Лоиҳаи дастури таълимӣ барои риштаҳои рӯзноманигории муассисаҳои таҳсилоти олӣ таҳия шуд

0
1546

Муҳокимаи модули дарсӣ таълимӣ барои таҳия ва таълифи китоби дарсӣ барои фанни Асосҳои ҳуқуқи журналистика ба анҷом расид, ки дар он устодони риштаҳои рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, инчунин донишгоҳҳои Хуҷанд, Бохтар, Хорӯғ ва Кӯлобу Рашт ширкат карданд. Чорабинӣ рӯзҳои 2-5 июли соли равон дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ТҶ “Хома” дар Осоишгоҳи “Баҳористон” ташкил гардид.

Лоиҳаи дастури таълимӣ барои риштаҳои рӯзноманигории муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки давоми ин рӯзҳо таҳия шуд, фарогири масоили муҳими ҳуқуқи ВАО буда, бо назардошти талаботи стандартҳои таълимӣ барои макотиби олӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин санад  масоили  умумии ҳуқуқи ВАО, субъектҳои асосии марбут ба ВАО, масъалаи ташкил, таъсис, боз доштан ва қатъи фаъолияти воситаи ахбор, моликияти зеҳнӣ, танзими ҳуқуқии истифодаи технологияҳои рақамӣ, ҷавобгариҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии марбут ба ВАО, худтанзимкунӣ дар ҷомеаи журналистӣ, номгӯи адабиёти соҳа ва ғайра таҷассум ёфтааст.

Инчунин як қатор пешниҳодҳо аз ҷониби устодони риштаҳои рӯзноманигорӣ ироа шуд, ки ба бовари онҳо, дар сурати амалӣ гардидани он сифати таълим беҳтар мегардад. 

“Фаъол кардани мактаби силсилавии такмили омӯзгории соҳаи ВАО, сохтани пойгоҳи ягона барои риштаҳои рӯзномагорӣ, таҳияи стандарти ягонаи таълим, систематикунонии мавзӯҳои фанни вобаста ба таълими ҳуқуқи ВАО, истифодаи техналогияи рақамӣ дар дарсҳои амалӣ, роҳандозии дарсҳои интихобӣ ва курсҳои махсус дар факултету риштаҳои  рӯзноманигорӣ вобаста ба ҷанбаъҳои гуногуни ҳуқуқии ВАО” аз қабили ин пешниҳодҳо буданд.

Дар ин давраи омӯзишӣ коршиносон, тренерони варзидаи риштаи ҳуқуқи ВАО, фанновариҳои навини иттилоотӣ, равандҳои муосири журналистика, профессори ҳуқуқ Умрулло Меликов, ҳуқуқшиноси Ташкилоти “Хома” Ранжет Ятимов, коршиноси варзидаи соҳаи ТИК дар Осиёи Марказӣ Асомидин Атоев, тренерҳои равандҳо ва расонаҳои нав Иззатманд Саломов ва Иршод Сулаймонӣ паҳлуҳои гуногуни ин дастурро ба баҳс кашида, баррасӣ карданд.