Рӯзи 4. Ҳуқуқшиносони ҷавон ҳуқуқи соҳаи ВАО-ро меомӯзанд

215

Рӯзи чаҳоруми давраи омӯзиш барои ишитирокчиёни Мактаби ҳуқуқшиносони ВАО ҷамъбаст гардид. Имрӯз, 9 июл низ як зумра мавзӯҳои муҳиму ҷолибе, ки ба ҳуқуқи инсон дахл доранд, аз ҷониби устодону тренерон шарҳу тафсир шуданд.

Худоёр Бархонов, мутахасис дар соҳаи IT дар хусуси муҳофизат аз барномаҳои ҷосусӣ дар инернет, истифодаи барномаҳои дорои иҷозатнома, чи гуна дастрас намудани калидҳои антивирус ба иштирокчиёни мактаби ҳуқуқшиносони ВАО маълумоти мушаххас пешниҳод намуд.

Қироншоҳ Шарифзода, раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Журналист” дар мавридт меъёрҳои ахлоқӣ ва чи то куҷо риоя гардидани онҳо дар ВАО ба иштирокчиёни Мактаби ҳуқуқшиносони ВАО иттилоъ пешниҳод кард.

Умрилло Меликов, доктори илмҳои ҳуқуқ муфассал шаҳр дод, ки кадом маълумотро бояд дар интернет нашр намуд ва кадом маълумотро набояд паҳн кард.

Мавсуф қайд намуд, ки тибқи Қатъномаи Шурои ҳуқуқи инсон аз 7 июли соли 2012 ҳуқуқи инсон вобаста ба истифодаи интернет дар сатҳе бояд сурат гирад, ки ҳеҷ гуна поймолсозӣ дида нашавад.

Умрилло Меликов ба иштирокчиёни мактаб иттилоъ дод, ки паҳн кардани таҳқиру туҳмат ва порнография, даъват   ба   барҳамдиҳии   сохти конcтитутсионӣ, халалдор намудани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқоти ҷанг, зӯроварӣ, бераҳмӣ, фаҳш, ҷудоиандозиҳои нажодӣ, миллӣ, низои динӣ,  таҷовуз ба шахсият,  ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну эътибори инсон тариқи интернет манъ аст.

Иноят Иноятов, адвокати Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста таҷрибаи байналхалқӣ доир ба парвандаҳо оид ба ҳимояи шаъну шараф, эътибори корӣ ва ҷуброни зарари маънавӣ суҳбат намуда, қонунгузории миллии мамлакатҳои Фаронса, Олмон, Укарина Қирғизистон  ва Русияро муқоиса намуд.

Дар ҳама бахшҳои (сесия) рӯзи чаҳорум  иштирокчиён бо суолҳои хеш аз устодон посӯх гирифтанд.