Оғози Мактаби асосҳои дониши журналистӣ ва кор бо видео

0
585

Мактаби асосҳои дониши журналистӣ ва кор бо видео аз 16 августӣ оғоз ёфт, ки дар он 12 рӯзноманигори ҷавон аз тамоми манотиқи Тоҷикистон ширкат доранд.

Ба иштирокчиёни мактаб коршиносони ВАО ва рӯзноманигорони ботаҷриба Изатманд Саломов ва Раҷаб Мирзо, инчунин тренери шинохта дар соҳаи наворбардорӣ Алишер Примқулов дарс мегӯянд.

Мактаб аз 16 то 25 август бо барномаи гуногуни ҷолиб идома мекунад.

Сохтори ахбор, кор бо матн, ҷустуҷӯи мавзӯъ, кор бо сарчашмаҳои иттилоот, мусоҳиба ва муҳиммияти он дар жанрҳои гуногун, подкаст, ташаккули маҳорат дар аксу наворбардорӣ тариқи дастгоҳҳои мобилӣ, асосҳои танзими аудио ва видео, таҳияи Caption бо смартфон – ин рӯйхати нопурраи мавзӯҳоест, ки иштирокчиёни Мактаб бояд малакаи лозимаро аз худ мекунанд.

Давоми 10 рӯз иштирокчиён натанҳо назарияи асосҳои журналистикаро меомӯзанд, балки бо корҳои зиёди амалӣ фаро гирифта мешаванд. Барои иштирокчиён имконият фароҳам оварда мешавад, ки  дар идораҳои радио ва телевизион корҳои амалӣ намоянд. Дар назар гирифтаем, ки онҳоро ба Радиои “Ватан” ва ТВ “Сафина” роҳнамоӣ намоем.

Дар доираи барномаи Мактаб панҷ чеҳраи шинохтаи соҳаи журналистика ва технологияҳои навин ба иштирокчиён дар формати мастер -класс маълумоти муфидро ироа менамоянд.

Ин нафарон, ровии маъруфи радио Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигори шинохта профессор Ҷовид Муқим, рӯзноманигори варзидаи телевизиони BBC Сӯҳроби Зиё, муҳаррири бахши тоҷикии Оҷонсии Asia Plus Иршод Сулаймонӣ ва беҳтарин коршиноси тоҷик оид ба IT-технология Асомиддин Атоев мебошанд.

Тибқи барнома, иштирокчиён дар давоми мактаб мавод таҳия намуда, дар охир онро муаррифӣ мекунанд. Пас аз Мактаб низ тренерон бо иштирокчиён барои таҳияи маводи мукаммали журналистӣ корро идома медиҳанд.

Мактаби асосҳои дониши журналистӣ ва кор бо видео дар доираи Барномаи MediaCAMP-и Осиёи Марказӣ ташкил, аз ҷониби Агентии ИМА оид ба Рушди Байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ ва аз ҷониби Интернюс амалӣ карда мешавад.

Шарҳ: ТҶ «Хома» ба кори ВАО чопию электронии мамлакат вусъат бахшида, барои баландшавии сатҳи касбии журналистон, васеъшавии дониши ҳуқуқии онҳо, идоракунии босамари ВАО ва дар маҷмӯъ ба рушди журналистика дар Тоҷикистон мусоидат менамояд. Тавассути тренингҳои амалӣ, маҳфилҳо, мизҳои мудаввар ва конфронсҳо дар самти ҳали масоили мубрами соҳаи ВАО ва рушди журналистикаи иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ фаъолият мекунад. Маълумоти бештарро аз сомонаи www.khoma.tj ё тариқи телефони 227 34 78 дастрас мекунед.