Тартиби ҳалли баҳсҳо оид ба ҳифзи шаъну шараф  ва эътибори корӣ  “диффаматсия”дар қонунгузорӣ

0
1829

Мафҳумҳо:

-зери мафҳуми маълумоти ба ҳақиқат мувофиқ набуда, ин воқеият ё ҳодисаҳое, ки дар вақт ва маҳали аслӣ ба маълумотҳои баҳсӣ тааллуқдошта, ҷой надошта бошанд, фаҳмида мешаванд;

-зери мафҳуми маълумотҳое, ки  шаъну  шараф  ё эътибори кории шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқиро паст мезананд,  нашри чунин маълумотҳо, ки дар матбуот, шунавонидани он бо радио  ва  намоиш додан дар телевизион,  намоиши барномаҳою филмҳои ахборӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма, пахши он дар шабакаи Интернет, ҳамчунин бо истифодаи воситаҳои дигари телекоммуникатсионӣ, тафсир дар тавсифномаи хизматӣ, баромадҳои оммавӣ, аризаҳо, ки ба суроғаи шахсони мансабдор ё ин ки иттилоот дар ҳама гуна шакл, аз ҷумла ба тариқи  шифоҳӣ ақаллан ба як шахс  ирсолшуда фаҳмида  мешавад;

-раддия – талаби хаттии шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ дар хусуси рад намудани маълумоти нодурусти дар воситаҳои ахбори омма паҳншуда, ки шаъну шараф ва эътибори кории ӯро паст мезанад.

Шаъну шараф ва эътибори шахсӣ, номи нек ва эътибори корӣ, дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сирри шахсӣ ва оилавӣ ҳуқуқҳои фитрӣ ва ғайримодии ҳар шахс ба ҳисоб меравад. Ва он ҷудонашаванда ва дахлнопазир мебошад. Чи тавре, ки дар моддаи 5-уми Конститутсия гуфта шудааст: – “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳамчунин, дар моддаи 23 Конститутсия гуфта шудааст, ки дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст.

Имрӯзҳо ҳар яки мо дар сомонаҳо иҷитимоӣ-интернетӣ мушоҳида мекунем, ки баъзан аз тарафи намояндагони ВАО, блогерҳо ва дигар нафароне, ки бо иттилоот сару кор доранд, дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ ва шаъну шарафу эътибори шахсию кории дигар нафарон халалдор карда мешвад.  Дар ин ҳолат тибқи қонун “Воситаҳои ахбори омма барои объективӣ будан ва саҳеҳии ахбори аз ҷониби онҳо паҳншаванда ҷавобгаранд.[1]

Дар ҳолати ба вуҷуд омадани чунин баҳсҳо, қонун якчанд механизми ҳимояи ҳуқуқро муайян кардааст. Агар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ чунин шуморанд, ки маълумоти паҳнкардашуда шаъну шараф ва эътибори кории онҳоро паст зада ба ҳақиқат мувофиқат намекунад, онҳо метавонанд ба суд муроҷиат кунанд. Дар ин сурат судҳо бояд, дар назар дошта бошанд, ки тибқи Қонун ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад, сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст. Яъне судя бояд мувозинати байни ду ҳуқуқро риоя кунад. Албатта ин масъалаи бисёр нозук аст ва бояд манфиат ва ҳуқуқҳое, ки барои ҳар ду ҷониб дар қоунгузорӣ муайян карда шудааст, ҳангоми баррасиҳо ба назар гирифта шавад.

Тибқи тартиби муқаррарнамудаи қисмҳои 1, 8-и моддаи 174 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванде, ки дар хусуси ӯ маълумоти пастзанандаи эътибори кориаш паҳн гардидааст, ҳуқуқ доранд барои нодуруст эътироф намудани маълумоти паҳнгардида ба суд даъво намояд.

Дар ин ҳолат, қонунгузори мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби пеш аз судиро барои ҳифзи шаъну шараф ва ё эътибори корӣ, аз ҷумла дар ҳолатҳое, ки даъво нисбати васоити ахбори омма, ки ба воситаи он ин гуна маълумот паҳн гардидааст, пешбинӣ накардааст.

Шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие, ки воситаи ахбори омма дар хусуси ӯ маълумоти бардурӯғ ва ё маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ё эътибори кориашро паҳн намудааст, ҳуқуқ дорад аз редаксияи он нашри раддияро талаб намояд. Агар редаксияи воситаи ахбори омма дар бораи дуруст ва ба ҳақиқат мувофиқ будани маълумоти паҳннамудааш далел надошта бошад, вазифадор аст, ки дар худи ҳамон воситаи ахбори омма раддияро нашр намояд. Агар шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ матни раддияи худро пешниҳод карда бошад, дар мавриди ба талаботи қонунгузорӣ мувофиқ будани матни он, раддия дар воситаи ахбори омма нашр карда мешавад. Раддия ё ҷавоб бояд дар бахши махсус ва ё дар ҳамон саҳифа, бо ҳамон ҳуруфе чоп шавад, ки маълумоти радшаванда ба табъ расида буд. Ҳамчунин, ҳаҷми матни раддия набояд аз ҳаҷми маълумоти радшаванда зиёд бошад. (Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” м. 19)

Воситаҳои ахбори оммае, ки онҳоро мақомоти давлатӣ таъсис додаанд, вазифадоранд ахбори расмии ин мақомотро нашр намоянд. Воситаҳои ахбори омма вазифадоранд қарори эътибори қонунӣ пайдонамудаи судро дар бораи дар ҳамон воситаи ахбори омма нашр кардани он ройгон ва дар муҳлати муқарраршуда нашр намоянд. (Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” м.22)

Дар сурати аз тарафи воситаи ахбори омма рад кардани нашри раддия ва ё риоя накардани муҳлати барои нашри чунин мавод муқарраршуда, шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад дар муддати то як соли баъди нашри мақола ба суд муроҷиат намояд. (Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” м 21)

Ҳамчунин, ҳифзи судии шаъну шараф ва эътибори кории шаҳрванд ва шахси ҳуқуқӣ, ки нисбаташ маълумоти номувофиқ паҳн гаштааст, дар ҳолате, ки агар муайян кардани шахси паҳнкунандаи чунин маълумот имконнопазир бошад, истисно намегардад. Дар ин ҳолат шахсе, ки нисбаташ чунин маълумот паҳн карда шудааст бо дастрасии қисми 7-и моддаи 174 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, метавонад, барои нодуруст эътироф кардани маълумоти паҳнгардида ба суд муроҷиат кунад. Қобили қайд аст, ки баррасии аризаҳои мазкур бо тартиби мурофиаи махсус оиди муайян намудани ҳолатҳои аҳамияти ҳуқуқӣ дошта, баррасӣ мегарданд. (Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, боби 28, м.м 269-273)

Мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қисми 1-и моддаи 32 Кодекси мурофиаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаҳо дар хусуси ҳимояи шаъну шараф ва эътибори касбӣ дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар намуди фаъолияти иқтисодӣ аз ҷониби судҳои иқтисодӣ баррасӣ карда мешаванд.

Ҳангоми пешниҳод намудани аризаи даъвогӣ дар хусуи ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ, муаллифи паҳнкунандаи маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ва эътибори корӣ, ки маълумоти паҳнкардааш ба ҳақиқат мувофиқат намекунад ва ё шахси паҳнкунандаи чунин маълумот, тибқи қонунгузорӣ ҷавобгар дониста мешавад. Дар ҳолате, ки агар маълумотҳои болозикр тавассути воситаҳои ахбори омма паҳн шуда бошад, он гоҳ ҷавобгари муносиб муаллиф ва редаксияи воситаҳои дахлдори ахбори омма дониста мешавад. Агар маълумотҳои мазкур дар воситаҳи ахбори омма бо ишораи шахсе, ки сарчашмаи он мебошад, паҳн шудааст, он гоҳ ин шахс низ дар мурофиа ҷавобгарӣ муносиб дониста мешавад. (банди 5-и Қарори Пленуми Суди Олӣ таҳти №7 аз 23.12.2011 сол).

Ҳангоми бе ному насаби муаллиф чоп ё ба тариқи дигар, паҳн намудани маълумотҳои пастзанадаи шаъну шараф ва эътибори корӣ, ки ба ҳақиқат мувофиқат намекунанд, аз рӯи парванда ҷавобгари муносиб редаксияи воситаҳои дахлдори ахбори омма, яъне шахси ҳуқуқӣ ё ташкилотҳои онҳо, ки нашри воситаҳои ахбори оммаро амалӣ мегардонанд, дониста мешаванд. Дар ҳолати шахси ҳуқуқӣ набудани редаксияи ВАО дар парванда ба ҳайси ҷавобгар муассиси он ҷалб карда мешавад.

Паст задани шаъну шараф ва эътибори корӣ, ҳангоми ҷой доштани туҳмат, яъне дидаю дониста паҳн кардани маълумоти бардурӯғ, ки шаъну шараф ва эътибори шахи дигарро паст мезанад ё таҳқир, яъне беодобона  бо алфози қабеҳ, паст задани шаъну шараф ва эътибори шахси дигар тибқи талаботи муқаррарнамудаи моддаҳои 170, 171, ва 174-и Кодекеси гражданӣ баррасӣ карда мешаванд. (моддаи 174 иловаи 1-и Кодекеси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон). Дар ин сурат зарур аст, ки судҳо парвандаҳои марбут ба ҳифзи шаъну шараф ва эътибори кориро (моддаи 174 КГ  Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз парвандаҳои оид ба ҳифзи дигар неъматҳои ғайримоддӣ  (моддаи 170 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон) фарқ намоянд.

Мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қисми 1-и моддаи 174 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар шахси паҳнкардаи маълумоте, ки шаъну шараф ё эътибори кории шаҳрвандро паст мезананд, дурустии чунин маълумотро ба исбот нарасонад, шаҳрванд ҳақ дорад ба тариқи судӣ раддияи чунин маълумотро талаб кунад. Яъне, инҷо вазифаи исботнамоии ба ҳақиқат мувофиқ будани маълумоти паҳнгардида, ба души худи ҷавобгар вогузор карда мешавад. Даъвогар вазифадор аст воқеияти паҳн кардани маълумот аз ҷониби ҷавобгар, инчунин хусусияти пастзанандаи маълумоти мазкурро исбот намояд.

Редаксияи воситаҳои дахлдори ахбори омма, журналист, муаллиф ва ё сарчашмаи маълумот, ки нисбаташон аризаи даъвогӣ ба суд пешниҳод карда шудааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи модди 37 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, метавонанд аз ҳуқуқҳои мурофиавии худ озодона истифода кунанд. Яъне онҳо метавонанд;

-бо маводи парванда шинос шаванд, аз он иқтибос ё нусха гиранд;

– оид ба рад намудан ариза пешниҳод кунанд, далелҳо оваранд ва дар таҳқиқи онҳо иштирок намоянд;

– ба дигар шахсони иштирокчии парванда, шоҳидон, коршиносони судӣ ва мутахассисон саволҳо диҳанд;

– дар бораи талаб карда гирифтани далелҳо ба суд дархост пешниҳод намоянд;

– ба суд баёноти шифоҳӣ ва хаттӣ диҳанд оид ба ҳамаи масъалаҳое, ки дар ҷараёни муҳокимаи судӣ ба миён меоянд, ваҷҳҳои худро пешниҳод кунанд, муқобили дархост ва ваҷҳҳои дигар шахсони иштирокчии парванда норозигӣ баён намоянд;

Шахсони мансабдори давлатӣ  оиди тарзи кору фаъолият, таври иҷро кардани вазифаҳои  худ  метавонанд дар воситаҳои ахбори омма зери танқид қарор гирифта шаванд, чунки ин баҳри таъмини шаффофият ва иҷроиши ваколатҳои масъули онҳо  зарур мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, дар вақти баррасии парвандаҳо оид ба ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ судҳо бояд ба он диққат диҳанд, ки мулоҳизаҳои баҳодиҳӣ, фикру ақидаҳо,  мавзӯи баҳси судӣ оид ба ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ тибқи  моддаи  174 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, зеро онҳо ифодаи фикру ақидаи субъективии шахс буда, мавриди санҷиш  қарор дода намешаванд[2]. Зеро давлат ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахборро кафолат додааст. (м. 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қисми 6-и моддаи 174 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванде, ки дар хусуси ӯ маълумоти пастзанадаи шаъну шараф ва эътибори кориаш паҳн гардидааст ҳақ дорад дар баробари раддияи ҷунин маълумот ҷуброни зиёни маънавии аз паҳн кардани онҳо расидаро низ талаб намояд. Дар ин ҳолат ҳангоми муайян кардани андозаи ҷуброни зарари маънавӣ банди 2-и  моддаи 171 ва моддаҳои 1115-1116 Кодекси гражданӣ  ва дигар ҳолатҳои қобили тавваҷҷуҳ аз тарафи судя бояд ба назар гирифта шавад. Маблағи ҷуброни зарари маънавӣ, ки рӯёнида мешавад, бояд мутаносибан ба зарари расонидашуда баробар бошад, то ба маҳдуд кардани озодии ахбори омма оварда нарасонад. Яъне ҷабрдида набояд, ки аз зарари ба у расонидашуда фоида ба даст оварад.

Агар дар вақти мурофиа муайян гардад, ки редаксияи воситаҳои ахбори омма раддияе, ки даъвогарро қонеъ мекунад, ихтиёран табъу нашр намудааст, Суд ҳолати мазкурро дар вақти муайян кардани андозаи ҷуброни зарари маънавӣ ба назар мегирад.

Имрӯзҳо дар баъзе ҳолатҳо мушоҳида карда мешавад, ки дар аризаҳои даъвогӣ оиди руёндани зарари маънавӣ талаботи УЗР хостан ҷой дода шудааст. Узр хостан ҳамчун тарзу усули ҳифзи судии шаъну шараф ва эътибори корӣ дар моддаи 174 ва дигар меъёрҳои қонугузорӣ пешбинӣ карда нашудааст. Аз ин саба Суд ҳуқуқ надорад, ҷавобгар(он)-ро вазифадор намояд, то аз даъвогар(он) ин ё он намуд узрхоҳӣ кунанд.

Ҳамин тариқ, вақти таҳлил ва омӯзиши мавзӯи мазкур, ба хулосе омадан мукин, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ду роҳи ҳифз ва бартараф намудани баҳсҳо оиди шаъну шараф ва эътибори шахсӣ, номи нек ва эътибори корӣ мавҷуд мебошад:

  • пеш аз судӣ ҳал намудани басҳо- шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие, ки воситаи ахбори омма дар хусуси ӯ маълумоти бардурӯғ ва ё маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ё эътибори кориашро паҳн намудааст, ҳуқуқ дорад аз редаксияи он нашрия раддияро талаб намояд. Агар редаксияи воситаи ахбори омма дар бораи дуруст ва ба ҳақиқат мувофиқ будани маълумоти паҳннамудааш далел надошта бошад, вазифадор аст, ки дар худи ҳамон воситаи ахбори омма раддияро ройгон нашр намояд;
  • тариқи судӣ ҳал намудани баҳс дар сурати аз тарафи воситаи ахбори омма рад кардани нашри раддия ва ё риоя накардани муҳлати барои нашри чунин мавод муқарраршуда, шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад дар муддати то як соли баъди нашри мақола ба суд бо дастрасии асосҳои дар боло оварда шуда (м.м 170, 172, 174,174.1). муроҷиат намояд.

Омӯзишу баррасии ин мавзӯ, санадаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, қонунгузорӣ ва ҳолатҳои ба миён омада боис гардид, ки мо барои такмил додани қонунгузории мурофиавии граждании  Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри таъмини мустақилият ва озодии ВАО  ва ҳалли дурусти баҳсҳои дар ин самт бавуҷудоянда пешниҳоде намоем:

-дар қонунгузории мурофиавии граждании  Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби пеш аз судӣ ва судии ҳалли баҳсҳо оиди ҳифзи шаъну шараф ва ё эътибори корӣ (диффаматсия), дар ҳолатҳое, ки даъво нисбати редаксияи ВАО (журналист, муаллиф ва сарчашмаи маълумот), ки ба воситаи он ин гуна маълумот паҳн гардидааст, ҷой дода шавад.

Ба назари мо баррасии ин омил имкон медиҳад, ки ҳалли масъалаҳо боз ҳам мушаххастар гардад. Зеро ҳолатҳои боло дар таҷриба ба назар мерасад ва дар сурати мавҷудияти он дар қонунгузорӣ баррасии чунин қазияҳо мушххастар мегардад. 

© Зикруллоев  Хусрав

[1] Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” моддаи 6, қ 2.

[2] Банди 9-и Карори Пленуми Суди Оли тахти №7 аз 23.12.2011 сол