Муҳокимаи ҷамъиятии лоиҳаи қонуни ҶТ “Дар бораи ВАО”

0
659

Имрӯз, 14 майи соли равон муҳокимаи навбатии қонуни ҶТ “Дар бораи Воситаҳои ахбори омма” бо иштироки доираи васеи намояндагони мақомоти давлатию вакилони Парумон, созмонҳои байналмилалию ҷамъиятӣ ва журналистӣ ба поён расид. Дар натиҷаи баҳсу баррасиҳо ҳудуди 40 таклифу пешниҳод ироа гардид, ки барои такмили лоиҳаи қонун “Дар бораи ВАО” мусоидат хоҳад кард.
Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти МН дар ҳамкорӣ ТҶ “Хома” ва дастгирии намояндагии Иттиҳоди Аврупо ҳамоишро баргузор намуд.

Матробиён Саодатшо, ноиби Раиси кумита оид корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагон зимни сухани ифтитоҳӣ гуфт, ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, амнияти давлат ва ҷомеа ва дар ин замина баланд бардоштани малакаи рӯзноманигорон ва блогерҳо, муайян кардани хабарҳои бардурӯғ ва маълумоти бардурӯғ, татбиқи усулҳои баррасии интиқодӣ ва санҷиши далелҳо, инчунин мусоидат ба фаҳмиши касбӣ ва ахлоқӣ, Парлумони Тоҷикистон дар ҳамкори бо шарикони рушд лоиҳаи Кодекси иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Васоити ахбори омма” таҳия намуд.

Аз чап ба рост Раймундас Кароблис, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, вакилон Матробиён Саодатшо, Муҷибахон Ҷавҳарӣ ва Шаҳло Акобирова, директори ТҶ “Хома”

Ҷаноби Раймундас Кароблис, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон зимни суханронии хеш қайд кард, ки рӯзноманигорон барои шунида шудани мавқеъҳо фазо фароҳам меоранд. Рушди устувори иҷтимоию иқтисодии ҷомеа танҳо дар ҳоле ба амал меояд, ки шаҳрвандон ба иттилооти боэътимод дастрасӣ дошта бошанд ва озодона андешаҳои худро баён кунанд, бахусус, дар бораи қарорҳое, ки ба зиндагии онҳо таъсир мерасонанд. “Вақте ки рӯзноманигорон ва кормандони ВАО метавонанд озодона ва бехатар фаъолият кунанд, ҷомеаҳо шукуфоӣ ва устувории бештарро эҳсос мекунанд.”,-таъкид намуд ин дипломат.

Муҷибахон Ҷавҳарӣ дар байн

Муҷибахон Ҷавҳарӣ, вакили Маҷлиси намояндагон оид ба натиҷаи фаъолияти гурӯҳи кории кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот зимни таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ВАО” маълумот дод.

Мавсуф зикр намуд, ки Қарори кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот  “Дар бораи  таъсиси гуруҳи корӣ” аз 27 марти соли 2023 таҳти №2 содир шуда, дар асоси қарори  мазкур ба ҳайати гурӯҳи корӣ намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил гардида, лоиҳаи қонуни мазкурро таҳия карданд.

“Барои такмили лоиҳаи қонун гуруҳи корӣ тасмим гирифт, ки  онро  дар муҳокимаи навбатӣ пешниҳод намояд. Чунин муҳокимаҳо дар Вилояти Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки созмонҳои рӯзноманигорӣ, рӯзноманигорони шинохта ва муҳаққиқони соҳа дар муҳокимаҳо фаъолон ширкат намуданд.”,-иттилоъ дод ин вакил.

Шаҳло Акобирова зимни ироаи маърӯза

Шаҳло Акобирова, директори ТҶ “Хома” аз нақши Ташкилоти ҷамъиятии “Хома”  дар раванди таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ВАО” нақл кард. Ҳамчунин иттилоъ дод, ки бо дастгирии СММ коршиносони байналмиллалӣ Александр Бурмагин таҳлили қонунҳои амалкунандаи миллӣ ва мутобиқсозии онҳо бо санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистонро гузаронид, ки барои такмили лоиҳаи қонун “Дар бораи ВАО”  як қадами ҷиддие маҳсуб мешавад.

Директори ТҶ “Хома” аз раванди муҳокимаҳои ҷамъиятӣ ёдовар шуд, ки ҳар як маҳфум, сархат, модда ва номи мода ва бобҳои лоиҳаи қонуни ҶТ “Дар бораи ВАО”-ро ҳуқуқшиносон, мутахассисони соҳаи ВАО мӯшикофона баҳсу баррасӣ карданд ва ҳар як пешниҳоду таклиф ҷиддӣ баррасӣ гардид.

“Мафҳумҳои нав, аз қабили брифинг, манфиатдории ҷамъият, нашрияҳои шабакавӣ, оператор ҷойи ҷамъиятӣ ва шахси оммавӣ дар лоиҳаи қонун ҷой дода шуданд, ки дар қонунҳои соҳавӣ вуҷуд надоштанд.”,-қайд кард Ш. Акобирова ва илова намуд, ки “ин лоиҳа барои ҳифзи ҳуқуқҳои аудуторияи гуногун меъёрҳоеро пешбинӣ намудааст, аз қабили “ҳифзи кӯдакон ва наврасон ҳангоми пахши барномаҳои телевизионӣ”, “таснифбандии маводи воситаҳои ахбори омма”, “таъмини шахсони дорои имкониятҳои маҳдуди шунавоӣ ба маълумот” ва ғайра.

Қабули як қонуни нав чаро зарур аст?
Фаъолияти Воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон асосан бо ду қонун танзим карда мешавад – Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” ва Қонуни ҶТ “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ”.
Сарфи назар аз тағйироту иловаҳо ба қонунҳои мазкур, тараққиёти техналогия ва уҳдадориҳои байналмилалӣ зарурат пеш овардааст, ки ин санадҳоро ба меъёрҳои байналмилалӣ ва шароити замонавӣ мутобиқ сохта шавад. Бинобар ин, гурӯҳи корӣ ба натиҷа расид, ки қонуни нави соҳавие таҳия ва қабул карда шавад.