Омӯзиш барои журналистон оид ба журналистикаи телевизионӣ дар Бохтар

0
765

Журналистикаи муосир тақозо менамояд, ки рӯзноманигорон имрӯз дар жанрҳо ва қолабҳои мухталиф кор карда тавонанд, яъне ба қавле “универсал” бошанд, зеро рушди технологияҳои иттилоотӣ чунин имкониятро ба онҳо муҳайё кардааст. Аз ин нуқтаи назар журналистони ҷавон бояд ҳар як самти журналистикаро бахубӣ аз худ кунанд, то дар бозори иттилоотӣ оянда ҷойгоҳи худро пайдо намоянд.

Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар ин самт пайваста ҳамкориҳои судмандро бо шӯъбаю факултаҳои рӯзноманигории донишгоҳҳои мамлакат вусъат мебахшад.

Имрӯз ТҶ “Хома” барои донишҷӯёни кафедраи рӯзноманигории факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав омӯзиш оид ба журналистикаи телевизионӣ, мусоҳиба, стендап, маҳорати наворбардорӣ ва танзим, асосҳои истеҳсоли барномаҳои камхарҷи телевизионӣ, истифодаи имкониятҳои барномаҳои онлайнӣ барои ТВ ва доир ба дигар ҷузъиёти кори телевизионӣ баргузор менамояд. Вақти бештари иштирокдорон ба корҳои амалӣ сарф мешавад, ки ин ба онҳо ҳангоми таҳияи матолиби касбиву босифати видеоӣ коромад хоҳад шуд.

Омӯзишро коршиноси ВАО, тележурналисти шинохтаи тоҷик Шаҳло Акобирова ва тренерони ВАО Худоёр Бархонов ва Маҳрам Холов баргузор менамоянд.