Иштирокчиёни омӯзиш гузориши махсус таҳия мекунанд

0
1095

Дар ТҶ “Хома” Мактаби журналистӣ доир ба сохтани гузориши махсус идома дорад. Тайи се рӯз иштирокчиён тавассути устодони ботаҷрибаи Русия ва Тоҷикистон маҳорати касбии кор бо видео, асосҳои жанри гузориши махсус, воситаҳои асосии он, навъҳои гузориш, стандартҳои гузориши махсус дар журналистикаи ҷаҳонӣ, тарзи пайдо кардани мавзӯъ, кор бо манбаҳои иттилоот, муайян кардани хати сюжет ва бо навор нақл кардани қиссаро аз худ карда истодаанд.


Дар баробари мавзӯҳои назариявӣ ва амалӣ ба журналистон гузоришҳои касбӣ сохташуда ва гузоришҳои худи иштирокчиёнро намоиш дода, бо онҳо унсурҳои сохтани гузориши махсусро муҳокима мекунанд. Ҳамзамон, устодон бо иштирокчиён мавзӯҳои гузоришҳои ояндаи онҳоро муҳокима ва муайян намуда истодаанд, то се рӯзи минбаъда онҳо ба кори мустақилона шурӯъ кунанд ва бо истифода аз донишҳои бардоштаашон гузоришҳои махсус созанд. Кори Мактаби журналистӣ идома дорад.

Лоиҳа аз ҷониби барномаи Осиёи Марказӣ Media CAMP бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Internews баргузор мешавад.