ТҶ “Хома” барои иштирок дар Мактаби ҳуқуқии ВАО озмуни интихобӣ эълон мекунад.

0
1843

Дар Мактбаи ҳуқуқии ВАО, ки аз 21 то 25 июни соли равон дар дафтари ТҶ “Хома” баргузор мешавад, коршиносони байналмиллалӣ ва миллӣ оид ба меъёрҳои байналмилалии озодии сухан ва баёни андеша, ҳуқуқҳои дастраӣ ба имкониятҳои рақамӣ, дастрасӣ ба иттилоот, баҳсҳои диффаматсионӣ, ҳуқуқи муаллиф, ҳуқуқ ба тасвири шахсӣ ва ҳуқуқ ба ҳаёти хусусӣ, ҳифзи ҳуқуқи ноболиғон дар ВАО, ҳифзи маълумоти шахсӣ, меъёрхои ахлоки ва дигар ҳуқуқҳои озодии сухан ва баёни андеша маълумоти васеъ пешниҳод мекунанд.

Дар озмуни интихобӣ омӯзгорон ва донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ ва журналистикаи донишкадаҳои олӣ, ҳуқуқшиносон ва журналистони ҷавон, ҳуқуқшиносони таҷрибаи кор бо ВАО дошта, ҳуқуқшиносони иттиҳодияҳову фондҳое, ки бо ВАО кор мекунанд ва инчунин адвокатҳо ва журналистони амалкунанда метавонанд иштирок намоянд.

ДАРХОСТ

Рӯзи охирини қабули дархостҳо 15 июни соли равон мебошад