Журналистони оянда паҳлуҳои муҳими журналистикаи телевизиониро омӯхтанд

0
681

ТҶ “Хома” машғулиятро оид ба асосҳои журналистикаи телевизионӣ ва истеҳсоли барномаҳои камхарҷ барои зиёда аз 20 нафар донишҷӯёни кафедраи рӯзноманигории факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав анҷом бахшид.

Дар доираи барнома такя ба журналистикаи телевизионӣ бештар буд ва иштирокчиён баробари омӯхтани нозукиҳои ин касб инчунин истифодаи видекамера, маҳорати наворбардорӣ, сабти овоз, гузаронидани мусоҳибаи телевизионӣ, сохтани гузориши телевизионӣ ва дигар паҳлуҳои муҳими тележурналистикаро аз худ карданд.

Тамоми мавзӯҳои назариявиро иштирокчиёни омӯзиш бо корҳои амалӣ мустаҳкам намуда, донишу малакаи худро баланд бардоштанд.

Ҳамкорӣ бо донишҷӯён идома дорад ва то машғулияти оянда онҳо матлабҳои мустақилонаи худро омода хоҳанд сохт.