Рӯзҳои 11–12 июн дар Таълимгоҳи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон омӯзиши дурӯза дар мавзӯи «Санадҳои меъёрии ВАО ва заминаҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ» баргузор гардид.
Чорабинӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Теъдоди иштирокчиён беш аз 35 нафар буд, бо шумули рӯзноманигорон, намояндагони хадамоти матбуотӣ, мақомоти судӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти давлатӣ.
Ҳадафи асосии семинар баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии намояндагони воситаҳои ахбори омма, беҳтар намудани ҳамкорӣ байни расонаҳо ва мақомоти давлатӣ, инчунин мусоидат ба татбиқи ҳуқуқ ба дастрасӣ ба иттилоот буд. Ин мавзӯъҳо дар шароите баррасӣ гардиданд, ки нақши расонаҳо дар таъмини шаффофият ва огоҳии ҷомеа рӯз ба рӯз муҳимтар мегардад.
Дар рӯзи аввали омӯзиш иштирокчиён бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти ВАО, меъёрҳои байналмилалии озодии баён ва ҳуқуқ ба дастрасӣ ба иттилоот шинос шуданд. Ҳамчунин масъалаҳои марбут ба ҳуқуқ ба тасвир, ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ, инчунин ҳолатҳои монеъ шудан ба фаъолияти касбии рӯзноманигорон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Яке аз мавзӯъҳои муҳими семинар ҳуқуқи муаллиф буд. Дар ин бахш Шаҳбону Маллавева, сардори Раёсати қонунгузорӣ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ба иштирокчиён дар бораи объектҳои ҳуқуқи муаллиф, роҳҳои ҳифзи онҳо ва ҷавобгарӣ барои асардӯзӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Дар рӯзи дуюми семинар намояндаи Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон масъалаҳои дастрасӣ ба иттилоот ҳамчун ҳуқуқи бунёдии инсон, фаъолияти ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистонро баррасӣ кард. Иштирокчиён ҳамчунин бо таҷрибаҳои беҳтарини татбиқи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот шинос шуданд.
Сафарзода Саид Шариф, намояндаи Прокуратураи генералӣ, дар бораи муҳити ҳуқуқии фаъолияти мақомоти назоратӣ, маҳдудиятҳои қонунӣ ҳангоми паҳн намудани иттилоот, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои нақзи ҳуқуқ ба иттилоот ва амалияи баррасии чунин ҳолатҳо маълумот дод.
Дар идома Шароф Аланазарзода, судяи Суди Олӣ, мавзӯъҳои вобаста ба таҷрибаи судӣ дар парвандаҳои марбут ба ВАО, ҳифзи шаъну шараф, эътибори корӣ ва истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро шарҳ дод. Ӯ ба иштирокчиён намунаҳои амалии парвандаҳои судиро пешниҳод намуда, аҳамияти риояи меъёрҳои ҳуқуқиро дар фаъолияти журналистӣ таъкид кард.
Ба гуфтаи ташкилкунандагон, семинар танҳо бо маърӯзаҳо маҳдуд нашуд. Иштирокчиён ба гурӯҳҳо ҷудо гардида, ҳолатҳои воқеиро таҳлил карданд, машқҳои амалӣ анҷом доданд ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқии марбут ба фаъолияти расонаҳоро муҳокима намуданд. Ин усули омӯзиш ба онҳо имкон дод, ки донишҳои назариявиро дар мисолҳои амалӣ татбиқ намоянд.
Ҳуқуқшиноси ТҶ "Хома" Ранжет Ятимов таъкид намуд, ки баланд бардоштани саводи ҳуқуқии рӯзноманигорон ва кормандони хадамоти матбуотӣ барои рушди фазои иттилоотии озод ва масъул аҳамияти калидӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, чунин омӯзишҳо барои таҳкими муколама байни расонаҳо ва мақомоти давлатӣ, беҳтар шудани дастрасӣ ба иттилоот ва ҳифзи ҳуқуқи инсон мусоидат мекунанд.
Ба андешаи иштирокчиён, семинар барои дарки беҳтари қонунгузории ВАО, ҳуқуқи инсон ва механизмҳои ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба рушди фаъолияти касбии онҳо мусоидат хоҳад кард.
Омӯзиши мазкур дар доираи лоиҳаи #Acted “ТАШКИЛОТҲОИ ҶАМЪИЯТИИ ШАҲРВАНДӢ БАРОИ ДАСТГИРИИ ИДОРАКУНӢ: Тавонбахши ба хадамоти матбуоти мақомотҳои давлатӣ, расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳимоят аз тавсеаи фазои расонаӣ дар Тоҷикистон - тавассути муколамаҳо, беҳтарсозии маҳорату малакаҳои рақамӣ ва дастрасӣ ба иттилоот” бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо (EuropeanUnion in Tajikistan) ва бо ҳаммаблағгузории Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон (Swiss Cooperation -Tajikistan) дар доираи лоиҳаи “Тақвияти стандартҳои ВАО ва ҳуқуқи инсон” баргузор мегардад.
