Дар қисмати дуюми рӯз, судяи Суди Аврупо оид ба ҳуқуқҳои инсон, профессор ва доктори илмҳои ҳуқуқ Латиф Гусейнов ба намояндагони воситаҳои ахбори омма, мақомоти судӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳуқуқшиносон меъёрҳои байналмилалии ҳифзи озодии баёнро шарҳ дод. Дар рафти омӯзиш иштирокчиён бо муқаррароти моддаи 10-и Конвенсияи Аврупо оид ба ҳуқуқҳои инсон, методологияи Суди Аврупо ҳангоми баррасии парвандаҳои марбут ба озодии баён, аз ҷумла муайян намудани мавҷудияти дахолат, қонуният, ҳадафи қонунӣ ва мутаносиб будани маҳдудиятҳо шинос шуданд. Тренер инчунин тавзеҳ дод, ки ҳангоми арзёбии зарурати маҳдуд кардани озодии баён Суди Аврупо ба омилҳое чун манфиати ҷамъиятӣ, вазнинии ҷазо ва асоснокии қарорҳои мақомоти миллӣ диққати махсус медиҳад.
Иштирокчиён масъалаҳои марбут ба нашри акс ва навор, риояи принсипи бегуноҳӣ, инчунин тарзи пешниҳоди иттилоот аз ҷониби мақомоти давлатӣ то содир шудани ҳукми судро баррасӣ намуданд. Дар асоси парвандаҳои воқеӣ ҳолатҳое муҳокима гардиданд, ки дар онҳо нашри акс ё изҳорот боиси поймол шудани ҳуқуқҳои инсон гардидааст.
Масъалаҳои озодии баён дар интернет, масъулияти пойгоҳҳои интернетӣ, дастрасӣ ба иттилооти оммавӣ, «ҳуқуқ ба фаромӯшӣ» ва маҳдуд намудани дастрасӣ ба захираҳои интернетӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҳамаи бахшҳои омӯзиш иштирокчиён тавассути таҳлили мисолҳо таҷрибаи татбиқи меъёрҳои байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Чорабинӣ аз ҷониби ТҶ "Хома" дар доираи лоиҳаи «Тақвияти стандартҳои ВАО ва ҳуқуқи инсон» бо маблағгузории Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.
