ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИТТИЛООТОНӢ

0
3736

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 502; с. 2005, №12, мод. 639)

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 124, аз 4.04.2019 № 1595)

Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқиеро, ки дар рафти ташаккулу истифодаи иттилооти ҳуҷҷатшуда ва манбаю захираҳои иттилоот ба миён меоянд, офаридани тех нологияҳои иттилоотӣ, шабакаву системаҳои автоматиконидашудаи иттилоотро танзим мегардонад, тартиби муҳофизати захираи иттилоот, инчунин ҳуқуқ ва вазифаҳои субъектҳоеро, ки дар равандҳои иттилоотонӣ ширкат меварзанд, муайян мекунад.

БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

(Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595)

Моддаи 1. Ҳадафҳои Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур муҳайё кардани шароити мусоид барои қонеъ гардонидани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва мақомоти давлатӣ ба иттилоот дар асоси ташаккул додани инфраструктураи ҳозиразамони иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, якҷоя кардани он бо шабакаю системаҳои байналмилалии иттилоот мебошад. Қонун шартҳои ҳимояи манфиатҳои қонунӣ ва ҳуқуқҳои давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар рафти тартиб додан, захира кардан, нигоҳдориву ирсол кардан ва интишор додани иттилоот бо воситаҳои технологияи ҳозиразамони иттилоотӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).

Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур

(Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595)

  1. Амали Қонуни мазкур муносибатҳоеро фаро мегирад, ки дар рафти фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ новобаста аз шаклҳои моликият дар соҳаи иттилоотонӣ ба миён меоянд, аз ҷумла, ҳангоми (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595):

– ташаккулу истифодаи захираҳои иттилоот дар асоси тартиб додан, дарёфту захира ва ирсол кардан, андухтану омода сохтан, интишор додану пешниҳод намудани иттилооти ҳуҷҷатшуда;

– офаридан, татбиқ ва истифода кардани системаҳои омодасозӣ ва ирсол кардани иттилоот, асос ва бонки маълумот, воситаҳои технологияи иттилоотӣ;

– ҳимояи иттилоот ва ҳуқуқи субъектҳое, ки дар раванди иттилоотӣ бо татбиқи воситаҳои технологияи иттилоотӣ иштирок менамоянд;

– идора ва танзими равандҳои иттилоотӣ, амалӣ гардондани сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоотонӣ.

  1. Амали Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар иттилооти љайриҳуҷҷатӣ ба миён меоянд ва ҳамчунин муносибатҳоеро, ки бо меъёрҳои моликияти зеҳнӣ, бо муносибатҳои соҳаи воситаҳои ахбори омма танзим гардонида мешаванд, фаро намегирад (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ, инчунин шахсони бешаҳрванд ҳуқуқу ўҳдадориҳои пешбиникардаи ҳамин Қонунро дар баробари ташкилотҳо ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ истифода мебаранд, ба шарте, ки дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиботи дигар муқаррар нагардида бошад (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).

Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин мавриди истифода қарор гирифтаанд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595):

– иттилоот – маълумот дар бораи шахсҳо, ашё, объект, воқеиёт, рўйдоду ҳодисот (падидаҳо) ва равандҳо сарфи назар аз шакли пешниҳоди онҳо;

– технологияи иттилоотӣ – маҷмўи воситаҳои техникаи ҳисоббарор ва телеиртиботӣ, воситаҳои барномавӣ ва тарзҳои истифодаи онҳо барои дарёфт, коркард, нигоҳдорӣ, ирсол ва қабули иттилоот;

– инфраструктураи иттилоотӣ (иттилоотонӣ) – маҷмўи марказ, асос ва бонки маълумот, системаҳои алоқа ва интиқоли маълумот, сохторҳои дигаре, ки кору фаъолияти шабакаҳои иттилоотиро таъмин мекунанд;

– иттилои ҳуҷҷатшуда (ҳуҷҷат) – иттилоти дар ягон ҳомили моддӣ сабтшуда бо маълумоте, ки ин иттилоотро исбот месозад (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595);

– захираҳои иттилоот – иттилооте, ки сарфи назар аз усули пешниҳодот ё ки ташкили нигоҳдориаш (аснод, ҷамъи аснод, захираҳои китобхонаҳо, бойгониҳо, асоси маълумот) барои дохилшавӣ ба системаи иттилоотӣ пешбинӣ шудааст ё дар дохилаш мавҷуд аст;

– асоси маълумот – маҷмўи маълумотҳои якҷояшуда, ки барои истифодаи ҳамаҷониба ва таљйири шакл зарур аст;

– бонки маълумот – маҷмўи воситаҳои барномавӣ, иттилоотӣ ва техникие, ки барои андўхти мутамарказ, нигоҳдорӣ ва истифодаи коллективонаи маълумот дар бораи соҳаи муайян ва мушаххаси фаъолияти инсон заруранд ва ҳамчунин худи маълумоте, ки дар шакли файл (парвандаи компютерӣ) ё худ манбаъҳои аз ҳам ҷудои маълумот нигоҳ дошта мешаванд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595);

– равандҳои иттилоотӣ – равандҳои андўхтан, омода сохтан, сариштаву ирсол кардан, дарёфтан ва интишор додани иттилоот;

– ҳомили моддии иттилоот – маводи дорои хосиятҳои муайян, ки барои сабт ва нигоҳдории иттилоот истифода шуда метавонад;

– маводи иттилоотӣ – натиҷаи моддии равандҳои иттилоотӣ, ки барои қонеъ намудани талаботи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъин гардидааст (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595);

– маълумот – иттилооти ҳуҷҷатшуда, ки дар рафти омода сохтани он дар мошинҳои ҳисоббарори электронӣ мавриди истифода қарор мегирад;

– системаи иттилоотӣ – маҷмўи муташаккили аснод ва технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои техникаи ҳисоббарорӣ ва алоқа, ки ҷараёни иттилоотиро таъмин менамоянд;

– шаклҳои таъминоти системаҳои иттилоотӣ – техникӣ, барномавӣ, математикӣ, ташкилӣ, забонӣ, ҳуқуқӣ ва дигар шаклҳое, ки барои таъмини иҷрои мўътадили тамоми вазифаҳои таъингардидаи система заруранд;

– иттилоотонӣ – таҳия кардан, офаридан, азхуд кардан ва кор фармудани технологияҳои иттилоотӣ, захираҳои иттилоотӣ; раванде, ки ҷузъҳои ташкилӣ, илмию техникӣ, иҷтимоӣ ва истеҳсолию иқтисодӣ ва натиҷаи фаъолиятеро дар бар мегирад, ки мақсад аз он қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандони ҷудогона, иттиҳодҳои онҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва љайридавлатӣ, тамоми ҷамъият ба иттилоот бо роҳи ташаккул додан ва истифода кардани захираҳои иттилоот дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъият;

– хизматрасонии иттилоотӣ – хизмате, ки талаботи шаҳрвандон ва ташкилотҳоро ба иттилоот қонеъ мегардонад ва онро шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мерасонанд, ки дар соҳаи иттилоот кор мекунанд.

– молики захираҳои иттилоот, технологияҳои иттилоотӣ, системаҳои иттилоотӣ – субъекти дорои ваколатҳои соҳибию истифода ва ихтиёрдорӣ намудани объектҳои мазкур;

– истифодабарандаи (баҳрабарандаи) хизматрасонии иттилооти ва захирахои иттилоот – субъекте, ки ба системаи иттилооти, ба молики захирахои иттилоот ё ба миёнарав барои гирифтани иттилооти зарурӣ муроҷиат менамояд ва аз ин иттилоот ба ҳадди муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595);

– иттилооти махфӣ – иттилооти ҳуҷҷатшуда, ки дастрас намудани он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шудааст;

– иттилооти дастрасаш маҳдуд – иттилооти ҳуҷҷатшуда, ки сирри давлатӣ ва махфӣ ба ҳисоб меравад;

– ҳифзи иттилоот – пешгирии дахолати худсарона ба захираҳои иттилоот, амалҳои љайриқонунӣ ҳангоми гирифтан, нусхабардорӣ кардан, интишор додан, таҳриф намудан, нобуд сохтан ё банду баст кардани иттилоотро таъмин менамояд.

– криптография – мактуби рамзӣ, ки барои шахси воқиф фаҳмост, мактуби махфӣ.

Моддаи 4. Принсипҳои асосии иттилоотонӣ

Принсипҳои асосии иттилоотонӣ чунин аст:

– дастраси умум будани иттилооти ҳуҷҷатшуда, ки бо тартиби муқарраргардида ба гурўҳи иттилооти ҳуҷҷатшудаи дастрасаш маҳдуд нисбат дода нашудааст;

– фаврӣ, пурра ва аниқ, будани иттилооти ҳуҷҷатшуда, ки ба истифодабаранда пешкаш карда мешавад;

– иштироки давлат дар ташаккули захираҳои иттилоот ва ба вазифаҳои иттилоотонӣ мутобиқ сохтани ин захираҳо;

– ба истифодабаранда бо забони давлатӣ ё бо забоне, ки дар шартномаи субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи иттилоотонӣ зикр шудааст, пешниҳод намудани иттилооти ҳуҷҷатшуда (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595);

– ҳимояи ҳуқуқи моликият ба объектҳои ҳуқуқи моликият дар соҳаи иттилоотонӣ.

Моддаи 5. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоотонӣ
  1. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоотонӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот муҳайё кардани шароити зарурии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ ва дигар шартҳо мебошад, ки ба равнақу ривоҷи иттилоотонӣ мусоидат менамояд, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва давлатро ҳангоми амалӣ гардонидани он ҳимоя менамояд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  2. Самтҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи иттилоотонӣ инҳоянд:

– муҳайё кардани шароит барои ҳамаҷониба қонеъ гардонидани талаботи ба иттилоотдоштаи шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаю ташкилотҳо новобаста ба шакли моликияташон (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595);

– дастгирӣ намудани тараққиёти инфраструктураи миллии иттилоотӣ бо роҳи барпо намудан ва такмил додани системаву шабакаҳои иттилооти компютерӣ дар асоси амалӣ гардонидани сиёсати илмию техникӣ;

– дастгирии инкишофи шабакаю системаҳои иттилооти байналмилалӣ ва умумичаҳонӣ;

– ташаккулу тараққӣ додан, эҳтиёту саришта кардан, дастрас ва самарабахш истифода намудани захираҳои иттилооти миллӣ;

– муҳайё кардани шароит барои ташаккул ва равнақи бозори маҳсулот, захира, технологияҳои иттилоотӣ ва ҳамчунин хизматрасонии системаю шабакаҳои иттилоотӣ;

– таъмин намудани истиқлолият ва амнияти миллӣ дар мавриди таҳия, истифодабарии захираҳо ва системаю шабакаҳои иттилоотӣ;

– таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ва ташкилотҳо оиди дастрас кардани захираҳои иттилоотӣ, инчунин ҳимояи ҳуқуқи моликият ва муаллифӣ дар соҳаи иттилоотонӣ;

– ташкили истеҳсоли воситаҳои техника ва технологияи иттилоотӣ бо назардошти нерую имконияти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудаи илмӣ, техникӣ ва истеҳсолӣ;

– сохтан ва такмил додани системаи маблаљгузорӣ ба таҳия ва амалӣ гардонидани лоиҳаҳо ва барномаҳои иттилоотонӣ аз ҳисоби маблаљи буҷети давлатӣ, манбаъҳои љайридавлатӣ ва сармояҳои хориҷӣ;

– ташкил кардани системаи ҳавасмандгардонии иқтисодӣ ва имтиёзҳои фаъолият бо мақсади офаридану овардан, пешниҳод ва истифода кардани воситаҳои пешқадами техникаю технологияҳои иттилоотӣ;

– ҷорӣ намудани системаҳои пешқадами якнавохтсозӣ, таснифотӣ ва стандартонии иттилоот, ки ба таъсис додани фазои (муҳити) ягонаи иттилоотии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ба муттаҳидшави бо шабакаю системахои байналмилалии иттилоот кумак мекунанд;

– пойдор сохтан ва тараққӣ додани асосҳои ташкилӣ ва меъёрию ҳуқуқии ривоҷи иттилоотонӣ;

– дастгирӣ намудани таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, таълиму тарбияи кадрҳо ва тадқиқоти илмӣ дар соҳаи иттилоотонӣ (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).

Моддаи 6. Объектҳои ҳуқуқи моликият дар соҳаи иттилоотонӣ
  1. Объектҳои ҳуқуқи моликият дар соҳаи иттилоотонӣ инҳо мебошанд:

– иттилооти ҳуҷҷатшуда;

– захираҳои иттилоот;

– технологияҳои иттилоотӣ;

– маҷмўи воситаҳои барномавию техникӣ;

– системаю шабакаҳои иттилоотӣ.

  1. Молики ин ҳама объектҳо давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
Моддаи 7. Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи иттилоотонӣ
  1. Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи иттилоотонӣ давлат дар шахси мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  2. Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ ҳангоми барпо кардан ва кор фармудани объектҳои иттилоотонӣ ба ҳайси чунин касон буда метавонанд:

– тартибдиҳандагон;

– моликон;

– соҳибон;

– истифодабарандагон;

– омодасозони иттилооти ҳуҷҷатшудаи системаю шабакаҳои иттилоотӣ.

  1. Шаклҳои муносибати субъектҳои иттилоотонӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шартномаҳо танзим гардонида мешаванд.
Моддаи 8. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоотонӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоотонӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи навъу шакл ва воситаҳои ҷудогонаи равандҳои иттилоотӣ иборат аст. Муносибатҳои соҳаи иттилоотонӣ бо шартномаву созишномаҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин бо принсипу меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, танзим гардонида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).

БОБИ II. ЗАХИРАҲОИ ИТТИЛООТ

Моддаи 9. Таъиноти захираҳои иттилоот
  1. 3ахираҳои иттилоот барои қонеъ гардонидани талаботи ҷамъияту давлат ба иттилоот, таъсиси фазои ягонаи иттилоотии мамлакат ва барои ҳамроҳ, шудани он ба ҷомеаи ҷаҳонии иттилоот таъин гардидаанд.
  2. 3ахираҳои иттилоот объектҳои муносибати давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда, ба захираҳои умумидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, бо қонун ҳимоя карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
Моддаи 10. Асосҳои низоми ҳуқуқии захираҳои иттилоотӣ
  1. Низоми ҳуқуқии захираҳои иттилоот бо меъёрҳои зерин муайян карда мешавад:

– тартиби ҳуҷҷат кардани иттилоот ва ташаккули захираҳои иттилоотӣ;

– тартиби баҳисобгирӣ, сабти захираҳои иттилоотӣ;

– ҳуқуқи моликият ва муаллифӣ ба захираҳои иттилоот, ҳуҷҷатҳои ҷудогона ва маҷмўи ҳуҷҷатҳо;

– тартиби муайян кардани гурўҳи захираҳои иттилоот аз рўи дастрас намудан ва тартиби истифодабарии онҳо;

– тартиби ҳифзи захираҳои иттилоот аз истифодаи беиҷозат ва аз харобшавӣ (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).

  1. Низоми ҳуқуқии истифодаи захираҳои иттилоот бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарордоду созишномаҳои иштироккунандагони муносибатҳои соҳаи иттилоотонӣ муқаррар карда мешавад.
  2. Ба риоя шудани тартиби ҳуқуқии таҳия ва истифодаи захираҳои иттилоотӣ моликони захираҳои иттилоотии дахлдор назорат мекунанд.
Моддаи 11. Аз системаҳои иттилоотӣ додани иттилооти ҳуҷҷатшуда
  1. Иттилооти ҳуҷҷатшуда аз системаи иттилоотӣ бо тартибе, ки барои дастрас кардани захираҳои иттилоотӣ муайян шудааст ва мувофиқи талаботи шартномаҳои байни операторони системаҳои иттилоотӣ ва истифодабарандагони ин иттилоот баста шудааст, дода мешавад.
  2. Талаботи иттилоотии истифодабарандагон аз тариқи зайл таъмин мегарданд:

– таъмини шароити ҳуқуқӣ, ташкилӣ, техникӣ ва љайра барои озодона ҷустуҷў намудан ва гирифтани иттилоот;

– бо тартиби муайян паҳн намудани иттилооти расмӣ ба воситаи интишори он дар воситаҳои ахбори омма ва ҷобаҷогузории он дар китобхонаҳо, Интернет ва дигар шабакаҳои иттилоотии дастраси умум (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595);

– фурўши маҳсулоти иттилоотӣ аз тариқи хизматрасонии иттилоотӣ;

– таъмини шароит барои фаъолияти шабакаҳои иттилоотии дастраси умум;

  1. Захираҳои иттилоотӣ дар асоси дархосте, ки шахси алоқаманд бо тартиби муқарраршуда ба операторони системаҳои иттилоотӣ ирсол кардааст, дастрас карда мешавад. Дархост фақат дар ҳолате рад шуда метавонад, ки иттилооти талабшуда дар системаи иттилоотӣ мавҷуд набошад ё дар мавриде, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).

Иттилоот аз системаҳои иттилоотӣ ба истифодабарандагон ба таври ҳуҷҷатшуда дода мешавад.

  1. Иттилоот аз системаҳои иттилоотӣ дар ҳолатҳои фавқулода, аз ҷумла барои истифодаи афзалиятноки иттилоот аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии муқарраркардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳолатҳои фавқулода дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
Моддаи 12. Ҳуқуқи гирифтани иттилооти ҳуҷҷатшуда
  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои гирифтани иттилооти ҳуҷҷатшуда ҳуқуқ доранд. Ҳуқуқи гирифтани иттилооти ҳуҷҷатшуда танҳо бо қонун маҳдуд шуда метавонад (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  2. Таъмини ҳуқуқи гирифтани иттилооти ҳуҷҷатшуда аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот набояд ҳуқуқи шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони дигари воқеӣ ва ҳуқуқиро халалдор намояд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
Моддаи 13. Шаклҳои иттилооти ҳуҷҷатшуда

Иттилооти ҳуҷҷатшуда ҳамчун объекти ҳуқуқи моликият шакли ҳуҷҷати алоҳида ё маҷмўи ҳуҷҷатҳоро (фонди ҳуҷҷатӣ, бойгонӣ, маҳзани маълумот ва дониш, дигар шаклҳои ташкили иттилоотро) дорад.

Моддаи 14. Ҳуҷҷат кардани иттилоот ва ташаккули захираҳои иттилоот
  1. Ҳуҷҷат кардани иттилоот шарти ҳатмии ба захираҳои иттилоот ҳамроҳ намудани иттилоот мебошад.
  2. Ҳуҷҷат баъди онро имзо кардани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ эътибори қонунӣ пайдо мекунад. Эътибори қонунии ҳуҷҷате, ки бо системаҳои автоматиконидашуда ва телеиртибот (телекоммуникатсия) нигоҳдорию омода ва ирсол карда мешавад, бо имзои рақамии электронӣ тасдиқ шуда метавонад (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  3. Имзои электронӣ дар сурати дар системаю шабакаҳои иттилоотӣ мавҷуд будани воситаҳои барномавию техникие, ки имзоҳоро ба ҳам монанду мушобеҳ месозанд ва дорои сертификати мувофиқат ё шаҳодатномаи эътирофи сертификатеанд, ки дар системаи миллии сертификатонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
  4. 3ахираҳои иттилоот, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд оварда мешаванд, бояд мутобиқи талаботи стандарти ҷаҳонӣ ва якнавохтсозӣ бошанд.
  5. Захираҳои иттилоотӣ метавонанд дар асоси иттилооте, ки дар ҷараёни ҳамкории иттилоотӣ бо мақомоти давлатӣ ва ҳамчунин бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси шартнома дар доираи фаъолияти истеҳсолию тиҷоратӣ ҳангоми хизматрасонии иттилоотӣ мавриди таҳия, коркард ва андухт қарор мегиранд, ташаккул ёбанд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
Моддаи 15. Иттилооти ҳуҷҷатшуда дар бораи шаҳрвандон
  1. Манбаи иттилоот дар бораи шаҳрвандон ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки оиди фактҳо, воқеаву ҳолатҳои мансуби ин ё он шахси воқеӣ маълумот доранд.
  2. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ дар доираи салоҳияти худ иттилооти ҳуҷҷатшударо дар бораи шаҳрвандон андухта, омода месозанд, нигоҳдорӣ мекунанд ва барои иҷрои вазифаю ўҳдадориҳояшон истифода мебаранд.
  3. Феҳристи иттилооти ҳуҷҷатшудаи такмилёбанда дар бораи шаҳрвандон ва тартиби истифодаи он дар системаҳои иттилоотӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки иттилооти ҳуҷҷатшударо дар бораи шаҳрвандон дар ихтиёри худ доранд ва аз он истифода мебаранд, барои риоя накардани тартиби истифодаи ин иттилоот ҷавобгар мебошанд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
Моддаи 16. Ҳуқуқи моликият ба захираҳои иттилоот
  1. 3ахираҳои иттилоот ҳамчун ҷузъи таркибии амвол буда, моликияти мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилот ё худ моликияти хусусии шаҳрвандон мебошанд, ки аз ҳуқуқҳои пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  2. Ҳуқуқи моликият ба захираҳои иттилоот, технологияҳои иттилоотӣ, маҷмўи воситаҳои барномавию техникӣ, системаю шабакаҳои иттилоотии молики дигаре, ки ба воситаи онҳо захираҳои иттилоот бо тартиби хизматрасонӣ мавриди коркард қарор мегиранд, дахл надорад.
  3. 3ахираҳои иттилоот, ба истиснои ҳолатҳое, ки сирри давлатӣ ё тиҷоратианд, мол буда метавонанд.

Молики захираҳои иттилооте, ки дорои маълумоти сирри давлатӣ мебошанд, ин моликиятро танҳо бо иҷозати мақомоти дахлдори давлатӣ ихтиёрдорӣ карда метавонад (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).

Моддаи 17. Захираҳои давлатии иттилоот
  1. Захираҳои иттилооте, ки соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мудофиавии онро нишон медиҳанд, инчунин захираҳои дорои аҳамияти давлатианд, ба моликияти давлат мансубанд.

Захираҳои иттилоотеро, ки аҳамияти давлатӣ доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

  1. Захираҳои давлатии иттилоот аз ҳисоби маблаљи буҷети ҷумҳуриявӣ ба вуҷуд оварда шуда, фаъолияти мақомоти давлатӣ, сохторҳои минтақавӣ ва соҳавиро таъмин менамоянд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  2. Захираҳои давлатии иттилоот ба феҳристи амволи давлатӣ дохил карда мешаванд ва бояд мавриди ҳисобот ва ҳимоя қарор гиранд.
  3. Захираҳои давлатии иттилоотро мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки барои ташаккул додан, нигоҳдорӣ, андухтан ва самаранок истифода бурдани онҳо масъуланд, мутобиқи салоҳияташон идора мекунанд. Корҳои ташаккул додан ва ба истифодабарандагон пешниҳод намудани захираҳои давлатии иттилоот ба ўҳдаи мақомоти дахлдори давлатӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  4. Ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд ба ташкилотҳое, ки барои ташаккули захираҳои давлатии иттилоот масъуланд, иттилооти ҳуҷҷатшудае пешниҳод намоянд, ки мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот муаяйн кардаанд. Субъектҳое, ки иттилооти ҳуҷҷатшударо барои ҳамроҳ кардан ба захираҳои давлатии иттилоот пешниҳод мекунанд, аз ҳуқуқи ба ин ҳуҷҷатҳо доштаашон ва аз ҳуқуқи истифодаи иттилооте, ки дар ин ҳуҷҷатҳо ҳаст, маҳрум намегарданд. Феҳристи иттилооти ҳуҷҷатшудаеро, ки бояд ҳатман пешниҳод карда шавад ва рўйхати мақомоту ташкилотҳоеро, ки барои андухтан ва коркарди захираҳои давлатии иттилоот масъуланд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
Моддаи 18. Захираҳои љайридавлатии иттилоот
  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ молики он ҳуҷҷатҳо, маҷмўи ҳуҷҷатҳо, захираҳои иттилоотие мебошанд, ки аз ҳисоби маблаљи онҳо тартиб дода шудаанд ё худ қонунан харидорӣ карда шудаанд. Захираҳои иттилоотие, ки худи молик тартиб медиҳад ва ё бо супориши ў аз ҳисоби маблаљаш тартиб дода мешаванд, захираҳои љайридавлатӣ ба шумор мераванд.
  2. 3ахираҳои љайридавлатии иттилоот дар фаъолияти истеҳсолии молик барои эҷоди маҳсулот ва хизматгузории иттилоотӣ истифода карда мешаванд.
  3. Давлат ҳуқуқ дорад иттилооти ҳуҷҷатшударо аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ харида гирад (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
Моддаи 19. Захираҳои иттилоот аз рўи категорияҳои иҷозат
  1. Захираҳои давлатии иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои иттилооти ҳуҷҷатшудае, ки ба категорияи иҷозаташ маҳдуд нисбат дода шудааст, ошкор ва дастраси умуманд. Захираҳои давлатии иттилоот ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон дастрас карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  2. Агар захираҳои иттилоот иттилооти дастрасаш маҳдуд набошанд, молик ва истифодабаранда ҳуқуқ доранд дар бораи хариду фурўши ин захираҳои иттилоот шартнома банданд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  3. Тартиби истифодабарии захираҳои иттилоотиро моликон ва ё шахсони ваколатдори онҳо муқаррар менамоянд ва онҳо набояд хилофи қонунгузории амалкунанда бошанд.
Моддаи 20. Ба амал баровардани ҳуқуқи истифодабарандагон барои дастрас кардани иттилоот ва захираҳои иттилоот
  1. Истифодабарандагон – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои дастрас кардани захираҳои давлатии иттилоот ҳуқуқи баробар доранд ва шарт нест, ки дар назди моликони ин захираҳо зарурати гирифтани иттилооти талабкардаашонро, ба истиснои иттилооти дастрасаш маҳдуд, асоснок намоянд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  2. Моликон истифодабарандагонро бо иттилоот аз захираҳои иттилоот дар асоси низомнома ё шартномаҳои тасдиқ гардида ройгон ё бо нархи шартномавии хизматрасонии иттилоотӣ таъмин менамоянд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  3. Истифодабаранда барои бе иҷозат истифода бурдан, нусха бардоштан, интишор додани захираҳои иттилоот, барои риоя накардани ҳуқуқи моликият ба захираҳо мутобиқи шартнома (созишнома) ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад. Тартиби ба иттилоот соҳиб гаштани истифодабарандаро молики захираи иттилоот бо риояи талаботи ҳамин Қонун муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  4. Мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки барои ташаккул ва истифодаи захираҳои давлатии иттилоот масъуланд, барои ба истифодабаранда фавран ва пурра пешниҳод намудани иттилооти ҳуҷҷатшуда шароит муҳайё мекунанд. Барои надодани иттилооти дастраси умум аз захираҳои давлатии иттилоот ба суд шикоят кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
Моддаи 21. Роҳ додани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба иттилоот оиди онҳо

(Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595)

  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ройгон дастрас кардани иттилооти ҳуҷҷатишуда оиди онҳо ва ба аниқ намудани ин иттилоот бо мақсади мукаммал ва бодалел будани он ҳуқуқ доранд ва инчунин ҳуқуқ доранд донанд, ки ин иттилоотро кӣ ва ба кадом мақсад истифода кардааст ё истифода карданист (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  2. Мақомоти давлатӣ ва дигар соҳибони захираҳои иттилоотӣ оид ба шахсони алоҳида вазифадоранд ин иттилоотро бо талаби он шахсоне, ки ин иттилоот ба онҳо дахл дорад, бояд пешниҳод намоянд, ба шарте, ки маълумоти мазкур иттилооти дастрасаш маҳдуд набошад.
  3. Шахсоне, ки ҳуқуқ, ва манфиаташон аз тарафи моликон ва ё истифодабарандагони иттилоот вайрон шудааст, ҳуқуқ доранд бо тартиби судӣ барқарор кардани ҳуқуқҳояшон ва ҷуброни зиёнро талаб намоянд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
Моддаи 22. Вазифаҳо ва масъулияти молики захираҳои иттилоотӣ
  1. Молики захираҳои иттилоотӣ вазифадор аст тартиби мукаммал кардан ва замонавӣ гардонидани захираҳои иттилоот, тартиби коркарди онҳо ва қоидаҳои ба истифодабаранд (баҳрабаранда) пешниҳод сохтани онҳоро риоя намояд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  2. Молики захираҳои иттилоот барои вайрон кардани тартиботи кор бо иттилоот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар аст.

БОБИ III. ИНФРАСТРУКТУРАИ ИТТИЛООТОНӢ ВА СИСТЕМАҲОИ ИТТИЛООТӢ

Моддаи 23. Ҷузъҳои таркибии инфраструктура
  1. Инфраструктураи иттилоотонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сохторҳои ташкилию техникӣ, объекту системаҳое ташкил медиҳанд, ки мақсади кору амали онҳо аз ин иборат аст:

– ҷамъоварӣ, коркард, расонидан, нигоҳдорӣ кардан ва интишор додани иттилоот бо воситаҳои технологияҳои нави иттилоотӣ;

– хизматрасонӣ ҳангоми қабул ва ирсол намудани иттилоот бо тамоми воситаҳои иртиботи электронӣ;

– тадқиқ, таҳия ва истеҳсол кардани система, технологияву воситаҳои нави иттилоотӣ;

– фиристодан, фурўхтан ва хизматрасонии системаю технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои таъмини онҳо;

– таълим додан, кумаки машваратӣ, методӣ расонидан ва фаъолияти дигари ёрирасон, ки бо интишору истифодаи технологияҳои нави иттилоотӣ алоқаманданд.

  1. Инфраструктураи иттилоотониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои гуногуни ҳамаи шаклҳои моликият ташаккул медиҳанд.
  2. Ягонагии инфраструктураи иттилоотонӣ ба идораву танзими давлатии равандҳои иттилоотонӣ ва ҳамчунин ба фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатие асос меёбад, ки ба риоя шудани стандарту тасдиқномаҳои ягонаи сифати маводу воситаҳои иттилоотии истеҳсол ва истифодашаванда назорат муқаррар менамоянд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  3. Ҳамаи намудҳои истеҳсоли системаю шабакаҳо, технологияву воситаҳои иттилоотии таъмини фаъолияти онҳо оиди пешниҳоди маводу хизматрасонии иттилоотро соҳаи махсусе ташкил медиҳад, ки пешрафти онро сиёсати давлатии илмию техникӣ ва иқтисодӣ муайян менамояд.
Моддаи 24. Системами давлатии иттилоотӣ
  1. Системаҳои давлатии иттилоотиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаҳои иттилоотӣ оиди ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории иттилоот, системаҳои экспертӣ (санҷишӣ) ва ҷустуҷўи иттилоот, шабакаҳои мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дигар ташкилоту муассисаҳое ташкил медиҳанд, ки аз ҳисоби маблаљи буҷети давлатӣ бунёд шудаанд ва ё моликияти давлатӣ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  2. Додан ва мубодилаи иттилоот байни системаҳо ва шабакаҳои давлатии иттилоотӣ аз рўи шартномаву созишномаҳо дар доираи номгўи зарурӣ ва сохтор дар асоси ягонагии таъминоти системавию барномавӣ ва шабакавӣ амалӣ мегардад.
  3. Тартиби мубодилаи иттилоот байни системаҳои давлатии иттилоот бо санадҳои меъёрие, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ дар ҳадди салоҳияти худ нашр мекунанд, бо шартномаю созишномаҳо муқаррар карда мешавад.
Моддаи 25. Системаҳои љайридавлатии иттилоотӣ
  1. Системаҳои љайридавлатии иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз системаҳои иттилоотӣ оид ба ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории иттилоот, аз системаҳои экспертӣ (санҷишӣ) ва ҷустуҷўи иттилоот ва шабакаҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо маблаљи онҳо сохта ё харидорӣ карда шудаанд, иборатанд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  2. Системаҳои љайридавлатии иттилоот барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти махсуси моликони онҳо ё худ барои пешниҳоди маҳсулоту хизматрасонии иттилоотӣ ташкил карда мешаванд.
Моддаи 26. Ба вуҷуд овардани технологияи иттилоотӣ ва системаю шабакаҳои иттилоотӣ
  1. Ҳуқуқи ба вуҷуд овардани технологияҳои иттилоотӣ, маҷмўи воситаҳои барномавию техникӣ, системаю шабакаҳои иттилоотиро барои фаъолияти худ ва ба истеъмолкунандагон расонидани хизмати иттилоотиро мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ доранд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  2. Системаҳои иттилоотиро, ки дар бораи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маълумот доранд, мақомоти давлатӣ ё худ ташкилотҳои ваколатдори давлатӣ ва идоракунӣ барпо менамоянд. Агар мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат диҳад, чунин системаҳоро субъектҳои моликияти љайридавлатӣ барпо карда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  3. Системаҳои байнидавлатии иттилоотӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи шартномаю созишномаҳои байналмилалӣ барпо карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  4. Мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд шабакаҳои минтақавӣ (ки ба субъекти муносибатҳои ҳуқуқии соҳаи иттилоотонӣ тааллуқ доранд), байнисоҳавӣ ва байнидавлатии иттилоотро барпо намоянд ва (ё) бо системаҳои иттилоотии худ ба онҳо ҳамроҳ шаванд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  5. Тартиби ба чунин шабакаҳо ҳамроҳ шудан ва қоидаҳои мубодилаи иттилоотро дар ин шабакаҳо моликон ё худ шахсони ваколатдори онҳо дар асоси қонунгузории ҷорӣ, шартномаю созишномаҳои байналмиллалӣ муқаррар менамоянд.
  6. Намудҳои муайяни технологияҳои иттилоотӣ ва маҷмўи воситаҳои барномавию техникӣ, системаю шабакаҳои иттилоотӣ, ки дар соҳаи мудофиа ва хоҷагии умумӣ истифода мешаванд, метавонанд ба категорияҳое нисбат дода шаванд, ки аҳамияти давлатӣ доранд.

Онҳо моликияти давлатанд ва аз ин рў дар тасарруфи шахсони ҷудогонаи воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда наметавонанд. Номгўй ва ҳамчунин тартиби офаридан ва истифода кардани онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).

  1. Ҳуқуқи моликият ба технологияҳои иттилоотӣ, маҷмўи воситаҳои барномавию техникӣ, системаю шабакаҳои иттилоотӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳофизат карда мешавад, ба шарте, ки онҳо дар мақоми давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда бошанд. Объектҳои иттилоотонии дорои аҳамияти давлатӣ бояд ҳатман ба қайд гирифта шаванд. Тартиби ба қайд гирифтани онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

БОБИ IV. МУҲОФИЗАТИ ЗАХИРАҲОИ ИТТИЛООТ ВА ҲУҚУҚИ СУБЪЕКТҲО ДАР СОҲАИ ИТТИЛООТОНӢ

Моддаи 27. Мақсади муҳофизат
  1. Захираҳои иттилоотӣ ва ҳуқуқи субъектҳо дар соҳаи иттилоотонӣ бояд мавриди муҳофизат қарор гиранд.
  2. Мақсади муҳофизат чунин аст:

– таъмин намудани низоми ҳуқуқии захираҳои иттилоотӣ ҳамчун объекти моликият, пешгирӣ кардани дахолати љайриқонунӣ ба захираҳои иттилоотӣ ва системаҳои иттилоотӣ, амалҳои беиҷозати нусхабардорӣ, бандубаст, таљйир додан, таҳриф ва нобуд кардани иттилоот;

– пурра, саҳеҳу, аниқ ва яклухт нигоҳдоштани иттилооти ҳуҷҷатишуда, имконияти идора кардани раванди коркард ва истифода мутобиқи шароите, ки молики ин иттилоот ё шахси ваколатдори ў муқаррар кардаанд;

– ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба нигоҳ доштани сирри шахсӣ ва махфӣ будани маълумоти шахсӣ дар системаҳои иттилоотӣ;

– фош накардани сирри давлатӣ ва маҳрамияти иттилооти ҳуҷҷатшуда, пешгирии ихроҷ, дуздӣ, сохтакорӣ ва таҳрифи иттилоот;

– таъмин намудани ҳуқуқи субъектҳо дар равандҳои иттилоотӣ ҳангоми ташаккул ва истифодаи захираҳои иттилоот, офаридан, истеҳсолу татбиқ намудани системаю технологияҳои иттилоотӣ.

Моддаи 28. Муҳофизати иттилоот

1.Ҳар иттилооти ҳуҷҷатшудае, ки дар натиҷаи муносибати љайриқонунӣ нисбати он ба молик, соҳиб, истифодабарандагон ва дигар шахсон зарар оварда метавонад, мавриди муҳофизат қарор мегирад.

Низоми муҳофизати иттилоот дар мавридҳои зерин муқаррар карда мешавад:

– нисбати маълумоте, ки сирри давлатӣ ба ҳисоб мераванд аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сирри давлатӣ”;

– нисбати иттилооти ҳуҷҷатшудаи ошкоро ё маҳрамона аз тарафи молики захираҳои иттилоот ё худ шахси ваколатдор дар асоси ҳамин Қонун.

  1. Молики захираҳои иттилоот ва ё шахсони ваколатдор ҳуқуқ доранд ба иҷрои талабот оиди ба муҳофизати иттилоот назорат кунанд ва коркарди иттилоотро дар сурати иҷро накардани ин талабот манъ кунанд ё боздоранд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  2. Молик ё соҳиби иттилооти ҳуҷҷатшуда барои донистани иҷрои дурусти меъёрҳо ва талабот оиди муҳофизати иттилооти ў дар системаҳои иттилоотӣ ҳуқуқ дорад ба мақомоти салоҳиятдор, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, муроҷиат намояд. Ин мақомот шартҳои маҳрамияти худи иттилоот ва натиҷаи санҷишро риоя мекунад (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
Моддаи 29. Пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи иттилоотонӣ
  1. Амалу кирдорҳое, ки боиси вайроншавии ҳуқуқу манфиатҳои субъектҳои муносибатхои ҳуқуқии соҳаи иттилоотонаи, муқаррарнамудаи ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд, аз тарафи мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар раванди иттилоотӣ иштироккунанда пешгирӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  2. Моликони захираву системаҳои иттилоотӣ, офарандагони воситаҳои муҳофизати барномавию техникӣ ва криптографии иттилооти ҳуҷҷатшуда ҳангоми ҳалли масъалаҳои муҳофизат ҳамин Қонун ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии мақомоти махсуси ваколатдори давлатиро оид ба муҳофизати иттилоот ба роҳбарӣ мегиранд.
Моддаи 30. Ҳимояи ҳуқуқи субъектҳо дар соҳаи иттилоотонӣ
  1. Ташкилотҳои давлатӣ ва љайридавлатӣ, инчунин шаҳрвандон барои тартиб додан ва офаридани системаю технологияҳои иттилоотӣ, воситаҳои таъмини онҳо, инчунин ба фаъолияти вобаста бо пешниҳод намудани маҳсулот ва хизматрасонии иттилооти ҳуқуқи баробар доранд.
  2. Ҳуқуқи субъектҳо дар соҳаи ташаккули равандҳои иттилоотӣ ва иттилоотонӣ бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, роҳ надодан ба амалҳои љайриқонунӣ, барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшуда ва ҷуброни зиён ҳимоя карда мешавад.
  3. Ҳуқуқи субъектҳоро суд бо назардошти хусусияти ҳуқуқвайронкунӣ ва зиёни расонидашуда ҳимоя мекунад.
  4. Барои ҳуқуқвайронкунӣ ҳангоми кор кардан бо иттилооти ҳуҷҷатшуда мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият доранд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  5. Масъулияти вайрон кардани меъёру қоидаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ташаккул ва истифодаи захираҳои иттилоот, офаридан ва ба кор бурдани системаҳои иттилоотӣ, талаботи созишномаҳои байналмилалӣ оиди ҳимояи ҳуқуқи муаллифӣ ба зиммаи мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо ва шаҳрвандон мутобиқи шартномаҳои бо ҳамкорони хориҷӣ имзокардаи онҳо, бо назардошти санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, гузошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
Моддаи 31. Ҳимояи ҳуқуқи истифодабаранда барои дастрас кардани иттилоот
  1. Аз роҳ надодан барои дастрас кардани иттилооти ошкоро ё аз дидаву дониста пешкаш намудани иттилооти бардурўљ (нодуруст) ба суд шикоят кардан мумкин аст. Дар ҳар ҳолат шахсоне, ки онҳоро аз дастрас намудани иттилоот маҳрум гардонидаанд ва шахсоне, ки иттилооти бардурўљ  гирифтаанд, ба ҷуброни зиён ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  2. Тарафҳо барои иҷро накардан ё худ номатлуб иҷро кардани ўҳдадориҳои шартномаи хариду фурўш, пешкаш намудани захираҳои иттилоот тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон масъуланд.
  3. Суд баҳсҳоро оиди беасос нисбат додани иттилоот ба категорияи иттилооти дастрасаш маҳдуд ва даъвоҳоро оиди ҷуброни зиён дар ҳолатҳои беасос ба истифодабарандагон пешкаш накардани иттилоот ё ки барои ҳуқуқвайронкуниҳо нисбати истифодабарандагон ва ўҳдадориҳои шартнома дида мебарояд.
  4. Роҳбарону кормандони мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳое, ки дастрас намудани иттилоотро љайриқонунӣ маҳдуд сохтаанд ва тартиботи ҳифзи иттилоотро риоя накардаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).

БОБИ V. ИДОРА ВА ТАНЗИМИ СОҲАИ ИТТИЛООТОНӢ

Моддаи 32. Мақомоти идораю танзими давлатии соҳаи иттилоотонӣ
  1. Давлат соҳаи иттилоотониро бо мақсади ба амал баровардани сиёсати худ дар соҳаи иттилоотонӣ идора ва танзим менамояд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  2. Идораю танзими давлатии муносибатҳои соҳаи иттилоотониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ваколатҳои худ ва ҳамин Қонун ба воситаи системаи ягонаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардонад.
  3. Сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи иттилоотонӣ мақоми ваколатдори иуайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул медиҳад ва равандҳои пешрафти ин соҳаро ҳамоҳанг месозад (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
Моддаи 33. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи иттилоотонӣ

(Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595)

  1. Ба ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи иттилоотонӣ тааллуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595):

– тарҳрезӣ кардани сиёсати ягонаи давлатии инкишофи иттилоотонӣ ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки он;

– муқаррар намудани тартиби маблаљҷудокунӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармоягузории хориҷӣ барои пешрафти соҳаи иттилоотонӣ ва назорат оиди истифодабарии он;

– роҳбарӣ, ҳамоҳангсозӣ тартибдиҳӣ ва амалӣ гардонидани барномаҳои умумидавлатӣ ва лоиҳаҳо дар соҳаи иттилоотонӣ;

– барпо кардан, тараққӣ додан ва боэътимод гардонидани кори системаю шабакаҳои телеиртиботи умумидавлатӣ;

– танзими тартибу шароити ҳамкории системаю шабакаҳои иттилоотӣ ва ҷузъҳои дигари инфраструктураи иттилоотонӣ, ҷорӣ кардани системаҳои пешқадами протоколҳои байнишабакавӣ;

– муайян кардани тартибу шароити бо иттилоот таъмин намудани мақомоти идораи давлатӣ, аз ҷонибишахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифода бурдани захираҳои умумидавлатии иттилоот (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595);

– ташкили санҷиши (экспертизаи) барномаҳо, лоиҳаю таклифҳо дар соҳаи иттилоотонӣ, сертификатсияи маҳсулот, раванду технологияҳои иттилоотӣ;

– дастгирӣ намудани бозори маҳсулот ва хизматрасонии иттилоотӣ;

– хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 124);

– муқаррар кардани стандартҳо, таснифгарон ва системаҳои якнавохтсозии соҳаи иттилоотонӣ, назорат ба риояи онҳо;

– муайян кардани тартибу шароити гузаронидани тадқиқот, тарҳрезӣ ва истеҳсоли воситаю технология ва системаҳои иттилоотӣ;

– ҳимоя ва эҳтиёт кардани ҳуқуқу манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи иттилоотонӣ (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595);

– муқаррар намудани тартиби баҳисобгирии давлатии маҳсулоти барномавӣ ва асосҳои маълумот, ки аз ҳисоби маблаљи буҷети давлатӣ ба вуҷуд оварда шудаанд ва ҳамчунин ба қайд гирифтани марказҳо, системаю шабакаҳои иттилоотие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз тобеияти идоравии онҳо амал мекунанд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595);

– ташкили ҳамкорӣ ва ҳамоҳанг сохтани алоқа дар соҳаи иттилоотонӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ.

  1. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар идораву танзими давлатии соҳаи иттилоотонӣ дар доираи салоҳияту вазифаҳояшон, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муаяйн кардааст, иштирок менамоянд.
Моддаи 34. Маблаљгузорӣ барои иттилоотонӣ
  1. Маблаљгузорӣ барои иттилоотонӣ аз ҳисоби маблаљи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблаљи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин сармояҳои хориҷӣ амалӣ мешаванд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки инкишофи иттилоотониро муайян ва тартиби маблаљгузориро муқаррар менамояд. Қарорҳоро оиди сармоягузории лоиҳаҳои инкишофи иттилоотонӣ аз ҳисоби маблаљи буҷети давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи барномаи тасдиқшудаи иттилоотонӣ қабул менамояд.
  3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалб кардани сармояи хориҷӣ ба соҳаи иттилоотонӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.
Моддаи 35. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 124)

Моддаи 36. Сертификатсияи системаю технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи иттилоотонӣ
  1. Барои таъмини соҳибихтиёрӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сифат, қобилияти рақобат ва ҳимояи бозори дохилӣ сертификатсияи системаю технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои таъмини онҳо ба амал бароварда мешаванд.
  2. Системаҳои иттилоотӣ, асос ва бонки маълумотеро, ки барои таъмини иттилоотии ташкилоту шаҳрвандон пешбинӣ шудаанд, мақомоти ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ” бояд сертификатсия кунад.
  3. Системаҳои иттилоотии мақомоти давлатие, ки иттилооти ҳуҷҷатшудаи дастрасаш маҳдудро мавриди коркард қарор медиҳанд, инчунин воситаҳои муҳофизати ин системаҳо бояд бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман сертификатсия карда шавад (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
Моддаи 37. Танзим ва ҳавасмандгардонии давлатии фаъолият дар соҳаи иттилоотонӣ
  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои тадқиқотӣ, илмӣ, таҷрибавию ихтироот дар соҳаи тарҳрезӣ ва офаридани системаю воситаҳо ва технологияҳои иттилоотӣ шароит муҳайё карда мешавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи сиёсати илмию техникӣ ва саноатӣ самтҳои афзалиятноки инкишофи иттилоотонӣ, инчунин тартиби маблаљгузориро ба онҳо муайян менамояд.
  3. Мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мутобиқи самтҳои афзалиятноки инкишофи иттилоотонии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезон ва офарандагони системаю технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои таъмини онҳоро дастгирӣ мекунанд, ба ҳар чи бештар қобили рақобат шудани маҳсулоти иттилоотӣ ёрӣ мерасонанд, инкишофи тадқиқоти ояндадори илмиро ҳавасманд мегардонанд, ихтироотҳои куллан навро патент мекунанд ва барои аз худ намудани технологияҳои компютерии иттилоот кумак мекунанд. Дар ҳолатҳои муқарраркардаи Қонун содироту воридоти намудҳои муайяни технология, маҳсулот ва хизматрасонии иттилоотӣ, фурўхтани онҳо дар бозори дохилӣ маҳдуд ва ҳамчунин истеҳсолкунандагон вазифадор карда шуда метавонанд, ки сатҳи зарурии стандарту сифатро таъмин кунанд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
Моддаи 38. Баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатӣ дар соҳаи иттилоотонӣ
  1. Тамоми объектҳои инфраструктураи иттилоотонӣ, захираҳои иттилоотӣ, моддӣ, техникӣ, молиявии онҳо, мутахассисон ва дигар захираҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бояд аз тарафи давлат ба ҳисоб ва ба қайд гирифта шаванд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои баҳисобгирӣ ва таҳлили ҳолати инфраструктураи иттилоотии давлатро муқаррар менамояд.
Моддаи 39. Таълимот дар соҳаи иттилоотонӣ
  1. Бо мақсади баланд бардоштани маданияти иттилоотии аҳолӣ ва маҳорати касбии мутахассисон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи тарбияи умум ва бардавом, таълим ва вусъат додани дониш оиди иттилоот ва техникаи компютерӣ муқаррар карда мешавад.
  2. Дар барномаи мактабҳо, сарфи назар аз соҳаву шакли моликият, бояд таълимоти асосҳои иттилоот ва техникаи компютерӣ пешбинӣ шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  3. Дар барномаҳои мактабҳои таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ), ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, инчунин дар ташкилоту таълимгоҳҳои такмили ихтисос ва бозомўзӣ тибқи соҳаашон бояд таълими курсҳои махсуси иттилоот ва техникаи компютерӣ пешбинӣ шуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  4. Мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба амал баровардани донишу имкониятҳои иттилоотонӣ, системаю технологияҳои иттилоот, инчунин истифодаи захираҳои иттилоотро дар байни аҳолӣ интишор менамоянд ва аҳолиро аз қонунгузории соҳаи иттилоотонӣ бохабар месозанд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
Моддаи 40. Маҳдуд кардани фаъолияти инҳисорӣ (монополикунонӣ) дар соҳаи иттилоотонӣ
  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти инҳисорӣ (монополикунонӣ) дар соҳаи иттилоотонӣ манъ аст (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  2. Парвандаҳои инҳисорикунонии соҳаи иттилоотонӣ дар мақомоти давлатии зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси худ, пешниҳодоти мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин субъектҳое, ки ҳуқуқҳояшон дар натиҷаи чунин инҳисорикунонӣ поймол гаштаанд, баррасӣ мешаванд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  3. Қоидаҳои рақобати софдилона ба ҳамаи шаклҳои фаъолияти соҳаи иттилоотонӣ дахл доранд.

БОБИ VI. МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Моддаи 41. Муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи иттилоотонӣ
  1. Муносибатҳои соҳаи иттилоотонии байни давлатҳо дар асоси созишномаҳои дутарафа ва бисёртарафа, барномаҳои муштараки илмию техникӣ, шартномаю ўҳдадориҳои шахсони ҳуқуқӣ оиди барпо намудани системаҳои ягонаю муштарак, коллективию барномавӣ ва техникии ягонаи иттилоотии мувофиқ ва ҳамчунин аз рўи масъалаҳои дигари иттилоотонӣ муқаррар карда мешаванд.
  2. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи иттилоотонӣ дар асоси шартномаю созишномаҳои байналмилалӣ амалӣ гардонида мешавад.
Моддаи 42. Тартиботи ҳуқуқии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи иттилоотонӣ

Мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд дар асоси шартномаҳо системаҳои иттилоотии худро ба шабакаҳои байналмилалии иттилоот ҳамроҳ кунанд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).

Моддаи 43. Ҳамроҳшавӣ (интегратсия) ба шабакаю системаҳои байналмилалии иттилоотӣ
  1. Системаҳои иттилоотиеро, ки иттилооти дастрасаш маҳдудро мавриди коркард қарор медиҳанд, бо шабакаи байналмилалии иттилоотӣ танҳо баъди қабул намудани чораҳои зарурии муҳофизат якҷоя кардан мумкин аст.
  2. Бе иҷозат ба шабакаҳои иттилооти ҳамроҳ кардани системаҳои иттилоотии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин аз ин шабакаҳо гирифтани иттилоот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ дорад (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).
  3. Иттилоот ҳангоми мубодилаи байналмилалӣ мутобиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳофизат карда мешавад.
Моддаи 44. Шартномаҳои байналмилалӣ

Агар дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар ба ҳамин Қонун тартиби дигар муқаррар шуда бошад, он гоҳ меъёрҳои шартномаҳои байналмилалӣ амал мекунанд.

БОБИ VII. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 45. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

(Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595)

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1595).

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон  Э.Раҳмонов

ш.Душанбе

 6 августи соли 2001 № 40