Табодули афкор бо намояндагони Хадамоти марказии иртибот ва Маркази матбуоти ВКД-и Қазоқистон

0
1378
Айнур Коскин бо Умеда Юсуфӣ, сардори шуъбаи кор бо ҷомеаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мубодилаи афкор мекунад

Дар рӯзи дуввуми сафари омӯзишӣ ба шаҳри Остонаи Қазоқистон, масъулини робита бо ҷомеаи ниҳодҳои Тоҷикистон аз чанд сохтори давлатии Қазоқистон дидан карда, инчунин дар мастер-класси рӯзноманигори нашрияи интернетии QOS-Live Айнур Коскин ширкат намуданд. Айнур Коскин вобаста ба ҳалли бӯҳрони иртиботӣ суҳбат кард, ки чӣ гуна ба ҷонибҳо гуш дод то вазъро дуруст шарҳ дод.

Ҳамчунин нимаи дуюми рӯзи 30 май котибони матбуотии мо аз Хадамоти марказии иртиботи назди Вазорати иттилоот ва рушди иҷтимоии Қазоқистон дидан карданд. Дар ин Бекзат Раҳимов, сардори Раёсати рушди иртиботи давлат ва ҷомеаи вазорати мазкур бобати кори Хадамоти марказии иртибот нақл кард чӣ гуна тавонист ба танзими фаъолияти бахши робита ба ҷомеаи сохторҳои давлатӣ мусоидат кард.

Бекзат Раҳимов аз рост дуюм. Зимни суҳбат бо котибони матбуотии ҷониби Тоҷикистон

Марказии иртиботи назди Вазорати иттилоот ва рушди иҷтимоии Қазоқистон дар бинои Казмедиаи шаҳри Остона ҷойгир буда, як қатор телевизилону радиоҳои давлатии ин кишвар дар ин бино ҷойгиранд. Котибони матбуотии мо инчунин аз чандин студияи сабти барномаҳои чанд телевизиони Қазоқистон боздид анҷом доданд.

Олжас Каушев аз рост дуюм

Ба масъулини робита бо ҷомеаи Тоҷикистон Олжас Каушев, ҳамоҳангсози Хадамоти марказии иртиботи  назди Президенти Қазоқистон дар бораи фаъолияти марказ, раванди ҳисоботдиҳии мустақими мансабдорон тариқи телевизион ба масъулини робита бо ҷомеаи Тоҷикистон маълумот дод.

Роҳбарони робита бо ҷомеаи 8 ниҳоди Тоҷикистон инчунин аз Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон дидан карда, бо ҳайати маркази матбуоти ин ниҳод ва фаъолияти он  ошно шуданд.

Ба меҳмонон дар бораи навсозии сохторҳои корҳои дохилӣ, консепсияи таъмини амнияти аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо ҷомеа маълумот ироа гардид.

Албина Махамбетова, сардори Раёсати идиологӣ ва имиҷи Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон қайд кард, ки сиёсати иттилоотии ин раёсат ба шаффофият, воқеъбинӣ ва сари вақт расонидани иттилоот равона гардидааст.

Албина Махамбетова дар байн. Нусратулло Маҳмадзода, сардори маркази матбуоти ВКД-и Тоҷикистон ва Олга Диденко, роҳбари Медиа Сентр

“Стратегияи иртиботи раёсат ба огоҳонидани ҷомеа ва васоити ахбори омма, пешгирии ҷиноятҳо, баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии шаҳрвандон, баланд бардоштани обрӯи касби милитсия нигаронида шудааст.”,-таъкид намуд ӯ.

Албина Махамбетова дар бораи фаъолияти хеш мегӯяд

Имрӯзҳо хадамоти матбуоти милитсия бе ягон монеа ба ВАО маълумоти заруриро пешниҳод намуда, ба саволҳои рӯзноманигорон сари вақт посух медиҳад. Барои ин дар заминаи ин, портали иттилоотии Polisia.kz ва канали расмии Telegram фаъол аст

Меҳмонон аз Тоҷикистон инчунин аз маркази идораи оперативии милитсияи аҳри Остона дидан намуданд.