Хуқуқи дастрасии ақаллияти миллӣ ба иттилоот

0
973

Иттилоот – маълумот дар бораи шахс, ашё, факту ҳодисаҳо, зуҳурот, равандҳо  ва мулоҳизаҳо доир ба онҳо, сарфи назар аз шаклҳои манзургардида мебошад.

Қонунгузории ҷории  Ҷумҳурии Тоҷикистон хуқуқи дастрасӣ ба иттиллот, интишор ва паҳн намудани иттилоотро кафолат додааст. Мутобиқи моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонт ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода  шудааст. Меъёри мазкур  ҳуқуқи  ҳар як шаҳрвандро ба  озодии сухан, матбуот, ҳуқуқи истифода бурдан аз воситаҳои ахбори оммаро кафолат  додааст. Ин меъёри  конститутсионӣ  дар моддаҳои 2, 5, 22, 27-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”, дар моддаи 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ»,  дар моддаҳои 4, 8, 25-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот» низ инъикос ёфтааст. Дар  қонунҳои мазкур  тартибу  пешниҳоди  дархост, оид ба  дастрас намудани иттилоот,  тартиби додани  иттилоот, ҳуқуқи журналист ба дастрас намудан ва интишори ахбор,  тартиби шикоят намудан дар мавриди аз тарафи шахси мансабдор рад кардани додани иттилоот пешбинӣ шудаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояҳои  умумии дастрасӣ ба иттилоотро кафолат додаанд. Чунончи, ҳар як шаҳрванд (аз ҷумла  ҳар як журналист) ҳуқуқи дастрас намудан ва интишор додани ахборро дорад,  мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият, инчунин шахсони мансабдор вазифадоранд ба шаҳрванд-журналист ахбори талабкардаашро диҳанд, ахбор ба ҳамаи воситаҳои ахбори омма, новобаста ба шакли моликият  бояд баробар дастрас карда шавад.

Мафҳуми «ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» дар моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастраси ба итилоот», ба таври уммумӣ шарҳ дода шудааст.  Ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот – ҳуқуқи ҳар шаҳрванд ба ҷустуҷӯи озодонаи иттилоот ва ба даст даровардани он аз мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, дигар мақомоту ташкилотҳое, ки давлат ба онҳо ваколатҳои омирона додааст, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот шахсони мансабдори онҳо, ки ин иттилоотро қонунан дороянд.

Тартиби додани дархост бошад дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқ ба дастрасии иттилоот» муайян карда шудааст. Вале дар қонуни мазкур  забони пешниҳоди дархост  ва ҷавоби он нишон дода нашудааст.  Дархост ба мақомот, ташкилот ё шахсони мансабдоре, ки ба ақидаи талабгор, иттилооти барояш зарурӣ доранд, фиристода мешавад. Дар дархост ному насаби шахсе, ки барои гирифтани иттилоот муроҷиат кардааст, номи ташкилоте, ки аз номи он дархост шудааст, ном ва насаби шахсе, ки ҷавоб бояд ба ў фиристода шавад, нишонии почта, рақами телефон ё факс, нишонии почтаи электронӣ барои ҷавоб ё аниқ кардани хусусияти дархост ва ҳамчунин шакл ва тарзи ҷавоби дархостшуда зикр карда мешаванд.  Ҷавоби дархост дар бораи гирифтани иттилоот дар мўҳлати кўтоҳтарин, вале на дертар аз сӣ рўзи тақвимии баъди гирифтани дархост фиристода мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аққалиятҳои миллӣ зиндагонӣ доранд, ки аксарияти онҳоро узбекҳо ташкил медиҳанд.  Ӯзбекҳо дар Тоҷикистон — бештари ақаллияти забонӣ  буда, шумораи умумӣ аз рӯи маълумоти расмӣ 926 ҳазор нафар ё мувофиқи маълумоти барӯйхатгирии  аҳолии  соли 2010-ум 12,2% аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.  Дигар гуруҳи ақалияти забонӣ дар Тоҷикистон қирғизҳо мебошанд, ки мувофиқи барӯйхатгирии  аҳолӣ, аз  соли  1926 то 2000 шумораи қирғизҳо дар Тоҷикистон аз 11,4 то 65,5 ҳазор афзоиш ёфтааст, ки 0.8% аҳолиии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Айни замон қирғизҳо дар ҷои сеюм аз лиҳози шумораи аҳолии ҷумҳурӣ қарор доранд. Яъне, аз русҳо бештаранд. Минтақаҳои асосии ҷамъи қирғизҳо – ноҳияи Мурғоб ва Лахш мебошад. Бевосита онҳо низ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мутобиқи Конститутсия, сандаҳои байналмиллӣ ва қонунҳои амалкунада, ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоотро доранд. Онҳо низ ҳуқуқ доранд иттилоотеро, ки ба самъи умум, бо роҳи дар нашрияҳои махсус чоп кардани ҳуҷҷатҳои расмӣ, ҷойгир намудани онҳо дар маъхазу манбаҳои маълумот сурат мегирад, дастрасӣ дошта бошанд.

Муттассифона, бинобар сабаби онки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузорӣ ва коргузорӣ бо забони давлатӣ сурат гирифта, иттилооти тариқи воситаи ахбори оммаи давлатӣ ва ғайридавлатӣ паҳншаванда, (телевизион, радио газета маҷҷала, рузнома..) қариб, ки бо забони тоҷикӣ паҳн мегардад. Инчунин бештари иттилооти дар рӯзномаву маҷҷала паҳншаванда бо забони тоҷикӣ нашр мегарданд. Дар баробари ин, дар сомонаҳои расмии Мақомоти давлатӣ иттилоот пурра бо забони тоҷикӣ ва русӣ ҷой дода мешавад. Аз ин лиҳоз, ақалияти миллӣ-забоние, ки дар қаламрави Тоҷикистон зиндагӣ доранд, аз ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ва огаҳ шудан аз ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии ҷомаеи имрӯза маҳрум мегарданд.

Дар боло қайд намудем, ки меъёрҳои қонуни ҶТ “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот”, хусусияти умимӣ дошта, татиби дастарии иттилотро  низ дар шакли умумӣ пешбинӣ менамояд. Маълумоти расмиро мақомотҳои давлатӣ дар сомонаҳояшон бо забони тоҷикӣ ва русӣ ҷой мекунанд. Иҷрои вазифаҳои ташкили дастрасӣ ба иттилоот дар сохтори мақомоту ташкилотҳо ба зиммаи хадамоту шӯъбаҳое, ки дар сохтори ин мақомоту ташкилотҳо мавҷуданд ва ҳамчунин ба зиммаи шахсони масъул гузошта мешавад. Онҳоро зарур аст, ки баҳри дастрас гардондани иттилоот ба ҳама шаҳрвандон чораҳои заруриро андешида, барои ҳама шароити якхеларо фароҳам оранд.

Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» тартиби ба даст овардани иттилоотро пешбини кардааст, вале забони пешниҳод гардидани иттилоотро нишон надодааст. Мутобиқи тартиби муқаррар намудаи қонун ҳадди аққал бояд гуруҳи иттилооте, ки дастрасии он маҳдуд карда намешавад, бо забони тоҷики руссӣ, узбекӣ ва қиргизӣ  ба аҳолии кишвар таъмин карда шавад. Зеро, онҳо низ тибқи қонун ҳуқуқ, ба иттилооти шахсиву давлатӣ (иттилоот дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатӣ), оммавию оморӣ, ҳуқуқиву иҷтимоӣ ва дигар намудҳои иттилоотро, монанди;

  • дар бораи имтиёзот, ҷуброн ва сабукиҳое, ки аз онҳо шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва ташкилотҳо бархўрдоранд;
  • дар бораи ҳолатҳои вайрон намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони ҳуқуқӣ;
  • дар бораи фаъолияти мақомоту ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо иттилоот дошта бошанд.

Дар қисми VIII-уми Нақшаи амалҳои миллӣ барои солҳои 2021-2023 ба стратегияи миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2030 ҳуқуқ ба озодии изҳори ақида дарҷ гардидааст. Мақсади он тибқи нақшаи амалҳои миллӣ барои соҳои 2021-2023 таъмин намудани кафолатҳои асосии ҳуқуқ ба озодии изҳори ақида мебошад. Вобаста ба мавзӯи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот,  як қатор номгӯи чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд. Мақсади он тибқи нақшаи амалҳои миллӣ барои соҳои 2021-2023 “Таъмин намудани кафолатҳои асосии ҳуқуқ ба озодии изҳори ақида” мебошад. Дар номгӯи чорабиниҳои ба нақша гирифташуда, барои ин солҳо  вобаста ба мавзӯи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот дар банди 8.11 гуфта шудааст, ки “такмил додани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дастрасӣ ба иттилоот, аз ҷумла таъмини шафоффияти қонунгузорӣ” дар ин қисмат пешниҳод карда шудааст, ки  барои ба ҳама шаҳрвандон дастрас будани қонунгузории ВАО, ҳангоми таъсис додани гуруҳи корӣ оид бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун намоянда аз ҳисоби ақалиятҳои миллии забонӣ ҷалб карда шаванд. Ҳамчунин оид ба банди 8.13. “Таъмин намудани шафоффият ва ҳисоботдиҳанда будани фаъолияти мақомоти давлатӣ тавассути  сари вақт дар сомонаҳои мақомоти давлатӣ ҷойгир намудани маълумоти зарурӣ” пешниҳодкарда шуд, ки дар сомонаи расмии мақомотҳои давлатӣ маълумот бо забони ақалиятҳои миллӣ (ҳадди ақал забони узбекӣ) низ ҷой дода шавад.

 Ҳамин тариқ барои такмил додани қонунгузории ҶТ дар самти  ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоти ақалиятҳои миллии забонӣ  пешниҳод карда мешавад:

  • Пешниҳод намудани дархост ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» то  ақалиятҳои миллӣ ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилотро дошта бошанд;
  • ба гуруҳи корие, ки оид ба таҳияи тағйиру иловаи қонун машғуланд, намояндагон аз ҳисоби ақалиятҳои миллӣ ҷалб карда шаванд, вобаста ба имконият, қонунҳо бо забони узбекӣ ва қиргизӣ низ тарҷума карда шаванд;
  • дар сомонаҳои мақомотҳои давлатӣ маълумот бо забони ақалиятҳои миллӣ низ ҷой дода шавад;
  • дар телевизион ва радиои давлатӣ ҳамарӯза ҳадди ақал 10% иттилооти расмӣ вобаста ба маҳалли чойгиршаваиашон бо забони ақалиятҳои миллӣ пахш карда шавад;
  • шумораи рӯзномаву маҷаллаҳо бо забони узбеки ва қирғизӣ зиёд карда шаванд.

 

Ҳуқуқшинос: Зикруллоев Хусрав