Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ

0
3189

Мафҳумҳо:

Субъекти маълумоти шахсӣ шахси воқеие, ки ба ӯ маълумоти шахсии дахлдор тааллуқ дорад.

Маълумоти шахсӣмаълумот дар бораи далелҳо, воқеаҳо ва ҳолатҳои ҳаёти субъекти маълумоти шахсӣ, ки ба айнияткунонии шахсияти ӯ имкон медиҳад. (моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ”).

Ба ақидаи  олими соҳаи ҳуқуқ Шершеневич Габриеэл, ҳаёти шахсӣ – ин чунин соҳаи ҳастии инсони мебошад, ки инсон мехохад, ки онро барои дигарон дастнорас гардонад”. Ё ба гуфтаи олими дигари соҳа “Ҳаёти шахсӣ – ин ҷаҳони дохилии инсон аст” (Марат Баглай олими соҳаи хукукшиносӣ).

Ҳифзи маълумоти шахсиро қонунгузорӣ кафолат медиҳад. Аз ин лиҳоз ҷамъоварӣ ва нигоҳдории маълумот дар бораи  шахсони алоҳида, дастрасӣ ё истифодаи маълумот  дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе иҷозати ӯ манъ мебошад. Зеро ҳуқуқ ба ҳифзи маълумоти шахсӣ ҳуқуқи Конститутсионии ҳар шахс буда, он тавассути Конститутсия, санадҳои байналмиллаӣ ва қонугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад.

Ҳамин аст, ки иттилоот дар бораи ҳаёти шахсӣ ва оилаивии инсон тибқи қонугузории Ҷумҳурии Тоҷикиситон ба номгӯи иттилооти дастрасиашон ба саҳми омма маҳдуд эътироф шудаанд. Интишори ҳар гуна маълумот дар бораи хаёти шахсии  инсон дар интернет ва дигар манбаҳои паҳнкунӣ бояд бо иҷозати ӯ сурат гирад. Зимнан сухан на дар бораи ҳаёти иҷтимоии шахс, балки дар бораи ҳаёти инфиродии ӯ, ҳаёти шахсии вай меравад. Воситаҳои ахбори омма ва журналистон уҳдадоранд, ки тартиби муқаррарнамудаи қонунгузориро риоя намуда, ба ҳаёти шахсии одамон эҳтиром гузоранд ва маълумот дар бораи ҳаёти шахсро танҳо бо иҷозати худи шахс нашр намоянд.

Тибқи тартиби муқарарнамудаи меъёрҳои ҳуқуқӣ маълумот ё иттилооти шахсӣ аз инҳо иборат мебошад:

  • ҳаёти шахсии инсон, оилаи ӯ;
  • мухити зист ва манзили истиқоматӣ;
  • шаъну шараф ва эътибори инсон;
  • дахлнопазирии психикӣ ва ҷисмонии шахс;
  • суратҳо, расмҳои шахсӣ ва дигар аксҳои инсон;
  • иттилоот дар бораи вазъи саломатӣ;
  • иттилоот дар бораи қобилияти шаҳвонӣ;
  • иттилоот дар бораи хислат ва хусусияти шахс;
  • мукотибот, андеша ва мулоҳизахои шахсӣ;
  • одат ва дигар хислатҳои инфиродии инсон.

Маълумотҳои дар боло овардашуда ба сифати маълумоти шахсӣ тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмиллалӣ оид ба ҳуқуҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Кодекси Гражданӣ, Кодекси Ҷиноятӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ”,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоот” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳифз карда мешавад.

Тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 23-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрамияти мукотиба, сухбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудааст. Дар бораи хаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст. 

Мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 12-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ба ҳаёти шахсӣ ва оилавии ҳеч кас дахолати худсарона намудан ва ба дахлнопазирии манзил, сирри мукотибот, шаъну эътибори ӯ худсарона сӯиқасд кардан мумкин нест. Ҳap инсон ҳуқуқ дорад, ки дар мавриди чунин мудохила ё сӯиқасд аз ҳимояи қонун истифода намояд. Ва ба ҳамин мазмун дар моддаи 17-и Паймони байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ низ омадааст.

Дар моддаи 29-и Қонуни Ҷусмҳурии ТоҷикистонДар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” гуфта шудааст, ки воситаҳои ахбори оммаро бо мақсади дахолат кардан ба ҳаёти шахсӣ, дидаву дониста нашр кардани хабару маводи бардурӯғ, маълумотҳои туҳмату таҳқиромез, ки шаъну шараф ва эътибори кории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро паст мезананд, истифода набарад. Яъне дар ВАО танҳо маълумотҳое, ки шахс дар бораи худаш иҷозаи нашр медиҳад, ҷой дода шавад ва дар сурати розӣ набудани ӯ набояд нашр карда шавад.

Дар таҷрибаи қонунгузории Тоҷикистон, дар заминаи Конститутсия ва санадҳои байналмиллалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ” аз 8 июни соли 2018, № 1115 қабул карда шудааст.  Дар қонуни мазкур мафҳумҳои асосӣ оиди ҳифзи маълумоти шахсӣ, принсипҳои ҳифзи маълумоти шахсӣ, кафолатҳои давлатии ҳифзи маълумоти шахсӣ, механизмҳои ҳифзи маълумоти шахсӣ, тартиби ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва паҳн намудани маълумоти шахсӣ, субъекти маълумоти шахсӣ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои он ва амсоли инҳо кафолат дода шудаанд.  Масалан дар моддаи 5-и қонуни мазкур оиди кафолатҳои давлатии ҳифзи маълумоти шахсӣ чунин гуфта шудааст: Ҳифзи маълумоти шахсӣ аз тарафи давлат кафолат дода мешавад. Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ ҳангоми мавҷуд будани сертификати мутобиқати мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ ва амнияти иттилоотӣ амалӣ карда мешаванд. Барои таъмини бехатарии маълумоти шахсӣ бояд оид ба ҳифзи онҳо аз тасодуфан ё беиҷозат ихроҷ шудан, нусхабардорӣ, дуздӣ, гум кардан, тағйир додан (сохтакорӣ) ва ифшо ё нобуд кардан чораҳо андешида шаванд.

Тибқи қонуни мазкур маълумоти шахсӣ ба ду гуруҳ яъне дастрасии умум ва дастрасии маҳдуд тақсим мешавад. Дастрасии маълумоти шахсии дастрасии умум бо розигии субъект озод мебошад ё тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи низоми махфият нисбат ба он татбиқ намегардад. Бо мақсади таъминоти иттилоотии аҳолӣ манбаъҳои маълумоти шахсии дастрасиашон озод (аз ҷумла маълумотномаҳои тарҷумаиҳолӣ, китобҳои телефонӣ, суроғавӣ, захираҳои иттилоотии электронии дастраси умум, воситаҳои ахбори омма) истифода мешаванд.  Дастрасии маълумоти шахсии дастрасии маҳдуд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд мебошад (ҚҶТ “Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ м. 9).

Субъект ё намояндаи қонунии ӯ ба ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон розигӣ медиҳад ё онро бозхонд мекунад. (ҚҶТ “Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣм.11)

Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ бе розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад:

  • аз ҷониби мақомоти давлатӣ иҷро намудани вазифаҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;
  • ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд (ҚҶТ “Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣм. 12).

Ҳамчунин, дар  мавридҳои зерин  бе  розигии шахс  истифода  бурдани  расми  ӯ  ичозат  дода мешавад:

  • истифодаи сурат (расм)  бо  мақсадҳои    манфиатҳои  давлатӣ, ҷамъиятӣ ё  манфиатҳои умуми;
  • агар расми (сурати) шахс   дар   ҷамъомадҳои  умумӣ  гирифта  шуда  бошад, дар ҷаласаҳо,  конфронсҳо, консертҳо, мусобиқаҳои варзишӣ  ва  дигар  ҷамъомадҳои характери  умумиҷамъиятидошта;
  • агар расм (сурат)  бо маблағ  дода  шуда бошад.

Бо назардошти моддаҳои 6-7-и қонуни мазкур ба сифати мақомоти ваколатдор оиди ҳифзи маълумоти шахсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикитон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ баромад мекунанд.

Дар ҳолати аз тарафи воситаҳои ахбори омма, журналистон ё шахси дигар таввассути интернет ва ё бо роҳи дигар ҳуқуқ ба ҳифзи маълумоти шахсӣ, сирри оилавии дигар шахс вайрон карда шавад, асоси ба вуҷуд омадани ҷавобгарии ҳуқуқӣ мегардад. Барои вайрон кардани ҳуқуқ ба ҳифзи маълумоти шахсӣ, сирри оилавӣ дар қонунгузории ҷиноятӣ ва граждании  Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои алоҳида пешбинӣ карда шудаанд.

Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои кирдорҳои мазур дар моддаҳои 144, 145, 146, 147 ва 173-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст:

Моддаи 144. Ғайриқонунӣ ҷамъ кардан ё паҳн намудани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ, ки сирри шахсӣ ё оилавии шахси дигарро дар бар мегирад бидуни иҷозати ӯ ё паҳн кардани чунин маълумот дар баромадҳои оммавӣ, асар  дар воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи интернет, агар чунин кирдор бо ғарази шахсӣ ё ҳавасмандии шахсӣ анҷом дода шуда, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд зарар расонда бошад, қатъиян манъ аст.

Моддаи 145. Ошкор намудани сирри тиббӣ. Ошкор намудани тафсилот оид ба беморӣ ё дигар натиҷаҳои таҳқиқи тиббии бемор аз ҷониби корманди соҳаи тиб, дорусозӣ ё дигар корманд бидуни зарурати касбӣ ё хизматӣ.

2) Ҳамин кирдор, ки дар фош кардани таҳсилот оид ба гирифтории шахс ба бемории инфекцияи ВИЧ ифода меёбад…

Моддаи 146. Вайрон кардани маҳрамияти мукотиба суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти телеграфӣ ё дигар мухобирот …

1) Вайрон кардани маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти телеграфӣ ё дигар мухобироти шаҳрвандон,..

2) Хамин кирдор, ки аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматиаш ё воситаҳои махсуси техникӣ, ки барои ниҳонӣ  ба даст овардани маълумот пешбинӣ  гардидаанд, содир шуда бошад.

3) Ғайриқонунӣ истеҳсол кардан, ба соҳибияти каси дигар додан ё соҳиб шудан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои махсуси техникӣ, ки барои ниҳонӣ  ба даст овардани маълумот пешбинӣ шудаанд.

Моддаи 147. Вайрон намудани дахлнопазирии манзил. Ғайриқонунӣ ба даромадан бар хилофи хохиши шахси дар он истикоматкунанда манзил ё касеро аз манзилаш махрум кардан…

Ҳифзи маълумоти шахсӣ ва танзими ҳуқуқии онро як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ аз ҷумла Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд. Чуноне, ки Танзими ҳуқуқии ҳифзи маълумоти шахсӣ дар моддаҳои 175-176 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи зайл оварда шудааст:  

Моддаи 175. Хукуки  хифзи сирри хаёти шахсӣ. Шаҳрванд ба ҳифзи сирри ҳаёти шахсӣ, аз ҷумла дахлнопазирии мукотибот, гуфтушунидҳои телефонӣ, сирри рӯзномаҳо, қайдҳо, рукъаҳо, ҳаёти маҳрамона, писархонӣ, таваллуд, сирри тиббӣ, адвокатӣ ва сирри пасандозҳо ҳуқуқ дорад. Фош кардани сирри ҳаёти шахси танхо дар холатхои муқаррарнамудаи санади қонунӣ мумкин аст.

Моддаи 176. Ҳуқуқ ба тасвири шахсӣ

  1. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки тасвири ягон шахсеро бе ризоияти ӯ, дар сурати вафоти ӯ бошад, бе ризоияти ворисонаш истифода намояд.
  2. Нашр намудан, нусха бардоштан ва пахн кардани асари тасвирие (расм, акси фотографӣ, кинофилм ва ғайра), ки дар он шахси дигар тасвир ёфтааст, танҳо бо ризоияти шахси тасвирёфта, пас аз вафоташ бошад, бо ризоияти фарзандон ва ҳамсари дар қайди ҳаёт будаи ӯ иҷозат дода мешавад. Агар ин дар қонун муқаррар гардида бошад ё шахси тасвирёфта бар ивази музд худро аккосӣ кунонда бошад, чунин ризоият талаб карда намешавад.

Дар таҷриба ҳолатҳои рияо накардани чунин талаботҳо дар ВАО гоҳе ба назар мерасад. Вале бояд ҳангоми коркард ва паҳн намудани маълумоти шахсии ҳар нафар бояд муқарраротеро, ки санадҳои ҳуқуқии дохилӣ ва байналмилалие, ки кишвари мо қабул намудааст, рияо карда шавад.

Баъди омӯхтани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар самти ҳифзи маълумоти шахсӣ мо ҳамчун ҳуқуқшиноси ҷавон ба чунин хулоса омадем, ки барои такмил додани қонунгузорӣ ва соддафаҳм гаштани он пешниҳоди зеринро манзур намоем:

-дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ” оиди тартиби аз тарафи ВАО ва журналист, паҳн намудани маълумоти шахсӣ тариқи интернет ҷой дода шавад.

барои оммафаҳм шудани қонуни мазкур, дар моддаи 26-и он, яъне ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур, ба таври мушаххас ва дақиқ айнан чи гуна ҷавобгарӣ пеш меорад, нишон дода шавад. Дар сурати баррасиву омӯзиш ва ба назар гирифтани ин пешниҳод фикр мекунам, ки Қонун такмил дода шуда, шаффоият ва мушаххасии он таъмин мегардад.

Бо омӯзишу баррасии ин ҳама санадҳо метавон хулоса намуд, ки интишори ҳар гуна маълумот дар бораи ҳаёти шахсии  инсон дар интернет ва дигар воситаҳо бояд бо иҷозати субъекти маълумот роҳ дода шавад. Зеро ҳаёти шахсии инсон ин дунёест, ки инсон ӯро аз дигарон пинҳон доштан мехоҳад. Ҳар нафар муайн мекунад, ки чиро дигарон дар борааш донанд ва чиро надонанд. Аз ин лиҳоз ҳамгоми сарукор гирифтан бо маълумоти шахсии ҳар нафар бояд тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои ҳуқуқӣ рафтор намуд.

Дар ҳар сурат шахс набояд маҷбур карда шавад, ки дар бораи ҳаёти шахсӣ ва ҳаёти маҳрамонаи худ ҳатман ба журналист маълумот диҳад. Ҳар гуна таъсиррасонӣ бо ин мақсад аз рӯйи одоби касбии фаъолияти рузноманигорӣ набуда оқибати нохуши ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ дорад. Имрӯзҳо мушоҳида кардан мумкин, аст, ки вобаста ба ҳаёти шахсии чеҳраҳои оммавӣ дар интернет ин ё он маълумот паҳн мегардад. Вобаста ба нақши муҳими ҷамъиятии шахсиятҳои оммавӣ ба қонунгузорӣ тағйиротҳо ворид кардан лозим, то ки воситаҳои ахбори омма ва журналистон бе розигии онҳо низ тавонанд маълумотро дар бораашон инъикос намоянд.

© Зикруллоев  Хусрав

Акс аз интернет