Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар ҳамкорӣ бо Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои масъулони 22 сомонаи судӣ аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ омӯзиши дурӯза таҳти унвони «Фаъолияти самараноки сомонаҳои судӣ: таҳрир ва малакаҳои техникӣ» баргузор намуд.
Қабл аз баргузории омӯзиш «Хома» мониторинги 78 сомонаи судиро анҷом дода, дар асоси натиҷаҳои бадастомада барномаи омӯзиширо таҳия кард.
Дар маросими ифтитоҳи омӯзиш муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағозода Абдуқаҳҳор Саидмурод зикр намуданд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир баланд бардоштани сифати иттилооти судӣ, таъмини боэътимод ва саривақтӣ будани он, инчунин осон намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад. Зимнан, муовини раиси Суди Олӣ омодагии ин ниҳодро барои густариши ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ дар ин самт иброз дошт.
Дар омӯзиш судяи Суди Олии ҶТ Аланазарзода Шароф оид ба заминаҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот вобаста ба фаъолияти судҳо ва аҳамияти фаъолгардонии сомонаҳои судӣ маълумоти муфассал пешниҳод карданд.
Мутахассисони ТҶ «Хома» ба иштирокчиён доир ба пойгоҳҳои маъмули идоракунии муҳтаво — WordPress, Bitrix ва Joomla, инчунин оид ба заминаҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот, меъёрҳои универсалии пешниҳоди хабар ва сохтори дурусти матни хабарӣ маълумоти муфассал ва тавсияҳои амалӣ пешниҳод намуданд.
Омӯзиши мазкур дар доираи лоиҳаи «Дастгирии иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон то соли 2038» бо дастгирии IPHR баргузор гардид.
