Омӯзиши мавзӯи “Ҳуқуқи инсон дар низоми адлияи ҷиноӣ”

0
994

Дар ТҶ “Хома” барои зиёда аз 15 рӯзноманигор аз минтақаҳои гуногун омӯзиш дар мавзӯи “Ҳуқуқи инсон дар низоми адлияи ҷиноӣ ва инъикоси бехатари нақзи ҳуқуқи инсон” тайи чанд рӯз идома дорад.
Иштирокчиён рӯзҳои аввал бобати ҳуқуқ ба мурофиаи одилонаи судӣ, мурофиаи одилонаи судӣ чӣ маъно дорад ва чӣ гуна кор мекунад, мониторинги мурофиаҳои судӣ ва дастрасӣ ба иттилооти судию иштироки журналист дар мурофиаи ошкорои судӣ маълумоти муфассал гирифтанд.
Ҳамзамон, намояндаи Суди конститутсионии ҶТ ба иштирокчиён доир ба таъмини адолати суди конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва падидаи назорати суди констутсионӣ маълумоти ҷолибу заруриро пешниҳод карданд.
Ҳамчунин дар доираи омӯзиш барои иштирокчиён ду пресс-тур – ба Суди Олии ҶТ ва Суди конститутсионии ҶТ ба нақша гирифта шудааст.

Омӯзиш бо дастгирии молиявии Департаменти давлатии ИМА, Бюрои демократия, ҳуқуқи инсон ва меҳнат (DRL) дар доираи лоиҳаи “Дастгирии иштироки созанда ва самараноки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллии ҳуқуқи инсон ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он” баргузор мешавад.