Рӯзноманинорони ҷавони минтақаи Суғд қолабҳои нави журналистикаро омӯхтанд

0
413

Таи ҳафтаи охир, аз 14 то 18 декабр беш аз 10 нафар журналистони ҷавони шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар дафтари ТҶ “Хома” бо як давраи омӯзишии панҷрӯза фаро гирифта шуда, ба онҳо форматҳои нави журналистикаи муосир омӯзонида шуд.

Аз ҷумла, бо дастгирии устодони ботаҷрибаи ТҶ “Хома” иштирокчиёни омӯзиш тафовути гузоришҳои телевизионӣ аз матбуотӣ, аҳамияти маводҳои чандрасонаӣ, техникаи наворбардорӣ, танзими видео тариқи телефони ҳушманд, таҳияи caption- video, кор бо барномаи  “KineMaster”, “Adobe Audition”, чи гуна беҳтар кардани кайфияти садо, танзими подкаст ва ҷой кардани он дар платформаҳои ройгонро аз худ карданд.

Ҳама донишҳои гирифтаашонро иштирокчиёни омӯзиш бо корҳои амалӣ мустаҳкам намуданд.