Рӯзҳои 6-7 майи соли равон дар шаҳри Душанбе омӯзиши дурӯза дар мавзӯи «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии ВАО ва заминаҳои ҳуқуқӣ барои ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ» баргузор гардид. Чорабинӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар омӯзиш рӯзноманигорон, намояндагони хадамоти матбуотии мақомоти давлатӣ, кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти судӣ ҷалб шуда буданд. Ҳадафи асосии он тақвияти донишҳои ҳуқуқии намояндагони ВАО ва беҳтар намудани ҳамкории онҳо бо сохторҳои давлатӣ дар самти дастрасӣ ба иттилоот ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон арзёбӣ мешавад.
Тибқи барнома, дар рӯзи аввал масъалаҳои марбут ба асосҳои ҳуқуқии фаъолияти воситаҳои ахбори омма, меъёрҳои байналмилалии озодии баён ва ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён ҳамчунин доир ба ҳуқуқи рӯзноманигорон ҳангоми ҷамъоварӣ ва паҳн намудани иттилоот, ӯҳдадориҳои мақомоти давлатӣ дар пешниҳоди иттилооти оммавӣ табодули назар карданд.
Суҳайлӣ Қодирӣ, намояндаи Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон масъалаҳои марбут ба дастрасӣ ба иттилоот ҳамчун ҳуқуқи инсон, рушди ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии кишварро шарҳ дод. Ҳамчунин бобати саҳми воситаҳои ахбори омма дар ҳифзи ҳуқуқи инсон ва татбиқи сиёсати давлатӣ ишора кард.
Рӯзи дуюми омӯзиш ба масъалаҳои амалии ҳуқуқӣ, омӯзиши кейсҳо ва муколама байни намояндагони ВАО ва мақомоти давлатӣ бахшида шудааст. Аз ҷумла, мавзӯъҳои ҳуқуқи муаллиф, маҳдудиятҳо дар паҳн намудани иттилоот, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои нақзи ҳуқуқ ба иттилоот, инчунин таҷрибаи судӣ вобаста ба парвандаҳои марбут ба ВАО муҳокима шуданд.
Дар ҷараёни семинар иштирокчиён ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, машқҳои амалӣ ва таҳлили ҳолатҳои воқеиро анҷом доданд.
Омӯзиши мазкур дар доираи лоиҳаи #Acted “ТАШКИЛОТҲОИ ҶАМЪИЯТИИ ШАҲРВАНДӢ БАРОИ ДАСТГИРИИ ИДОРАКУНӢ: Тавонбахши ба хадамоти матбуоти мақомотҳои давлатӣ, расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳимоят аз тавсеаи фазои расонаӣ дар Тоҷикистон - тавассути муколамаҳо, беҳтарсозии маҳорату малакаҳои рақамӣ ва дастрасӣ ба иттилоот” бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо (EuropeanUnion in Tajikistan) ва бо ҳаммаблағгузории Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон (Swiss Cooperation -Tajikistan) дар доираи лоиҳаи “Тақвияти стандартҳои ВАО ва ҳуқуқи инсон” баргузор мегардад.
https://youtube.com/shorts/Ic_XeKp9HI0?feature=share
