Рӯзи 3. Ҳуқуқшиносони ҷавон ҳуқуқи соҳаи ВАО-ро меомӯзанд

0
779

Рӯзи сеюми давраи омӯзиш барои ишитирокчиёни Мактаби ҳуқуқшиносони ВАО хотима ёфт. Имрӯз, 8 июл низ як зумра мавзӯҳои муҳиму ҷолибе, ки ба ҳуқуқи инсон дахл доранд, шарҳу тафсир шуданд.

Худоёр Бархонов, мутахасис дар соҳаи IT вобаста ба ҳифзи маълумот дар компютер,   парол (гузарвожа), суҳбат кард.

Умирилло Меликов, доктори илмҳои ҳуқуқ дар мавриди чигунагии истифодаи асарҳо дар интернетбуда ба иштирокчиёни мактаб маълумот дода,  аломатҳои CC-NC (Non-commercial, CC-ND (No Derivative Works), CC-SA (Share Alike) тафсир намуд.

Қироншоҳ Шарифзода, раиси ТҶ “Журналист” вобаста таносуби қонун ва меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ суҳбат намуда, таъкид дошт, ки ВАО ва журналист бояд назару андешаҳои гуногунро беғаразона ва бидуни таҳриф ба нашр расонанд. Дар матолиб бояд тавозуни назарҳо риоя гарданд. Сарлавҳа ва акс бояд маънои матн ва гузоришро ифода кунанд. Ба қавли ӯ, чунин масъулиятро ҳам қонунгузорӣ ва ҳам меъёри ахлоқӣ тақозо мекунад.

Сарвар Холиқзода, сардори раёсати қонунгузории асосҳои сохтори конститусионӣ, мудофиа ва амнияти Вазорати адлия дар хусус қонугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи давлатҳои дигар дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ ба иштирокчиёни мактаби ҳуқуқшиносони ВАО нақл намуда, аз таҷрибаи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Украина, Эстония ва Грузия мисол овард.

Ба маълумоти вай, зери маҳфуми маълумоти шахсӣ – маълумот дар бораи далелҳо, воқеаҳо ва ҳолатҳои ҳаёти субъекти маълумоти шахсӣ, ки ба айнияткунонии шахсияти ӯ имкон медиҳад, фаҳмида бояд шавад.

Иноят Иноятов, адвокати Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Ҳифзи шаъну шараф ҳангоми туҳмат ё таҳқир (дифоматсия) доир ба парвандаҳои гражданӣ нисбат ба журналистон ва дигар намояндагони ВАО” суҳбат карда, қайд намуд, ки неъматҳои ғайримоддӣ аз қабили ҳаёт ва саломатӣ эътибори шахсӣ, шаъну шараф, масунияти шахсӣ, номусу номи нек, эътибори корӣ, дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сирри шахсӣ ва сирри оилавӣ тибқи қонугузорӣ ҳифзшаванда маҳсуб мешаванд.

Мавзӯи дигаре, ки Иноят Иноятов дар мавриди он суҳбат кард, ҷуброни зарари маънавӣ буд. Ӯ аз таҷрибаи судии баррасии парвандаҳои гражданӣ оид ба ҷуброн намудани зарари маънавӣ доир бо парвандаҳои гражданӣ нисбати журналистон ва дигар намояндагони ВАО чанди мисоли рӯшане овард ва дар мавриди тартиби рӯёнидани зарари маънавӣ, муайянсозии андозаи  зарари маънавӣ суҳбат кард.

Алексей Минбалеев, доктори илмҳои ҳуқуқ,  мудири кафедраи ҳуқуқи иттилооти ватехнологияи рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Маскав ба номи О.Е.Кутафина фосилавӣ (онлайн) оид ба инфодемия ва масъалаи пахши маълумоти бардурӯғ (фейк). Нақши зеҳни сунъӣ дар паҳншавии маълумоти бардурӯғ суҳбат кард.

Дар доираи мавзӯҳои зикргардида, корҳои гурӯҳӣ ва машғулиятҳо ташкил шуда, иштирокчиён фаъолона табодули афкор намуданд.