Боздид аз Astana Hub

0
1525
Мастер-класси Маҳаббат Еспенова барои котибони матбуотӣ

Дар рӯзи сеюми сафари омӯзишии котибони матбуоти мақомоти расмии Тоҷикистон ба шаҳри Остонаи Қазоқистон Маҳаббат Еспенова, узви шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳамкорӣ бо созмонҳои ғайритиҷоратии Вазорати иттилоот ва рушди иҷтимоии Қазоқистон дар мавзӯи ҳамкории мақомоти давлатӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ мастер-класс гузаронд.

Маҳаббат Еспенова

Масъулини робита бо ҷомеаи Тоҷикистон аз маркази матбуоти Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия, саноати аэрокосмикӣ ва технопарки байналмилалии IT Startups Astana Hub дидан карда бо бо мудири раёсати иртибот бо ВАО Науат Азанбаева, директори иҷроияи Astana Hub Алина Абдраҳмонова, директори идораи PR ва маркетинг Ирина Семенчук мулоқот карданд. Ҳамчунин онҳо аз намоишгоҳи ЭКСПО дидан карданд.