Рӯзҳои 13–14 майи соли 2026 дар шаҳри Бохтар омӯзиши дурӯза дар мавзӯи «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии ВАО ва заминаҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ» баргузор шуд.
Чорабинӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид.
Дар омӯзиш рӯзноманигорон, намояндагони хадамоти матбуотӣ, мақомоти судӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар намояндагони мақомоти давлатӣ иштирок карданд. Ҳадафи асосии омӯзиш баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии намояндагони ВАО ва тақвияти ҳамкории онҳо бо мақомоти давлатӣ дар самти дастрасӣ ба иттилоот ва ҳифзи ҳуқуқи инсон мебошад.
Дар рӯзи аввал иштирокчиён масъалаҳои марбут ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти ВАО, меъёрҳои байналмилалии озодии баён ва ҳуқуқ ба дастрасӣ ба иттилоотро баррасӣ карданд. Ҳамчунин мавзӯъҳои ҳуқуқ ба тасвир, ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ, инчунин монеъ шудан ба фаъолияти рӯзноманигорон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Бахши алоҳидаи омӯзиш ба ҳуқуқи муаллиф бахшида шуда, намояндаи Вазорати фарҳанг масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқи муаллиф, объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҷавобгарӣ барои асардӯзиро шарҳ дод.
Дар рӯзи дуюм намояндагони Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар бораи дастрасӣ ба иттилоот ҳамчун ҳуқуқи инсон, рушди ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд.
Ҳамчунин намояндаи Прокуратураи генералӣ масъалаҳои муҳити ҳуқуқии фаъолияти мақомоти назоратӣ, маҳдудиятҳо дар паҳн намудани иттилоот, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои нақзи ҳуқуқ ба иттилоот ва амалияи оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятиро шарҳ дод.
Намояндаи Суди Олӣ бошад, доир ба нақши мақомоти судӣ дар баррасии парвандаҳои марбут ба ВАО, таҷрибаи судӣ оид ба дастрасӣ ба иттилоот, ҳифзи шаъну шараф ва истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ суҳбат намуд.
Дар ҷараёни семинар иштирокчиён ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, машқҳои амалӣ ва таҳлили ҳолатҳои воқеиро анҷом доданд. Ба гуфтаи ташкилкунандагон, чунин омӯзишҳо барои рушди саводи ҳуқуқии рӯзноманигорон ва таҳкими муколама байни расонаҳо ва мақомоти давлатӣ аҳамияти муҳим доранд.
Омӯзиши мазкур дар доираи лоиҳаи #Acted “ТАШКИЛОТҲОИ ҶАМЪИЯТИИ ШАҲРВАНДӢ БАРОИ ДАСТГИРИИ ИДОРАКУНӢ: Тавонбахши ба хадамоти матбуоти мақомотҳои давлатӣ, расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳимоят аз тавсеаи фазои расонаӣ дар Тоҷикистон - тавассути муколамаҳо, беҳтарсозии маҳорату малакаҳои рақамӣ ва дастрасӣ ба иттилоот” бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо (EuropeanUnion in Tajikistan) ва бо ҳаммаблағгузории Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон (Swiss Cooperation -Tajikistan) дар доираи лоиҳаи “Тақвияти стандартҳои ВАО ва ҳуқуқи инсон” баргузор мегардад.
