Гузориши махсусро меомӯзем

0
547

Дар Ташкилоти чамъиятии «Хома» Мактаби журналистӣ зери унвони «Гузориши махсус. Чи гуна тавассути видеоқатор метавон қиссаро нақл кард (маҳорати касбии кор бо видео)» ба кори худ оғоз кард. Омӯзиш аз аз 6 то 11 июни соли равон идома меёбад ва ба он 12 нафар тележурналистон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат ҷалб шудаанд.

Ба ҳайси тренери асосӣ Денис Бевз, рӯзноманигор, наворбардор, продюсер, тренери ВАО ва барандаи бисёр ҷоизаҳои бонуфузи касбии Россия, аз ҷумла ҷоизаи TEFI ва НТВ “«Профессия-репортер» даъват шудааст. Дар якҷоягӣ бо ӯ рӯзноманигорони шинохта ва ботаҷрибаи тоҷик, коршиносони ВАО Изатманд Саломов, Шаҳло Акобирова, Суҳроби Зиё, медиатренерон ва наворбардорон Алишер Примқулов ва Муҳаммад Норов ба рӯзноманигорон дарс медиҳанд.

Дар омӯзиш иштирокчиён дар бораи фарқи журналистика аз PR ва идеология, кори рӯзноманигор дар ҷаҳони муосир, муҳимияти кори дастаҷамъӣ дар омода кардани гузориши махсус, пайдарпаии видео, кадроплан ва ибораи танзимӣ маълумот мегиранд. Ҳамзамон бо асосҳои жанри репортажи махсус ва воситаҳои асосии он, навъҳои гузориш, тарзи пайдо кардани мавзӯъ,муайян кардани хати сюжет ва истифодаи манбаъҳои ахбор шинос мешаванд.

Иштирокчиён инчунин оид ба имкониятҳои дастгоҳҳои мобилии худ, талаботи асосии техникӣ барои маводи видеоӣ, танзими видео, аксбардорӣ ва наворбардорӣ маълумот гирифта, дониши худро доир ба диафрагма, композитсия ва истифодаи дурусти манбаъҳои рӯшноӣ васеъ мекунанд.

Ҳуқуқшиноси ТҶ «Хома» Ранжет Ятимов ба рӯзноманигорон дар бораи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои рӯзноманигор, ҳуқуқ ба тасвир ва дар куҷо сабт кардан мумкин асту дар куҷо не маълумот медиҳад.

Иштирокчиён инчунин бо стандартҳои гузориши махсус дар журналистикаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла қолабҳои гузориш тибқи стандартҳои Би-би-сӣ шинос хоҳанд шуд.

Дар барнома тамошои матлабҳои қаблии иштирокчиён ва мухокимаи онхо, инчунин тамошои гузоришҳои махсуси касбӣ сохта шуда пешбинӣ шудааст.

Се рӯзи аввал ба шунавандагон машғулиятҳои назариявию амалӣ гузаронида мешавад ва се рӯзи боқимонда онҳо мустақилона дар мавзӯҳои қаблан муҳокимашуда гузориш месозанд ва донишҳои азхудкардаашонро  месанҷанд.

Лоиҳа аз ҷониби барномаи Осиёи Марказӣ Media CAMP бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Internews баргузор мешавад.

Шарҳ:ТҶ  «Хома» барои баландшавии сатҳи касбии журналистон ва дар маҷмӯъ ба рушди журналистикаи соҳавӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.  Вусъат бахшидан ба кори ВАО чопӣ ва электронӣ ҳадафи  асосии ташкилот ба ҳисоб меравад.  ТҶ «Хома» дар самти рушди журналистикаи иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ фаъолият мекунад. Маълумоти бештарро аз сомонаи www.khoma.tj  ё тариқи телефони 227 34 78 дастрас мекунед.