
Қисмати аввали рӯзи дуюми омӯзиш Шаҳноза Ҳакимова бобати зарурат ва аҳамияти SMM барои марказҳои матбуотӣ маълумот дод. Масъулини марказҳои матбуотии ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон бобати муассирсозии матолиби худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоти муфиду заруриро касб карданд.
Инчунин саҳифаи чанде аз ниҳодҳои давлатӣ дар фейсбуку интстаграм ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, иштирокчиён фикру мулоҳизаҳои хешро барои беҳтарсозии ин саҳифаҳо баён доштанд.
Таъкид шуд, ки асосҳои стратегияи муҳтаво бояд риоя шавад, нақшаи муҳтавоӣ (контент план) тартиб дода шавад ва маводҳо мудовим ба нашр расанд. Ба сифати тасвиру видео ва тарроҳӣ диққат дода шавад.