Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» яқҷо бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули иштирокчиёнро барои семинарҳои дурӯза эълон менамояд, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар барои мутахассисони соҳаи ВАО, намояндагони мақомоти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баргузор мегарданд.
Семинарҳо ба масъалаҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи ВАО, дастрасӣ ба иттилоот ва ҷавобгарӣ барои вайрон намудани қонунгузории амалкунанда бахшида мешаванд. Семинарҳо ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ миёни намояндагони воситаҳои ахбори омма, мақомоти давлатӣ ва низоми судӣ равона гардидаанд.
Дар доираи семинарҳо иштирокчиён масъалаҳои зеринро баррасӣ менамоянд:
- ҳуқуқ ва уҳдадориҳои рӯзноманигорон ҳангоми дастрасӣ ва паҳн намудани иттилоот;
- муҳити ҳуқуқие, ки ВАО дар он фаъолият мекунанд, аз ҷумла маҳдудиятҳо дар паҳн намудани иттилоот ва ҷавобгарӣ барои вайрон намудани қонунгузорӣ;
- нақши прокуратура ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини риояи қонунгузорӣ дар соҳаи ВАО ва стандартҳои паҳн намудани иттилоот;
- вазифаҳои судҳо ва низоми судӣ, аз ҷумла талабот ба пойгоҳи далелӣ, тартиби баррасии парвандаҳо ва татбиқи ҳуқуқ ба аппелятсия;
- мафҳумҳои асосии ҳуқуқӣ барои кормандони ВАО ва хадамоти матбуотӣ, аз ҷумла дастрасӣ ба иттилоот ва таърифи иттилооти оммавӣ, ҳуқуқ ба махфияти манбаъ, ҳуқуқ ба тасвир, инчунин масъалаҳои монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии рӯзноманигорон.
Семинарҳо ҳамчун майдони муколамаи кушод байни рӯзноманигорон, намояндагони хадамоти матбуотии мақомоти давлатӣ, мақомоти судӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ хизмат хоҳанд кард. Иштирокчиён имконият пайдо мекунанд, ки таҷриба мубодила намоянд, мушкилоти мавҷударо баррасӣ кунанд ва ҳамкории касбиро тақвият бахшанд.
Дар маҷмӯъ баргузории се семинар ба нақша гирифта шудааст, ки дар ҳар яке то 20 иштирокчӣ, аз ҷумла рӯзноманигорон, намояндагони хадамоти матбуотии мақомоти давлатӣ, намояндагони низоми судӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иштирок менамоянд.
Ин ташаббус дар доираи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ва Барномаи давлатии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022–2026 амалӣ мегардад, ки баргузории омӯзишҳоро барои намояндагони мақомоти давлатӣ ва рӯзноманигорон оид ба масъалаҳои дастрасӣ ба иттилоот ва масъалаҳои ҳуқуқӣ пешбинӣ менамояд.
Барои кӣ муфид аст?
- рӯзноманигорон ва мутахассисони соҳаи ВАО;
- намояндагони хадамоти матбуотии мақомоти давлатӣ;
- намояндагони мақомоти судӣ;
- намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.
Формат ва санаҳои баргузории семинарҳо
Душанбе
Давомнокӣ: 2 рӯз
Санаи тахминӣ: аввали моҳи майи соли 2026
Формат: ҳузурӣ (офлайн)
Иштирокчиён: аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Бохтар
Давомнокӣ: 2 рӯз
Санаи тахминӣ: охири моҳи майи соли 2026
Хуҷанд
Давомнокӣ: 2 рӯз
Санаи тахминӣ: аввали моҳи июн соли 2026
Формат: ҳузурӣ (офлайн)
Иштирокчиён: аз шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои наздик
Формат: ҳузурӣ (офлайн)
Иштирокчиён: аз шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои наздик
Шартҳои иштирок
Барои бақайдгирӣ пур кардани дархост зарур аст:
- Дархост барои иштирокчиён аз Душанбе
- Дархост барои иштирокчиён аз Хуҷанд
- Дархост барои иштирокчиён аз Бохтар
Муҳлатҳои ниҳоии пешниҳоди дархостҳо
• барои Душанбе: то соати 23:00, 25 апрели соли 2026
• барои Бохтар: то соати 23:00, 20 майи соли 2026
• барои Хуҷанд: то соати 23:00, 25 майи соли 2026
Шумораи ҷойҳо маҳдуд аст.
Тамос
Барои маълумоти иловагӣ:
Ин чорабинӣ дар доираи лоиҳаи #Acted Тоҷикистон «CSO-GO for Governance: Тақвияти ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳифзи озодиҳои асосӣ ва демократия дар Тоҷикистон тавассути рушди иқтидори рақамӣ, дастрасӣ ба иттилоот ва муколама» бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо (European Union in Tajikistan) баргузор мегардад.
Объявление о наборе участников на семинары по правовым вопросам в медиа
Общественная организация «Хома» совместно с Министерством культуры Республики Таджикистан, в партнёрстве с Верховным судом Республики Таджикистан и Офисом Уполномоченного по правам человека Республики Таджикистан объявляет набор участников на двухдневные семинары, которые пройдут в городах Душанбе, Худжанде и Бохтаре для медиаспециалистов, представителей судебных органов, правоохранительных органов и представителей местных хукуматов.
Семинары будут посвящены правовым вопросам в сфере медиа, доступа к информации и ответственности за нарушение действующего законодательства. Семинары направлены на укрепление взаимопонимания и сотрудничества между представителями средств массовой информации, государственных органов и судебной системы.
В рамках семинаров участники обсудят:
- права и обязанности журналистов при получении и распространении информации;
- правовую среду, в которой работают СМИ, включая ограничения на распространение информации и ответственность за нарушение законодательства;
- роль прокуратуры и правоохранительных органов в обеспечении соблюдения законодательства в сфере СМИ и стандартов распространения информации;
- функции судов и судебной системы, включая требования к доказательной базе, порядок рассмотрения дел и реализацию права на апелляцию.
- ключевые юридические понятия для сотрудников СМИ и пресс-служб, такие как доступ к информации и определение публичной информации, право на анонимность источников, право на изображение, а также вопросы препятствования законной профессиональной деятельности журналистов.
Семинары станут площадкой для открытого диалога между журналистами, представителями пресс-служб государственных органов, судебных органов и правоохранительных структур. Участники смогут обменяться опытом, обсудить существующие вызовы и укрепить профессиональное взаимодействие.
Всего планируется проведение трех семинаров, в каждом из которых примут участие до 20 участников, включая журналистов, представителей пресс-служб государственных органов, представителей судебной системы и органов местной государственной власти.
Инициатива реализуется в соответствии с Национальной стратегией Республики Таджикистан в области защиты прав человека и Государственной программой образования в сфере прав человека на 2022-2026, предусматривающие проведение обучения для представителей государственных органов и журналистов по вопросам обеспечения доступа к информации и правовым вопросам.
Кому это будет полезно?
- журналисты и медиаспециалисты;
- представители пресс-служб государственных органов;
- представители судебных органов;
- представители местных органов государственной власти.
Формат и даты
Душанбе:
- Продолжительность: 2 дня
- Предварительная дата: конец апреля, 2026
- Формат: оффлайн
- Участвуют те, кто проживает в Душанбе и РРП
Худжанд:
- Продолжительность: 2 дня
- Предварительная дата: третья декада мая, 2026
- Формат: оффлайн
- Участвуют те, кто проживает в Худжанде и ближайших районах
Бохтар:
- Продолжительность: 2 дня
- Предварительная дата: середина июня, 2026
- Формат: оффлайн
- Участвуют те, кто проживает в Бохтаре и ближайших районах
Условия участия:
Для регистрации необходимо заполнить онлайн-форму.
Онлайн форма для участников мероприятия из Душанбе
Онлайн форма для участников мероприятия из Худжанда
Онлайн форма для участников мероприятия из Бохтара
Крайний срок подачи заявок для участников из Душанбе до 23:00, 25 апреля 2026 г
Крайний срок подачи заявок для участников из Худжанда до 23:00, 25 мая 2026 г.
Крайний срок подачи заявок для участников из Бохтара до 23:00, 20 мая 2026 г.
Количество мест ограничено.
По всем вопросам обращайтесь по адресу:
Данное мероприятие проводится в рамках проекта #Acted Таджикистан «CSO-GO for Governance: Укрепление средств массовой информации и гражданского общества для защиты и продвижения основных свобод и демократии в Таджикистане через развитие цифрового потенциала, доступ к информации и диалог» при финансовой поддержке Европейского союза (European Union in Tajikistan).
