
Дар доираи лоиҳаи “Созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои идоракунӣ: тақвияти зарфияти марказҳои матбуотии ниҳодҳои давлатӣ, расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои дастгирии фазои расонаӣ дар Тоҷикистон аз тариқи гуфтугӯ, беҳбуди маҳоратҳои рақамӣ ва дастрасӣ ба иттилоот” давраи омӯзишии чорӯзаеро барои роҳбарони марказҳои матбуотии вазорат, кумита ва идораҳои давлатии Тоҷикистон оғоз намудем.
Ин лоиҳа бо ҳимояти молии Иттиҳодия Аврупо дар ҳамкорӣ бо ташкилоти “ACTED” амалӣ мешавад.
Ҳадафи ин давраи омӯзишӣ тавонмандсозии фаъолияти марказҳои матбуотӣ аз тариқи беҳбуди зарфияти рақамӣ, корбурди зеҳни сунъӣ, истифода ва мудирияти шабакаҳои иҷтимоӣ, иттилоърасонӣ дар шароити хос ва равишҳои муассири ҳамкорӣ бо расонаҳо мебошад.
Ғайр аз ин, иштирокчиён дар ҷараёни тренинг донишҳои навтаринро дар заминаи алгоритмҳо, таҳияи муҳтаво ва имиҷсозӣ фаро мегиранд ва ҷанбаҳои амалии барномарезии стратегии фаъолияти марказҳои матбуотиро низ меомӯзанд.