳдадориҳои инсон мавзӯҳое буданд, ки аз ҷониби Нигина Баҳриева, роҳбари Фонди ҷамъияти “Нотабене” тафсир шуданд.

Ольга Доденко

Ольга Доденко, ҳуқуқшиноси соҳаи ВАО-и минтақавии INTERNEWS аз Қазоқистон дар мавриди  вазъи озодии баён дар кишварҳои Осиёи марказӣ, масъаллаи дастрасӣ ба иттилоот ва чигунагии индекси баҳогузории озодии баён ба иштирокчиёни тренинг онлайн маърӯза намуд.

Сарвар Холиқзода

Сарвар Холиқзода, сардори раёсати қонунгузории асосҳои сохтори конститусионӣ, мудофиа ва амнияти Вазорати адлия дар бораи дастрасӣ ба иттилоот, санадҳои мавҷудае, ки дастрасӣ ба иттилоъро кафолат медиҳанд, маълумоти муфассал ироа кард.

Иноят Иноятов

Иноят Иноятов, адвокати Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъаллаи танзими ҳуқуқии масъалаҳои озодии матбуот   ва  кафолати  ҳуқуқҳои журналистон мувофиқи  қонунгузории амалкунанда ба иштирокчиёни мактаби ҳуқуқӣ дарс гуфт.

Мавсуф қайд намуд, ки тибқи қонунгузории кишвар, матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон озода буда, ҳар шахс ҳуқуқи озодона ҷустуҷӯ, дастрас ва паҳн намудани ахбор, изҳори ақида ва паҳн намудани онҳоро дар доираи қонун дорад.

Қироншоҳ Шарифзода

Қироншоҳ Шарифзода, раиси ТҶ “Журналист” дар хусуси худтанзимкунии ВАО ва механизмҳои татбиқи он ба ҳуқуқшиносон маълумоти муфассал дод.

Умрилло Меликов

Умрилло Меликов, доктори илмҳои ҳуқуқ дар мавриди моликияти зеҳнӣ, объектҳои ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ маърӯза карда, қайд намуд, ки моликияти зеҳнӣ ин ҳуқуқҳои амволӣ ва ғайриамволии шахсӣ нисбат ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, воситаҳои фардикунонии иштирокчиёни аҳдҳои гражданӣ, фардикунонии маҳсулот, корҳо ё хизматрасонии иҷрошаванда ва ҳамчунин объектҳои дигари ба онҳо баробаркардашуда мебошад.

Бояд гуфт, рӯзи аввали давраи омӯзишӣ бо баррасии мавзӯҳои болозикр хотима ёфт.