Беҳдошти фазои ҳуқуқӣ дар соҳаи ВАО

0
1159

Дар ТҶ «Хома» бо ширкати ҳуқуқшиносони соҳаи ВАО, адвокатҳо, журналистон, донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон Мактаби ҳуқуқии ВАО таҳти унвони «Беҳдошти фазои ҳуқуқӣ дар соҳаи ВАО» баргузор гардид.

Аз ҷониби коршиносони байналмиллалӣ ва миллӣ ба иштирокчиёни Мактаби ҳуқуқӣ оид ба меъёрҳои байналмилалии озодии сухан ва баёни андеша, ҳуқуқҳои дастрасӣ ба имкониятҳои рақамӣ, дастрасӣ ба иттилоот, баҳсҳои диффаматсионӣ, ҳуқуқи муаллиф, ҳуқуқ ба тасвири шахсӣ ва ҳуқуқ ба ҳаёти хусусӣ, ҳифзи ҳуқуқи ноболиғон дар ВАО, ҳифзи маълумоти шахсӣ, меъёрҳои ахлоқӣ,  тавсияҳои СММ оид ба озодии баёну изҳори ақида барои Тоҷикистон, дигар ҳуқуқҳои соҳаи ВАО ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ВАО-ро танзим мекунанд маълумоти васеъ дода шуд.

Коршиносони ботаҷриба бо иштирокчиён дар гуруҳҳои алоҳида, дар мавзӯҳои мушаххас корҳои амалӣ анҷом медоданд ва натиҷаҳоро якҷоя муҳокима мекарданд. Ин ба иштирокчиён имкон медод, ки назари худро иброз доранду фикру андешаашонро бо далелҳо ҳифз намоянд.

Иштирокчиёни омӯзиш имкон доштанд, ки бо мониторинги Шӯрои ВАО дар самти риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ шинос шаванд ва аз ҷониби кадом ВАО риоя нашудани ин меъёрҳоро мушаххасан бинанд.

Ҳамзамон  дар доираи барномаи таълимӣ ба иштирокчиён доир ба мавзӯҳои забони хушунат дар ВАО, роҳҳои шинохти ахбори фейкӣ ва мубориза бо онҳо,  ҳуқуқ ва уҳдадориҳои рӯзноманигор, танзими ҳуқуқии реклама ва ҷавобгарӣ барои риоя накардани ҳуқуқ ба дастрасӣ ба иттилоот маълумоти васею ҷолиб пешниҳод гардид.

Аз ҷониби намояндаи Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон танзими ҳуқуқии масъалаҳои озодии матбуот ва кафолати ҳуқуқҳои журналистон мувофиқи қонунгузориии ҶТ дар соҳаи матбуот ва дигар ВАО, ҳифзи ҳуқуқ ба эхтироми шаъну шараф ва эътибори корӣ дар доираи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №7 аз 23 декабри соли 2011 ва тартиби муайян намудани андозаи товони зарари маънавӣ дар таҷрибаи судии баррасии парвандаҳои гражданӣ оид ба ҳифзи шаъну шараф, эътибори корӣ ва ҷуброн намудани товони зарари маънавӣ доир бо парвандаҳои гражданӣ нисбати журналистон  ва ВАО ба иштирокчиён фаҳмонида шуд.

Мафҳумҳои нави бехатарӣ дар Интернет, фейк–антифейк, танзими ҳуқуқии масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқ ба ҳаёти хусусӣ ва сирри он, ҳуқуқ ба тасвир, ҳуқуқ ба сабти шахсӣ, таҷрибаи байналмилалӣ доир ба парвандаҳо оид ба ҳимояи шаъну шараф, эътибори корӣ ва товони зарари маънавӣ, таҳлили муқоисавии таҷрибаи мамлакатҳои гуногун, шаҳрвандии рақамӣ, беҳдошти рақамӣ ва шиносоӣ бо ҳамлаҳои рақамӣ бо роҳи бозиҳои онлайнӣ аз дигар мавзӯҳое буд, ки иштирокдорони мактаб маълумоти муфид гирифтанд.

Баъди хатми мактаб, хатмкунандагон ба гузаронидани корҳои аналитикӣ оид ба таҳлили санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи ВАО ва инчунин, омода кардани нашри мақолаҳо доир ба вазъи имрӯза дар соҳаи ВАО дар Тоҷикистон ҷалб мегарданд.

Мактаби ҳуқуқӣ тавассути лоиҳаи “Беҳдошти фазои ҳуқуқӣ дар соҳаи ВАО” роҳандозӣ гардида, дар доираи барномаи “MediaCAMP” аз ҷониби Internews Тоҷикистон бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ мегардад.

Мақсади лоиҳа беҳдошти фазои ҳуқуқии ВАО-и Тоҷикистон тариқи устувор намудани иқтидори ҳуқуқшиносон ва журналистон мебошад, ки тавонанд дар ҷараёни қонунгузориҳо иштирок кунанд ва дар пешбурди санадҳои меъёрии мутараққӣ саҳм гузоранд.