Эҷоди видеои иҷтимоиро меомӯзем

0
1153

Гуруҳе аз медиа-продюсерон, сенариянависону коргардонҳои кишвар ба омӯзиши эҷоди видеоролик ва филмҳои кӯтоҳи иҷтимоӣ барои баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ аз ҳуқуқи инсон фаро гирифта шудаанд.
Дар доираи барномаи таълимӣ онҳо бо ҳуқуқҳои асосии инсон, ки ба Нақшаи чорабиниҳои миллии Тоҷикистон оид ба татбиқи тавсияҳои СММ ворид шудаанд, шинос мешаванд ва ҳамзамон доир ба татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 маълумот мегиранд.

Тайи се рӯз аст, ки иштирокчиён бо шарофати коршиносон бо масоили ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон, маъюбон ва занон шинос шуда, инчунин доир ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар мавриди хушунати оилавӣ, ҳуқуқи одамони дорои ВНМО, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар робита бо баробарӣ ва бидуни табъиз маълумоти фаррох ба даст меоранд.
Мақсад аз омӯзиш такмили дониши ҳуқуқии иштирокчиён ва аз худ кардани нозукиҳои видеои иҷтимоӣ аст. Эҷоди видеои иҷтимоӣ ин таҳияи консепсия, марҳила ба марҳила эҷод ва намоиш додани пайдарҳамии кадрҳои бо як маънои бадеӣ муттаҳидшуда мебошад, ки мавзӯи мушаххаси иҷтимоиро инъикос мекунад ва аз ҷумла хусусиятҳои филми бадеиро, ба монанди оғоз, нуқтаи авҷ, интиҳо дар худ дорад.
Бо нозукиҳои таҳияи матлаби видеоии иҷтимоӣ иштирокчиёнро тренери байналмилалӣ Юлия Комо (Нидерландия) шинос намуда, ба онҳо дар таҳияи сенарияҳои мавзӯҳои интихобкардаашон кумак мекунад.

Омӯзиш бо дастгирии молиявии Департаменти давлатии ИМА, Бюрои демократия, ҳуқуқи инсон ва меҳнат (DRL) дар доираи лоиҳаи “Дастгирии иштироки созанда ва самараноки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллии ҳуқуқи инсон ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он” баргузор мегардад.