Инъикоси рӯйдодҳои ҷиноӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

0
343

Рӯйдодҳои ҷиноӣ ҷузъи таркибии ҳаёти рӯзмарраи ҷомеа мебошад. Пахш ва паҳни ин гуна ҳодисот,  чун дигар рӯйдодҳо бар дӯши васоити ахбори омма (ВАО) вогузор шудааст. Инъикоси ахбори ҷиноӣ як тартиби муайяни махсусеро дорад , ки аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ)  тасдиқи худро ёфтааст. Барои рӯзноманигор донистани мафҳумҳои ҳуқуқӣ шарт ва зарур мебошад. Сараввал бояд фарқ байни ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниро фаҳмид. Қонунгузорӣ ин ду маҳфумро чунин шарҳ додааст:

  Қонунгузории ҶТ нисбати шахсоне, ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, аз ҳолати дастгир шудан то баррасии парванда, мафҳумхои махсуси ҳукукиро татбиқ кардааст.

Вақти инъикоси руйдодҳои ҷиноӣ, ҳатман бояд дар кадом статус қарор доштани шахсро муайян кард!

Эҳтимолияти бегуноҳӣ

    Мутаассифона, дар баъзе мавридҳо ҳангоми инъикоси ахбори ҷиноӣ намояндагони ВАО принсипи эҳтимолиятӣ бегуноҳиро сарфи назар мекунанд. Сабабҳои асосии ба ин иштибоҳ роҳ додани хабарнигорон ин маърифати пасти ҳуқуқӣ ва воҳиманоку пур сару садо кардани хабар мебошад.

   Эҳтимолияти бегуноҳӣ яке аз принсипҳои асосии истеҳсолоти судӣ ба ҳисоб рафта, мутобиқи он то қувваи қонуни гирифтани ҳукми суд, шахс гунаҳгор дониста намешавад.

Принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ дар қонунгузории ҶТ инъикоси худро ёфтааст:

Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ВАО ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми паҳн кардани руйдодҳои ҷиноӣ

     ВАО ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти инъикоси ахбори ҷиноӣ фаъолияти муштарак доранд. Қонунгузории ҶТ оиди ин фаъолият як қатор ҳуқуқу  ӯҳдадориҳоро пешбинӣ кардааст:

       

Инчунин дар вақти инъикоси рӯйдодҳои ҷиноӣ ҳолатхои махсусе ҳастанд, фош кардани маълумотро қонунгузорӣ қатъиян манъ кардааст:

Муҳокимаи  (мурофиаи)  судӣ

Тибқи қонунгузории ҶТ намояндагони ВАО ҳукуқ доранд дар мурофиаҳои судӣ иштирок намоянд. Аммо ҳастанд ҳолатхое, ки мурофиа  бо қарори суд  метавонад бо шакли пӯшида гузарад. Тартиби ба шакли пӯшида гузарондани мурофиа аз тарафи судя бояд асоснок карда шавад.

 Дар рафти мурофиа мувофиқи моддаи 273 Кодекси мурофиавии  ҷиноятии ҶТ ҳуқуқ дорад:

Мувофиқи  қонунгузории ҶТ  ҳангоми паҳн кардани ахбори ҷиноӣ, намояндагони ВАО аз расонаи кардани маълумоти шахсии ба  ноболиғон таалуқ дошта,  бояд даст кашанд:

Тавсияҳо

1)Дар вақти нашри рӯйдодҳои ҷиноӣ аз нишон додани мансубияти миллӣ, қавмӣ, ва динии айбдоршаванда ё ҷинояткор худдорӣ кунед.

2) Принсипи эҳтимолияти бегуноҳиро риоя кунед.

3) Маълумотҳои шахсиро ( ному насаб, суроға, миллат, касбу кор) агар зарурати воқеӣ надошта бошад, нашр накунед.

4) Ҷабрдида агар ноболиғ  бошад, аз расонаӣ кардани маълумотҳое, ки шахсияти ӯро окшор мекунад,  даст кашед.

5) Вақти нашри қазияи ҷиноӣ, фикру ақидахои ҳар ду ҷониби қазияро ба назар гиред ва ба хусусияти баҳодиҳии матлаб роҳ надиҳед.

6) Вақте, ки хабарро аз ягон хадамотҳои матбуотии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ мегиред, ҳатман манбаи онро қайд кунед.

7) Метавонед аз ҳуқуқвайронкунии намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мақомотҳои болоӣ шикоят баред.

8) Журналист ҳақ надорад, ки ба судяҳо ва муфаттишу таҳқиқбаранда “фишор” оварда ба рафти тафтишоти пешакиву мурофиаи судӣ халал расонад.

 

Ҳуқуқшинос:  Хуршед Қурбоншоев