Зарурати амнияти рақамӣ барои рӯзноманигорон

0
2682

Дар шароити рушду такомул ва таҳаввулотҳои замони имрӯз журналистика ҳамчун соҳаи доманадору густурда маҳсуб ёфта, рӯзноманигорон новобата аз вазъият дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолият мебаранд. Ҳар кадоми онҳо вобаста ба маҳалли зисту зиндагонӣ ва фаъолияташон бо мушкилӣ ва масъалаҳои гуногун рӯ ба рӯ мешаванд, ки аз ҳам фарқ мекунад. Аммо вақте сухан дар бораи амнияти рақамӣ меравад, он барои ҳамаи рӯзноманигорон, новобаста дар кадом самту соҳа фаъолият бурданашон, муҳим аст.

Амнияти рақамӣ махсусан дар шароити ҷаҳони имрӯза масъалаи муҳим ба шумор меравад, зеро дар мубориза бо озодии баён шикастани почтаҳои электронӣ ва аккаунтҳои журналистону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, гӯш додан ба гуфтугуҳои телефонӣ ва дигар ҷиноятҳо ба чизи маъмулӣ табдил ёфтааст. Дар ин раванд рӯзноманигорон бояд ба масоили бехатарии рақамиашон диққати махсус диҳанд.

Давраи пандемия ин масъаларо то ҷое печидатар кард. Зеро дар чунин вазъ барои иҷрои кор ва ба роҳ мондани фаъолият бештар аз ҳар вақти дигар ба интернет такя карда мешавад. Фазои маҷозӣ то чӣ андозае, ки кори моро осон намояд, то ҳамон андоза таҳдиду хатарҳои мухталиф дорад, ки дар сурати риоя накардани чораҳои амниятӣ метавонад оқибатҳои ногувор дошта бошад.

Аз ин лиҳоз омӯхтани донишу малакаи нав вобаста ба амнияти рақамӣ, истифодаи дастгоҳу таҷҳизотҳои муосир, риояи меъёру тавсияҳои лозима ҳангоми фаъолият метавонад ба маротиб хатару таҳдидҳои фазои маҷозиро барои ҳар истифодабаранда ва махсусан рӯзноманигорон кам намояд.

Фазои имрӯзаи маҷозӣ ба таври бесобиқа доман паҳн мекунад ва сари вақт огоҳ шудан аз хатарҳои он аз имкон дур аст. Асомиддин Атоев кошиноси масоили амнияти рақамӣ изҳор дошт, ки “Донистани ҳамаи хатару таҳдидҳои мавҷуда номумкин аст, зеро дар ҳар лаҳза шояд хатари наве ба миён ояд. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки мо ба идора намудани чунин хатарҳо омода бошем. Формулаи муҳиме ҳаст, ки хатарҳо ин ҳосили зарби таҳдидҳо ва осебпазириҳо мебошад. Агар таҳдидҳо вуҷуд дошта бошанд ва ҳар чӣ осебпазирии шахс, ҷамъият ва ё давлат кам бошад, хатари он таҳдидҳо низ хело кам аст. Беҳтар он аст, ки мо осебпазириҳои худро донем ва барои бартараф кардани онҳо талош варзем.”

Боиси зикр аст, ки амнияти рақамӣ мавзӯи доманадор аст ва намешавад дар доираи ин мавод ҳамаи паҳлуҳои онро шарҳ дод. Бо назардошти ин мо тасмим гирифтем, ки бештар вобаста ба муҳимияти он ҳарф занем то бо дарки он ҳар нафар, махсусан рӯзноманигорон ва касоне, ки фаъолияташон бештар ба фазои маҷозӣ ва интернет алоқаманд аст, кӯшиш намоянд, ки унсурҳои ин падидаро ба таври комил аз худ намоянд.

Дар замони кунунӣ, ки ҳаёти ҳамарӯзаи моро техникаву технология ва дигар васоили муосир фаро гирифтаву ба як ҷузъи зиндагии мо табдил ёфтаанд, дур шудан аз фазои интернетӣ ва истифода набурдани васоли муосири техникӣ номумкин аст. Аммо бо назардошти тавсияву пешниҳодҳои коршиносон будани худро дар ин муҳит ва аз хатарҳои мавҷуда эмен нигоҳ доштан имкон дорад. Аз ин лиҳоз мо дар зер чанд тавсияҳои судманд ва муҳими коршиносонро меорем, то ҳангоми истифодаи фазои маҷозӣ, онҳо риоя карда шаванд.

Як нуқтаро бояд гуфт, ки ин тавсияҳо на танҳо барои рӯзноманигорон, ки дар мадди аввали баррасии ин мавзӯъ мо онҳоро қарор додаем, балки барои тамоми корбарони интернет заруранд. Махсусан онҳое, ки бештар бо ин муҳит алоқаманду фаъолияти ҳамарӯзаашон бо шабакаи интернет вобаста аст, зарур аст, ки тавсияҳои зерро дуруст дарк карда, ҳаддалимкон аз онҳо истифода кунанд.

Тавсияҳо барои истифодабарандагони шабакаи интернет:

  1. Барои калидвожа ва ё ба истилоҳи русӣ “пароль” калимаҳои мураккабтареро интихоб кунед. Шумо метавонед менеҷери парол-барномаи махсусеро истифода баред: он ҳама калидвожаҳоро нигоҳ медорад ва шумо бояд онҳоро бо як калидвожаи асосӣ, ки шумо онро ба хотир гирифта метавонед, муҳофизат кунед. (Шумо инчунин метавонед онро нависед ва дар ҷои амн нигоҳ доред, то ки ҳеҷ кас онро надонад). Аз нигоҳи коршиносон барои ин кор истифодаи афзораки Bitwarden ҳам барои телефонҳои ҳушманд ва ҳам барои компютер дар заминаи браузерҳо, тавсия дода мешавад.
  2. Пайваст кардани рамзбандии дукарата ва ё ба истилоҳ “Двухфакторная аутентификация”. Ин омил барои он муҳим аст, ки ба ғайр аз калидводжа (пароль), шумо инчунин бояд рамзи якдафъаинаро ворид кунед, ки тавассути огоҳинома ё тавассути SMS ба телефони мобилии шумо меояд. Ба истилоҳ аккаунтҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмнависҳо ва суроғаи электронӣ мунтазам тафтиш кунед (шояд онҳоро кайҳо боз бо як калидвожаи умумӣ истифода мебаред). Ҳамаи ин шабакаҳо бояд рамзбандии дукарата карда шаванд. Ҳамзамон тавсия дода мешавад, ки як рамзро барои чанд шабака истифода набаред.
  3. Ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ворид шудан ба суроғаҳои мухталиф, махсусан нав ҳушёр бошед. Нафарони фиребгар метавонанд ба Шумо занг зада ва ё ба суроғаи электрониатон мактубҳои табрикотӣ ва бурдро фиристода, бо роҳи фиреб аксу маълумоти шахсӣ ва ё маблағатонро ба даст оранд. Чунин паёмҳо метавонанд бо худ замимаҳо ё истинод ба вебсайтҳоро дошта бошанд, ки аз Шумо дархост карда мешавад, ки ворид шавед. Шумо бояд боварӣ ҳосил кунед, ки ин ҳама аз кӣ омадааст ва то куҷо он дуруст аст. Танҳо баъди ин истинодро пайгирӣ кунед ва ё файлҳоро кушоед, дар сурати шубҳа доштан ҷавоб надиҳед ва мактубро нобуд кунед.
  4. Агар шумо дар фаъолияти рӯзноманигорӣ бештар мавзӯъҳои баҳсбарангез ва ё таҳлилиро пайгирӣ мекунед, пас ба бехатарии шахсӣ диққати махсус зоҳир кунед. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба дар куҷо қарор доштанатон кам маълумот нашр кунед ва ё умуман маълумот надиҳед. Ҳамзамон доир ба нақшаҳоятон низ ҳарф назанед. Ҳангоми истифода ба нармафзорҳо ва ҳолати дастгоҳҳоятон низ диққат дода, мунтазам онҳоро тафтиш кунед.
  5. Мутахассисони амнияти рақамӣ тавсия медиҳанд, ки фаъолияти корӣ ва зиндагии муқаррариатон бояд фарқ кунад. Яъне, хуб мешуд барои кори ҷамъиятӣ рӯзноманигор телефон ва почтаи алоҳида дошта бошад ва корти бонкӣ, мукотибаи шахсӣ ё сарчашмаеро, ки маълумотҳои лозимиро дар он нигоҳ медорад, ба телефон ва почта пайваст накунад. Барои фаъолияти корӣ телефони дигар, ки дар он маълумотҳои шахсиатонро нигоҳ намедоред ва танҳо дар ҷарайёни кор аз он истифода мекунед.
  6. Рушди саводи расонаӣ, доштани тафаккури интиқодӣ ва истифодаи технологияҳои санҷиши факт-ҳамаи инҳо вобастагии зич доранд. Дар робита ба манбаи иттилоот, як омили оддиро истифода баред: Вақте касе ба Шумо маълумоти муҳимеро мегӯяд, ба худ савол диҳед: “Ӯ инро аз куҷо медонад ва чаро ӯ мехоҳад, ки ман инро донам?”. Тибқи нишондиҳандаҳо бештар вақт рӯзноманигорон қурбонии фиреби сарчашмаҳои тақаллубӣ мешаванд, назар ба ҳамлаҳои компютерӣ ва ё ҷисмонӣ.

Ин танҳо пешниҳодҳо ба шакли мухтасар буд, ки коршиносон риояи онҳоро дар фаъолияти ҳамарӯза тавсия медиҳанд. Боиси зикр аст, ки мавзӯи амнияти рақамӣ барои ҷомеаи имрӯзаи мо то ҷое нав аст, вале новобаста аз ин он доман паҳн намуда истодааст. Зеро доштани донишу малака вобаста ба амнияти рақамӣ барои ҳар як нафар, ки дар фазои маҷозӣ ҳузур дорад ва аз василаҳои мухталиф истифода мекунад, муҳим мебошад.

Бо назардошти муҳимияти мавзӯ дар робита ба рушди ҷомеаи кунунӣ ва тақозои фаъолияти рӯзноманигороӣ изҳори умед карда мешавад, ки дар ин баррасӣ то ҷое тавонистем, ки моҳияти мавзӯи бехатарии рақамиро баён кунем ва минбаъд ҳамкасбони мо ва ҳамаи онҳое, ки барояшон масъалаи бехатарӣ дар фазои маҷозӣ аҳамият дорад, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ба таври мукаммал ин донишҳоро аз худ намуда, дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ аз истифода баранд.

Рустамбек Аҳмадзода – рӯзноманигор