ҲИФЗИ ШАЪНУ ШАРАФ ВА ЭЪТИБОРИ КОРӢ

0
2776

Ҳуқуқ ба шаъну шараф ва эътибори корӣ ба ҳуқуқҳои ғайриамволӣ тааллуқ дошта, чун дигар ҳуқуқҳо ба ҳар шахс аз ҷониби давлат кафолат дода шуда, ҳифз карда мешавад.

Шаън ин баҳои объективӣ-иҷтимоию ахолоқии шахс аз ҷониби  ашхоси дигар мебошад. Шараф бошад, худбаҳодиҳии субъективӣ – дохилии шахс оиди сифатҳои иҷтимоию ахлоқиаш мебошад. Таҳти мафҳуми эътиброи корӣ – баҳодии мусбии иҷтимоӣ оид ба фаъолияти кории шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад.

Шаъну шараф ва эътибори корӣ метавонанд бо роҳҳои гуногун халалдор гарданд ё паст зада шаванд. Паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, туҳмату таҳқир воситаҳои асосии пастзанандаи шаъну шараф ва эътибори корӣ ба ҳисоб мераванд.

Туҳмат – дидаю дониста паҳн кардани маълумоти бардурӯғ оиди шахс мебошад.

Таҳқир – беодобона, бо алфози қабеҳ паст задани шаъну шарафи шахси дигар ба шумор меравад.

Агар шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ чунин шуморанд, ки маълумоти паҳнкардашуда шаъну шараф ё эътибори кории оҳноро паст мезанад ва ба ҳақиқат мувофиқат намекунад, онҳо метавонанд ба суд муроҷиат намоянд.

Зери мафҳуми маълумотҳое, ки шаъну шараф ё эътибори кории шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқиро паст мезананд, нашри чунин маълумотҳо дар матбуот, шунавонидани он бо радио ва намоиш додан дар телевизион, намоиши барномаҳою филмҳои ахборӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма, пахши он дар шабакаи интернет, ҳамчунин ба воситаҳои дигари телекоммуникатсионӣ, тафсир дар тавсифномаи хизматӣ, баромадҳои оммавӣ, аризаҳо ё ин ки иттилоот дар ҳама гуна шакл, аз ҷумла ба тариқи шифоҳӣ аққалан ба як шахс ирсолшуда, фаҳмида мешавад.

Маълумоти пастзананда ҳамон маълумоте дониста мешавад, ки дар тасдиқи аз тарафи шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ вайрон кардани қонунгузории амалкунанда, содир намудани кирдори ношоиста, рафтори нодуруст, ғайриахлоқӣ дар ҳаёти шахсӣ, ҷамъиятӣ ё сиёсӣ, бевиҷдонӣ ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти истеҳсолӣ-хоҷагидорӣ ва соҳибкорӣ, вайрон намудани меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ахлоқӣ  ва қоидаҳои одоби корӣ, ки шаъну шараф ва эътибори кории шаҳрванд ва шахси ҳуқуқиро паст мезанад, ҷой дошта бошанд.

Ҳифзи шаъну шараф ва эътибори кории шаҳрванд ва шахси ҳуқуқӣ, ки нисбаташ маълумоти номувофиқ паҳн карда шудааст, дар ҳолатҳое низ истисно намегардад, агар муайян кардани паҳнкунандаи чунин маълумот имконнопазир бошад (ҳангоми ирсоли мактубҳои беимзо ба суроғаи шаҳрванд,  шахсони ҳуқуқӣ, ташкилот ва ё паҳн намудани маълумот дар шабакаи интернет аз тарафи шахсе, ки муайян кардани он ғайримикон аст).

Бо талаби шахси манфиатдор (масалан хешовандон, ворисон) ҳифзи шаъну шарафи шаҳрванд пас аз вафоташ низ импконпазир аст. (қисми 1, моддаи 174-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Тибқи  талаботи қисми 7-и моддаи 174-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон агар муайян намудани шахси паҳнкардаи маълумоте, ки шаъну шараф  ё эътибори кории шаҳрвандро паст мезанад имконнопазир бошад, ашхосе, ки дар борааш чунин маълумот паҳн гардидааст, метавонад барои нодуруст донистани маълумоти паҳнгардида, ба суд муроҷиат намояд.

Дар қисмҳои 1 ва 7-уми моддаи 174-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки шаҳрванде, ки дар хусуси ӯ маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ё эътибори кориаш, шахси ҳуқуқӣ бошад нисбати эътибори кориаш паҳн гардида бошад, метавонанд ба суд муроҷиат намоянд.

Дар моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” омадааст:

Шаҳрванд ва ё ташкилот ҳақ дорад, аз идораи воситаи ахбори омма барои нашр кардани маълумоти аз ҳақиқат дур ва шаъну шарафи онҳоро пастзананда раддия талаб намояд.

Шаҳрванд ва ё ташкилоте, ки воситаи ахбори омма дар бораи онҳо маълумоти ҳуқуқу манфиатҳои қонуниашонро пастзананда нашр намудааст, ҳақ дорад дар худи ҳамон воситаи ахбори омма ҷавоби худро нашр кунад.

Раддия ё ҷавоб бояд дар бахши махсус ё ин ки дар ҳамон саҳифа бо ҳамон ҳуруфе чоп шавад, ки маълумоти радшаванда ба табъ расида буд:

-дар рӯзномаҳо – на дертар аз як моҳи баъди рӯзи талабнамудан ва дар дигар нашрияҳои даврӣ, дар шумораи навбатӣ.

Раддия ё ҷавоб аз тарафи наттоқи радио ё телевизион дар ҳамон барнома ё силсилаи намоишҳо, дар айни замон на дуртар аз як моҳи баъди талаб намудан, хонда мешавад. Худи шаҳрванд ё намояндаи ташкилоте, ки ҷавобро талаб намудааст, ҳамчунин ҳақ дорад бо ҷавоб баромад кунад.

Идора ваифадор аст, ки ҷавобро ба табъ расонад.  Таҳрири матни ҷавоб манъ аст.

Моддаи 26-и қонуни мазкур муқаррар кардааст:

Дар сурати аз тарафи воситаи ахбори омма рад кардани чопи раддия ва ё риоя накардани муҳлати якмоҳа барои нашри чунин маводҳо муқарраршуда, шаҳрванд ё ташкилоти манфиатдор ҳақ дорад дар муддати як соли баъди нашри мақола ба суд муроҷиат намояд.

Суд аризаро дар бораи аз тарафи идораи воситаи ахбори омма чоп кардани раддия ё ҷавоб мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонуни мурофиавии гражданӣ баррасӣ менамояд.

Ҳангоми бе ному насаби муаллиф чоп ё ба тариқи дигар паҳн кардани маълумотҳои пастзанандаи шаъну шараф ё эътибори корӣ, ки ба ҳақиқат мувофиқат намекунад (маслан, дар мақолаи таҳрирӣ), аз рӯи парванда ҷавобгари муносиб ҳайати таҳририяи дахлдори воситаи ахбори омма, яъне ташкилот, шахси инфиродӣ ё гуруҳи шахсони инфиродӣ, ки истеҳсолот ва табъу нашри воситаҳои мазкури ахбори оммаро ба амал мебароранд, дониста мешаванд.

Мувофиқи моддаи 1083-и Кодекси гарждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолате, ки маълумот аз тарфи корманд бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти касбии худ аз номи ташкилоте, ки дар он ҷо ӯ кор мекунад, паҳн шуда бошад, он гоҳ ҷавобгари муносиб шахси ҳуқуқие, ки кормандаш чунин маълумотро паҳн кардааст, дониста мешавад. 

Мавриди зикр аст, ки ҳангоми баррасии парвандаҳо оид ба ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ, судҳо бояд ба он диққат диҳанд, ки мулоҳизаҳои баҳодиҳӣ, фикру ақидаҳо, мавзӯи баҳси судӣ оид ба ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ тибқи моддаи 174-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, зеро онҳо ифодаи фикру ақидаи субъективии шахс буда, мавриди санҷиш қарор дода намешаванд.

     Муаллиф: Латофат Ғарибшозода. Маводи мазкур аз ҷониби ТҶ “Хома” дар доираи лоиҳаи барномаи CAMP дар Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Интернюс Тоҷикистон бо дастгирии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст.