Имрӯз, 3 июл, дар шаҳри Хуҷанд омӯзиши якрӯза дар мавзӯи «Озодии баён дар партави қонунгузории миллӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ» бо иштироки намояндагони ВАО, ҳуқуқшиносон ва кормандони мақомоти судӣ оғоз гардид.
Дар қисмати аввали рӯз тренер Латиф Гусейнов, судяи Суди Аврупо оид ба ҳуқуқҳои инсон, профессор ва доктори илмҳои ҳуқуқ ба иштирокчиён дар бораи асосҳои ҳуқуқии озодии баён ва методологияи Суди Аврупо оид ба ҳуқуқҳои инсон ҳангоми баррасии парвандаҳои марбут ба озодии баён маълумот ироа кард. Аз ҷумла, масъалаҳои муайян намудани мавҷудияти дахолат ба ҳуқуқ, қонуният, ҳадафи қонунӣ, инчунин зарурат ва мутаносиб будани маҳдудиятҳо баррасӣ мегарданд.
Қисмат омӯзиш ба ҳифзи ҳаёти хусусии гумонбаршудагон ва айбдоршавандагон бахшида шудааст. Ҳамчунин мавзӯи мувозинати байни озодии баён ва ҳуқуқ ба ҳаёти хусусӣ ва ҳифзи обрӯ муҳокима хоҳад гардид. Коршинос меъёрҳои Суди Аврупо оид ба ҳуқуқҳои инсонро вобаста ба манфиати ҷамъиятӣ, саҳеҳии иттилоот, шакл ва муҳтавои нашр, инчунин фарқияти байни далел ва андешаро шарҳ медиҳад.
Масъалаҳои озодии баён дар интернет, масъулияти платформаҳои онлайнӣ ва корбарон, ҳуқуқ ба дастрасӣ ба иттилооти оммавӣ ва «ҳуқуқ ба фаромӯшӣ» мавриди омӯзиш қарор мегирад.
Чорабинӣ аз ҷониби ТҶ «Хома» дар бо маблағгузории Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар омӯзиш намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҳуқуқшиносон, кормандони мақомоти судӣ, прокуратура ва мақомоти корҳои дохилӣ аз вилояти Суғд иштирок доранд.
