Рӯзноманигорони ҷавон қолабҳои нави журналистикаро меомӯзанд

0
607

Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон  аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” барои журналистони ҷавон ва фаъолони ҷомеа доир ба қолабҳои нав дар журналистка омӯзиш баргузор шуда истодааст. Ҳадаф аз худ кардани шаклҳои муосири мавод, босифат ва ҷолиб пешниҳод намудани матлаб барои Интернет аст.

Таи панҷ рӯз иштирокчиёни омӯзиш унсурҳои нави журналистикаро омӯхта, оид ба абзорҳои муосири рӯзноманигорӣ, тафовути гузоришҳои телевизионӣ ва матбуотӣ, аҳамияти маводҳои чандрасонаӣ ва асосҳои гузоришҳои видеоӣ дониши худро ғанӣ мегардонанд.

Устодони ботаҷрибаи ТҶ “Хома” ба иштирокдорон доир ба техникаи наворбардорӣ, сохтори сужа, кор бо аксу видео, ҷо ба ҷо кардани кадр, танзими видео дар телефонҳои ҳушманд, садо ва сохтани подкаст, барномаи KineMaster ва барномаи “Adobe Audition” маълумоти васеъ пешниҳод хоҳанд кард.

Дар давоми омӯзиш иштирокчиёни он бо машғулиятҳои амалӣ фаро гирифта шуда, кор дар платформаҳои гуногуни ҷой додани подкаст ва дигар маводи онлайниро аз худ мекунанд.

Омӯзиш бо дастгирии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.