МАКТАБИ ТАҲИЯИ ГУЗОРИШИ МАХСУС

0
2124

Рӯзноманигорони ҷавони телевизионҳо ва видеомейкерон/таҳиягарони мустақили матлабҳои видеоӣ аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои иштирок дар Мактаби «Гузориши махсус. Чӣ тавр мавзӯро бо видео инъикос бояд кард (маҳорати касбии кор бо видео)» даъват мешаванд.

Ба шумо чӣ меомӯзонанд?

Шумо тарзи кор бо манбаъҳои иттилоот, гузаронидани мусоҳибаҳои касбӣ, қоидаву усулҳои наворбардорӣ ва танзимро меомӯзед ва гузориши видеоии худро мустақилона месозед.

Гузоришҳои беҳтарин дастгирии молиявӣ меёбанд.

Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост барои Мактаб дар Тоҷикистон: соати 19:00 (бо вақти Душанбе) 23 майи соли 2022. Бо шахсоне, ки аз интихоби пешакӣ мегузаранд, суҳбати инфиродӣ гузаронда мешавад.

Барномаи мактаб аз ду марҳила иборат аст:

1) Шаш рӯзи омӯзиши фаъоли офлайнӣ бо тренерони байналмилалӣ ва дохилӣ.

2) Ду ҳафта кори ментории тренерон (офлайн ва онлайн).

Мактаб 6 июни соли равон дар Душанбе дар дафтари ТҶ «Хома» оғоз шуда, 11 июн анҷом меёбад.

Тренери асосӣ продюсери шинохта, журналист, оператор ва монтажери ботаҷрибаи Русия Денис Бевз.

Таълим ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ сурат мегирад.

Дар омӯзиш метавонанд рӯзноманигорони ҷавони телевизионҳо ва таҳиягарони мустақили  матлабҳои видеоӣ аз Тоҷикистон, ки малакаи наворбардориву таҳияи видеоро доранд, метавонанд ширкат кунанд. Доштани таҷҳизоти шахсии худ ва идеяи гузориши оянда ҳатмист.

Дархостҳо метавонанд ба таври инфиродӣ ва гурӯҳӣ пешниҳод карда шаванд.

Барои иштирок, лутфан дархостро дар ин пайванд пур кунед:

Мактаб бо ташаббуси Internews ташкил шуда, дар ҳамкорӣ бо тими Be Globe (Қазоқистон), Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» (Тоҷикистон) ва ҶДММ «Anhor.uz» (Ӯзбекистон) гузаронида мешавад. Лоиҳа дар доираи барномаи MediaCAMP Осиёи Марказӣ бо дастгирии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ мегардад.
###

INTERNEWS И ПАРТНЕРЫ ОТКРЫВАЮТ ШКОЛУ СПЕЦИАЛЬНОГО РЕПОРТАЖА

Мы приглашаем молодых тележурналистов и самостоятельных видеомейкеров из Казахстана, Таджикистана и Узбекистана к участию в Школе «Спец репортаж. Как рассказать историю с помощью видеоряда (профессиональные навыки работы с видео)».

Чему вас обучат?

Вы научитесь работе с источниками информации, проведению идеальных интервью, принципам съемки и монтажа и создадите собственный видеорепортаж.

Лучшие работы будут поддержаны стипендиями.

Окончание приема заявок для Школы в Таджикистане: 19:00 (по времени Душанбе) 23 мая 2022 года. С прошедшими предварительный отбор будут проведены индивидуальные беседы.

В программе Школы запланировано два этапа работы:

  • Шесть дней интенсивного обучения с международными и отечественными тренерами в режиме офлайн.
  • Две недели менторской поддержки в гибридном формате (офлайн и онлайн).

Школа стартует 6 июня в Душанбе в офисе ОО «Хома» и завершается 11 июня.

Главный тренер известный российский продюсер, опытный журналист, оператор и монтажер Денис Бевз,

Обучение проводится на русском и таджикском языке.

Участие в обучении могут принять начинающие молодые тележурналисты и видеомейкеры из Таджикистана, имеющие базовые навыки съёмок и видеопроизводства.  Наличие собственного оборудования и идеи будущего репортажа обязательно.

Заявки можно подавать индивидуально и в составе команд.

Для участия, заполните пожалуйста заявку, пройдя по ссылке:

Школа инициирована Internews и проводится в партнерстве с командой Be Globe (Казахстан), Общественной организацией «Хома» (Таджикистан) и ООО Anhor.uz (Узбекистан). Проект реализуется в рамках Центральноазиатской программы MediaCAMP при поддержке Агентства США по международному развитию (USAID).